Баъд аз cоатҳо задухӯрд дар марз, мақомоти Тоҷикистону Қирғизистон ба музокирот пардохтаанд.
Дафтари матбуоти ҳукумати Суғд пас аз зуҳри 16-уми сентябр дар хабарномае гуфт, музокирот дар дидбонгоҳи гумрукии "Равод" дар сарҳади Тоҷикистону Узбекистон ҷараён гирифт.
Ба гуфтаи манбаъ, ҳайати Тоҷикистонро Саймумин Ятимов, раиси Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ва ҳайати Қирғизистонро раиси КДАМ-и он кишвар Қамчибек Тошиев роҳбарӣ мекунанд.
Дар музокироти ду кишвар вазирони корҳои дохилӣ ва раисони вилояти Суғди Тоҷикистон ва Бодканди Қирғизистон низ ширкат доштаанд.
Дар бораи ҷузъиёти музокирот чизе гуфта нашудааст. Дар хабари расмии ҳукумати Суғд танҳо омадааст, "зимни гуфтушунид ҷонибҳо ба зарурати эълони оташбас изҳори назар намуданд. Ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки оташбас эълон карда шавад", аммо маълум нест, оташбас кай. Бахши қирғизии Радиои Озодӣ навишт, ки қарор шуд имрӯз, соати 4-и бегоҳ ба вақти маҳаллӣ, ҳама гуна амалиёти ҳарбии ду ҷониб боздошта шавад.
Муноқишаи нав дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон субҳи 16-уми сентябр оғоз шуд. Ҳарду кишвар ҳамдигарро сабабгори ҷанҷол медонанд. Тоҷикистон дар бораи захмиён ва ё кушташудаҳо оморе надодааст. Ҷониби Қирғизистон мегӯяд, дар ҷараёни даргирӣ беш аз 40 нафар захмӣ шуданд.
Аз ин пеш, 14-уми сентябр, дар марзи Тоҷикистон бо Қирғизистон чанд соат тирпарронӣ рух дод. Дар ин ҳодиса аз тарафи Тоҷикистон ду марзбон кушта ва 11 нафар маҷруҳ шуд. Қирғизистон аз захмӣ шудани ду сарҳадбон ва 3 нафари мулкӣ хабар дод. Ҳарду тараф якдигарро дар сар задани ин муноқиша айбдор карданд.
Тоҷикистону Қирғизистон 970 километр марзи муштарак доранд, ки бахше аз он муайяну нишонагузорӣ нашудааст. Миёни сокинони минтақаҳои марзӣ ҳар чанд вақт бар сари замину чарогоҳ ва об ҷанҷол сар мезанад.
Гуфтугӯ