Тифлеро, ки зери садои тиру туфанг ба дунё омад, Сулҳия ном гузоштанд. ВИДЕО

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Видеоро дар инҷо бинед

Тифлеро, ки шаби 16-уми сентябр, ҳангоми даргирӣ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон, дар Чашмасори Чоркӯҳ ба дунё оад, Сулҳия ном гузоштаанд. Ба хотире, ки дигар ҷанг такрор нашавад.

Шероз Ҷамолов, тағои Сулҳия, рӯзи 26-уми сентябр гуфт, "ҳамон шаб хоҳарам занг зад. Рӯшноии мошинро хомӯш карда, ҷонамро дар хатар гузоштаму омадам. На барқ буд на ҳеч чиз. Ба рӯшноии чароғи телефон таваллуд шуд. Бо миномёту гранатомёт мезаданд."

Хонаводаи Сулҳия мегӯянд, он шаб дар таҳхона пинҳон шуданд ва умед доштанд, ки тирандозӣ бас мешавад, вале то рӯзи 17-уми сентябр идома кард. Он рӯз на ҳар кас имкони аз деҳа берун шудан дошт.

Муноқишаи рӯзи 14-17-уми сентябр дар сарҳади Тоҷикистон бо Қирғизистон риштаи умри даҳҳо нафарро бурид.

Дар миёни садои мотам аз хонаводаҳои қурбониён гиряи Сулҳия умед ба зиндагиро дар ин хонавода бештар кардааст.

ИНЧУНИН, БИХОНЕД:

Душанбе аз "қатъи муноқиша" хабар дод, Тошиев аз "бардоштан"-и 8 посгоҳНоми 83 қурбонии низои 14-17 сентябр дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон"Пас, таҷовузгар кист?" Вазири тоҷик дар СММ ба раиси ҷумҳури Қирғизистон ҷавоб гуфтАҳмадҷон 3 сол умр дид. Хурдсолтарин қурбонии даргириҳои марзӣ чӣ гуна кушта шуд? ВИДЕОБумеранг. Расонаҳои Тоҷикистон ва Қирғизистон дар бозтоби ҳодисаҳои марзӣАз сангу чӯб то танку дрон. Низоъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон аз нигоҳи коршиносонПрезидент Раҳмон дар бораи марз паёме надод, таъзия баён накард, чаро?"Ҳамсояҳо якбора ғайб заданд." Дар Шӯробу Чилгазӣ чӣ гузашт? ВИДЕОЧаро дар Тоҷикистон рӯзи мотами миллӣ эълон нашуд? ВИДЕО"Гуфта буд, то ду ҳафта бармегардад." Дафни марзбони тоҷик, ки дар сарҳад кушта шуд. ВИДЕО