"Дубора тирпаррониро оғоз карданд." Баёнияҳои ба ҳам зидди Душанбеву Бишкек баъди оташбас

Мақомоти Тоҷикистон шоми 16-уми сентябр ҷониби Қирғизистонро гунаҳкор карданд, ки "баъди якуним соати" эълони оташбас "дубора тирпаррониро оғоз кардааст".

Хадамоти марзбонии Қирғизистон, баръакс, иддао дорад, ки "сарҳадбонҳои тоҷик дубора ба мавқеи низомиён дар Кулунду ва Ҷани-Ҷери ноҳияи Лайлаки вилояти Бодканд ҳамла карданд".

Нерӯҳои марзбонии КДАМ-и Тоҷикистон дар баёянияе гуфт, "ҷониби Қирғизистон ба минтақаҳои Овчи-Қалъачаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, Ворух ва Чоркӯҳи шаҳри Исфара аз силоҳҳои гурӯҳӣ ва техникаҳои ҳарбӣ тирпаррониро дубора оғоз намуд."

Манбаъ мегӯяд, "тарафи Қирғизистон қувва ва воситаҳои иловагии низомиро аз маркази ноҳияи Боткени ҶҚ ба минтақаҳои наздисарҳадӣ интиқол дода истодааст."

"Қирғизистон бо истифода аз чархболҳои ҳарбӣ ва ҳавопаймоҳои бесарнишин хонаҳои шаҳрвандон ва иншооти мулкии Тоҷикистонро мавриди ҳамла қарор медиҳад," – омадааст дар баёнияи Нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон.

Мақомоти Қирғизистон дар изҳороте гуфтанд, ки дар Бодканд истифодаи дастгоҳи мушакии РСЗО (MLRS)-ро аз ҷониби Тоҷикистон сабт карданд. "Хадамоти сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон барои пурра бас шудани тирпарронӣ ва коҳиши шиддати авзоъ тамоми чораҳоро меандешад," – гуфтаанд мақомоти Қирғизистон.

Ин дар ҳолест, ки ҳамагӣ чанд соат пеш ду тараф оташбас эълон карданд.

Задухӯрди нав дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон субҳи 16-уми сентябр ва баъди ду рӯзи тирпарронӣ байни Бодканду Исфара сар зад. Дар он ҳодиса ду марзбони тоҷик кушта ва аз ҳарду ҷониб чандин нафар захмӣ шуданд.

Ҷониби Қирғизистон мегӯяд, дар даргирии рӯзи ҷумъа беш аз 50 нафар захмӣ шуданд. Тарафи Тоҷикистон рӯзи 16-уми сентябр ҳеч оморе надод. Қаблан оҷонсии "Рейтерс" дар бораи кушта шудани як нафар дар Исфара навишт.

Ҷанҷол бар сари қитъаҳои номуайяни сарҳад аст, ки Тоҷикистону Қирғизистон худро соҳиби он мешуморанд, вале ба созиш намерасанд.

ИНЧУНИН, БИХОНЕД:

Раҳмон ва Ҷабборов дар Самарқанд вазъи марзро баррасӣ кардаанд. ВИДЕО"Гуфта буд, то ду ҳафта бармегардад." Дафни марзбони тоҷик, ки дар сарҳад кушта шуд. ВИДЕОРусия аз Душанбеву Бишкек хост, аз "иғвои тарафи севум" пешгирӣ кунанд"Ҷонибҳо розӣ шуданд, ки оташбас шавад." Музокирот дар марзДар сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон чӣ мегузарад? Лаҳза ба лаҳзаЗадухӯрд дар сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон. Reuters: Як кас дар Исфара кушта шуд. Бишкек аз 59 захмӣ гуфтТеъдоди кушташудагону маҷруҳон дар марзи Тоҷикистон ба 13 нафар расидааст. ВИДЕО