Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Задухӯрд дар сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон. Reuters: Як кас дар Исфара кушта шуд. Бишкек аз 59 захмӣ гуфт


Осори муноқиша. Чоркӯҳ, рӯзи 14-уми сентябр
Осори муноқиша. Чоркӯҳ, рӯзи 14-уми сентябр

Субҳи 16-уми сентябр дар сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон дигарбора муноқиша сар задааст. Нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон гуфтанд, ҳамларо аввал сарҳадбонони Қирғизистон оғоз карданд. Бишкек мегӯяд, низомиёни тоҷик буданд, ки ба чанд дидбонгоҳи марзии ин кишвар ҳамла бурданд.

Манобеи огоҳ гуфтанд, то соати 10 тирпарронӣ дар чанд минтақаи марзии Тоҷикистон бо Қирғизистон идома дорад. Хабаргузории "Рейтерс" аз кушта шудани як сокини Исфара хабар дод. "Азия-Плюс" навишт, ки як марзбони дигари тоҷик ба ҳалокат расидааст. Мақомоти Тоҷикистон дар бораи маҷруҳон ва ҳалокшудагон ба таври расмӣ чизе нагуфтанд. Ҷониби Қирғизистон аз захмӣ шудани 59 низомӣ ва шахсони мулкӣ хабар дод.

Кадом тараф оташбасро риоя намекунад?

Мақомоти Тоҷикистону Қирғизистон дар изҳоротҳои алоҳида якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам карданд.

Дафтари матбуоти Нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон рӯли 16-уми сентябр гуфт, "аз тарафи Тоҷикистон ду маротиба, соати 06:30 ва 07:30, иқдоми якҷонибаи оташбас амалӣ шуд. Роҳандозии гуфтушунид пешниҳод гардид, аммо хизматчиёни Ҷумҳурии Қирғизистон ин пешниҳодҳоро нодида гирифтанд ва аз ҳама намуди силоҳҳои инфиродӣ, гурӯҳӣ ва техникаи ҳарбӣ нуқтаҳои аҳолинишини Тоҷикистонро зери оташи шадид қарор доданд."

Хабаргузории расмии Қирғизистон, "Кабар", навиштааст, "сарфи назар аз созиш дар бораи қатъи тирпарронӣ, тарафи Тоҷикистон оташкушоиро идома медиҳад."

Мақомоти Тоҷикистону Қирғизистон ҳамдигарро ба ҳамла ба аҳолии мулкӣ муттаҳам мекунанд.

Нотаи Қирғизистон ба Тоҷикистон

Вазорати корҳои хориҷии Қирғизистон хабар дод, ки ба сафири Тоҷикистон дар Бишкек нотаи эътирозӣ супорид. Дар баёнияи Вазорати корҳои хориҷии Қирғизистон омадааст, ин кишвар ба "амалҳои ғайриқонунӣ ва тахрибкоронаи ҷониби Тоҷикистон" эътироз кардааст.

Дар ҳамин ҳол, вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистону Қирғизистон субҳи 16-уми сентябр гуфтугӯ кардаанд. Вазорати корҳои хориҷии Қирғизистон гуфт, Сироҷиддин Муҳриддин ва Жээнбек Кулубоев дар бораи ҳалли вазъи пешомада дар марзи ду кишвар суҳбат намуданд. Ба навиштаи расонаҳои Қирғизистон, Қамчибек Тошиев, раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон бо ҳамтои тоҷикаш Саймумин Ятимов гуфтугӯ дорад.

Муноқиша аз куҷо сар шуд?

Чанд сокини ҷамоати Чоркӯҳ ба Радиои Озодӣ гуфтанд, соати 5:30 садои тирпарронӣ баланд шуд. "Аз чаҳор тараф бо силоҳҳои вазнин ҳамла карда истодаанд. Асосан ба хонаҳои одамон ва дохили маҳалла," -- гуфт як мусоҳиби мо дар Исфара.

Яке аз сокинони ҷамоати Чоркӯҳ муноқишаи имрӯзро мустақим дар Фейсбук пахш кард. Дар навор садои тирпарронӣ баръало шунида мешавад ва сокинон ба ҳар тараф мегурезанд. Дар навор садои истифодаи силоҳҳои вазнин шунида мешавад.

Хабаргузории "Ховар" ба нақл аз Маркази матбуоти нерӯҳои сарҳадии Тоҷикистон навишт, ки "16-уми сентябри соли 2022, тахминан соати 04:50-и субҳ, сарҳадбонони дидбонгоҳи "Коктош"-и Ҷумҳурии Қирғизистон аҳдшиканона бо истифода аз силоҳҳои вазнин дидбонгоҳи "Душанбе"-ро дар Исфара гулӯлаборон карданд. Ҳамзамон, хизматчиёни низомии Қирғизистон бо истифода аз силоҳҳои вазнин деҳаҳои аҳолинишини Хоҷаи Аъло, Қуммазор, Сурх, Сомониён, Кулканди шаҳри Исфара, Хистеварз ва Овчи-Қалъачаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуровро мавриди ҳамлаи мусаллаҳона қарор доданд."

Хадамоти марзбонии Қирғизистон бо пахши изҳорот, гуфт, низомиёни тоҷик "тақрибан соати 06:00 дастаҳои сарҳадӣ ва мавқеъҳои ҷониби Қирғизистонро дар мавзеъҳои Эки-Тош, Чир-Добо, Кум-Мазор ва Ортобуз тирборон кардааст." Дар идома гуфта шудааст, "соати 06:30 ҷониби Тоҷикистон аз миномёт дар минтақаи зери назари дидбонгоҳи сарҳадии "Кӯктош"-и отряди сарҳадии Бодканд шурӯъ кард. Соати 7:15 низомиёни тоҷик ба тирборони посгоҳи марзии Самарқандак, воқеъ дар мавзеи Паски-Арики вилояти Бодканд шурӯъ карданд."

Мақомоти Қирғизистон гуфтанд, сокинони минтақаҳои наздимарзиро ба ҷойи амн мекӯчонанд.

Рӯзи 14-уми сентябр дар марзи Тоҷикистон бо Қирғизистон чанд соат тирпарронӣ рух дод. Дар ин ҳодиса аз тарафи Тоҷикистон ду марзбон кушта ва 11 нафар маҷруҳ шуд. Қирғизистон аз захмӣ шудани ду сарҳадбон ва 3 сокини мулкӣ хабар дод. Ҳарду тараф якдигарро дар сар задани ин муноқиша айбдор карданд.

Тоҷикистону Қирғизистон 970 километр марзи муштарак доранд, ки бахше аз он муайяну нишонагузорӣ нашудааст. Миёни сокинони минтақаҳои марзӣ ҳар чанд вақт бар сари замину чарогоҳ ва об ҷанҷол сар мезанад.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG