Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Гуфта буд, то ду ҳафта бармегардад." Дафни марзбони тоҷик, ки дар сарҳад кушта шуд. ВИДЕО


Давлатбӣ Умарова мегӯяд, бо наберааш се рӯз пеш аз даргирии марзӣ суҳбат карда буд
Давлатбӣ Умарова мегӯяд, бо наберааш се рӯз пеш аз даргирии марзӣ суҳбат карда буд

Як марзбони 23-солаи тоҷикро, ки рӯзи 14-уми сентябр, ҳангоми даргирӣ дар сарҳади кишвар бо Қирғизистон кушта шуд, дар зодгоҳаш, ноҳияи Восеи вилояти Хатлон, дафн карданд. Пайвандонаш гуфтанд, Сафаралии Ҳасан 23-сола буд ва бояд то ду ҳафтаи дигар хидматро дар артиш ба поён мерасонд. Мақомот мегӯянд, дар даргирии рӯзи чаҳоршанбе ду марзбон кушта ва 11 кас маҷруҳ шуданд. Ҷониби Қирғизистон аз захмӣ шудани ду марзбон ва се фарди мулкӣ хабар дод.

“Ният дошт, баъди хидмат аз пайи арӯсӣ мешавад”

Сафаралии Ҳасанро аз панҷсолагӣ, баъди ҷудо шудани падару модар, бибияш Давлатбӣ Умарова, калон кардааст. Дар ин рӯз аз ҳама бештар ӯ ғамгин буд ва сахт мегирист.

“Се рӯз пеш телефонӣ гап зада будем. Ба ман гуфт, ки пас аз ду ҳафта бармегардад ва дар фикри арӯсӣ мешавад,” – нақл кард Давлатбӣ Умарова рӯзи 15-уми сентябр.

Сафарлии Ҳасан
Сафарлии Ҳасан

Наздикон мегӯянд, Сафаралии Ҳасан соли гузашта Донишгоҳи давлатии шаҳри Бохтарро хатм кард ва бар асоси даъватномаи мақомот ба хидмати ҳарбӣ рафт.

Падараш гуфт, баргаштани ӯро аз артиш бесаброна мунтазир буданд, аммо ба ҷойи он “тобуташ расиду ғаму андуҳи зиёде овард”. Ҳасан Давлатовро шоми 14-уми сентябр хабардор кардаанд, ки фарзандаш дар марз кушта шуд.

“Чанд рӯз пеш бо ман ҳам телефонӣ гап зада буд. Аҳволпурсӣ кард ва гуфт, атаҷон, даҳ рӯзи дигар мондаасту хидмат ба поён мерасад, иншоаллоҳ, вале хабари кушта шуданаш расид,” – ба ёд овард ӯ.

Ба нақли падар, “тир аз тарафи рост ба бадани Сафаралӣ расида, аз пушт баромадааст”. Маълум нест, чаро сарбоз ҷавшан ё бронжилет надоштааст.

Даргирӣ пайи даргирӣ

Даргирии рӯзи 14-уми сентябр дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон рух дода, дар он ду сарҳадбони тоҷик – Сафаралии Ҳасан ва Аслан Менеқулов – кушта, 11 нафари дигар маҷруҳ шудаанд.

Ҷанҷол 16-уми сентябр дубора авҷ гирифт. Мақомоти Тоҷикистон нагуфтанд, ки дар даргирии рӯзи ҷумъа чанд кас захмӣ ё кушта шуд. Ҷониби Қирғизистон дар бораи захмӣ шудани беш аз чиҳил кас хабар дод.

Видеоро дар инҷо бинед:

Як қурбонии ҷанҷоли марзиро дар Тоҷикистон дафн карданд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:18 0:00

Ду тараф ба мисли гузашта якдигарро ба сар задани муноқиша ва, ҳамин тавр, истифодаи силоҳҳои сангин гунаҳкор карданд, вале пас аз гузашти соатҳо задухӯрд дубора ба оташбас розӣ шуданд. Оташбасе, ки дар гузашта низ ба он даст ёфта буданд, вале маълум нест, чӣ қадар давом хоҳад кард.

Ҷанги марзӣ байни Тоҷикистону Қирғизистон солҳо боз бар сари тақсими замину обу чарогоҳ рӯй медиҳад. Ду кишвари собиқи Шӯравӣ ва болооби Осиёи Марказӣ 970-980 километр сарҳад доранд ва бахше аз онро муайяну нишонагузорӣ накардаанд.

Қитъаҳои баҳсӣ асосан байни ноҳияҳои Исфараву Бобоҷон Ғафурови Тоҷикистон ва вилояти Бодканди Қирғизистон мондааст.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG