Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, дар даргириҳои 14-17-уми сентябри имсол 41 кас кушта шуд, вале ба ҷуз иштироки раҳбарони баъзе аз ноҳияҳо дар маросими дафни сарбозон, қароре дар мавриди онҳо эълон нашуд.
Дар Қирғизистон, ки ба гуфтаи мақомоташ дар муноқиша дар марз бо Тоҷикистон 59 кас ҷон бохтааст, 19-уми сентябр рӯзи мотами миллӣ баргузор шуд. Баъзе аз раҳбарони баландпояи он кишвар аз волидони сарбозони кушташуда маъзарат хостанд.
Дар ҳамин ҳол, гуруҳе аз фаъолон ва намояндагони ҳизбҳо аз ҳукумати Тоҷикистон хостаанд, ки 20-уми сентябр ва ё ҳар вақти дигарро рӯзи мотами миллӣ эълон бикунад, то аз мардуму сарбозони кушташуда қадрдонӣ шавад.
Саидҷаъфар Усмонзода, раиси Ҳизби демократ ва узви порлумони Тоҷикистон, онро арҷгузорӣ аз онҳое донист, ки “ҳангоми дифои марз кушта шудаанд”.
“Ҳар сарбоз ё шаҳрванд дар зери ҳимояи Конститутсияи Тоҷикистон аст. Онҳо бар асари ҳуҷуми аҳдшиканонаи ҷониби Қирғизистон ҷон додаанд. Ин афрод дарак надоштанд, ки ҳамла мешавад. Дар ин ҳолат бояд ҳукумат 20-уми сентябрро рӯзи мотами миллӣ эълон кунад. Мо бояд нисбати гузаштагон ва рӯҳи онҳо эҳтироми хос дошта бошем”, -- шарҳ дод ӯ.
Ин дар ҳолест, ки корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ ҳар рӯз дар бораи дафни сарбозони кушташудаи тоҷик дар марз хабар медиҳанду мақомот ва телевизионҳои давлатии Тоҷикистон сукут ихтиёр кардаанд.
Тоҷикистон дар гузашта низ бо вуҷуди талафот дар даргириҳои марзӣ рӯзи мотами миллӣ эълон накарда буд.
Ин ақида низ садо медиҳад, ки “эълони мотами миллӣ нишонаи сустӣ хоҳад буд” ва шояд ба ин сабаб мақомот онро қабул надоранд.
Видеоро дар инҷо бинед:
Иддае дигар пешниҳод доранд, ки бояд дар сатҳи болои ҳукумат ба оилаи қурбониёни даргирӣ дар марзи Тоҷикистон ва Қирғизистон ба таври расмӣ изҳори ҳамдардӣ карда шавад.
Ба қавли онҳо, дар сурати таваҷҷуҳ накардан ба қурбониёни даргирии марзӣ, хонаводаҳои онҳо ва ҳамчунин ҷавонон дилсард хоҳанд шуд.
Абдуқодири Рустам, рӯзноманигору нависандаи тоҷик, аз ҷонибдорони эълони рӯзи мотами миллӣ дар Тоҷикистон аст.
Ӯ гуфт: “Сарони кишвар масъули шаҳрвандони Тоҷикистон ҳастанд. Вақте онҳо ба таври оммавӣ кушта мешаванд, ҳатман изҳори таслият кунанд. Ё рӯзи мотами миллӣ эълон шавад, то шаҳрвандони зиндамонадаи Тоҷикистон бинанд, ки онҳо дар назди ҳукуматашон қадре ва арзише доранд.”
Тоҷикистон ва Қирғизистон 970-980 километр сарҳад доранд, аммо қисме аз онро таъийну нишонагузорӣ накардаанд. Баҳси тақсими обу чарогоҳ ва замин дар хати номуайяни марз солҳои охир боиси даргириҳои сахту хунбор шудааст.
Даргирии охир рӯзҳои 14-17-уми сентябр ва ба қавли мақомоти Тоҷикистону Қирғизистон “дар тамоми хати марз” сурат гирифт.
Ду тараф якдигарро ба шурӯи ҷанҷол ва таҷовузи мусаллаҳона гунаҳкор карданду дар нишастҳои алоҳида осори даргириро ба намояндагони созмону кишварҳои хориҷӣ дар Душанбеву Бишкек намоиш доданд.
Гуфтугӯ