Чин додугирифти молро бо Тоҷикистон (содироту воридот) дар шаш моҳи аввали имсол 1 миллиарду 170 миллион доллар ҳисоб кардааст. Мақомоти Тоҷикистон гардиши молро бо ҳамсояи шарқии худ 670 миллион доллар мегӯянд. Ба ин тартиб, дар ним сол ним миллиард доллар "гум" шудааст. Чӣ гуна?
"Асл дигар, санад дигар"
Фарқи калон дар омори Тоҷикистону Чин дар гузашта низ расонаӣ шуда, мақомот онро ба гуногунии тарзи ҳисоб пайванд додаанд. Баъзе аз коршиносон ҷавобро боварбахш намедонанд. Дар ҳоле ки ба гуфтаи онҳо, ин фарқият асосан ба молҳои воридотӣ аз Чин ба Тоҷикистон рабт доранд.
- Идораи гумруки Чин мегӯяд, аз моҳи январ то июли имсол ба Тоҷикистон ба маблағи 943 миллион доллар мол содирот кард. Омори Тоҷикистон ин рақамро 447 миллион доллар нишон медиҳад;
- Мақомоти гумруки Тоҷикистон содироти молро ба Чин 222 миллион доллар мегӯянд. Идораи гумруки Чин моли воридшударо аз Тоҷикистон 227 миллион доллар гуфтааст.
Як корманди баландпояи собиқи гумрук дар Тоҷикистон мегӯяд, қисме аз ин фарқият ба сохтакории санадҳо рабт дорад. "Агар моли нисбатан гаронарзиш ворид шавад, дар ҳуҷҷатҳо ба намуди нисбатан арзони мол, барои мисол масолеҳи сохтмонӣ ё чизи дигар, иваз мекунанд. Молиёти он ба маротиб кам мешавад," – шарҳ дод ӯ.
Намояндагони расмии Хадамоти гумруки Тоҷикистон ҳамвора сохтакориро дар гузаргоҳҳо рад кардаанд, ҳарчанд фасод дар ин бахш ошкоро дар сатҳи расмӣ эътироф ва танқид шудааст.
Қаблан раисҷумҳури Тоҷикистон сохтакории баъзе аз мансабдорони тоҷикро танзомез "нанотехнологияи тоҷикӣ" номида буд, ки бо вуҷуди насби дастгоҳҳои муосир дар гузаргоҳҳои сарҳадӣ роҳи қочоқро меёбанд. Аз ҷумла, зикр шуда буд, ки бо рақамҳои давлатии як мошин чанд худравро мегузаронанд ё навъу арзиши гумрукии молро поин мебаранд.
Дар Тоҷикистон ҳоло ислоҳоти гумрук, аз ҷумла ҷорӣ кардани системаи "Равзанаи ягона", идома дорад, аммо ба қавли коршиносон ба сустӣ пеш меравад.
"Ду тараф манфиатдоранд"
ИНЧУНИН, БИХОНЕД: Чаро президент аз фасоду дуздӣ гуфт, вале бо "гум шав" ҳамаро "афв" кард? ВИДЕОКоршинос Амони Асрор мегӯяд, дар сохтакории санадҳо дар гузаргоҳҳои гумрукӣ ҳам масъули ниҳоди давлатӣ ва ҳам соҳибкор манфиатдоранд, чун яке даромад мегирад ва дигаре хароҷоташро кам мекунад.
Ба қавли ӯ, "Тоҷикистон асосан аз Чин мол мехарад ва содироташ ночиз аст. Бинобар он, ки воридот аз Чин зиёд асту аз он боҷ ва андоз бояд ситонида шавад, тоҷирону ширкатҳо бо баъзе масъулони гумрук забон як карда, нархи воқеии молҳоро дар санадҳо кам нишон медиҳанд, то инки боҷ ва андози камтар супоранд."
Ҳамсуҳбати мо мегӯяд, дар сурати риояи расмиёту пардохти пурраи молиёт, давлат танҳо аз ҳисоби ним миллиарди "гумшуда" дар шакли андозу пардохтҳои гумрукӣ метавонист, беш аз сад миллион доллар даромад гирад. "Ин маблағ кофӣ мебуд, ба нафақагирон дар Тоҷикистон, ки феълан 761 ҳазор нафаранд, ҳар моҳе наздик ба 300 сомонӣ иловапулӣ диҳанд," – гуфт ҳамсуҳбати мо.
Чанд омиле, ки омор баҳсӣ мешавад
Аммо коршинос Амони Асрор мегӯяд, на ҳамаи ин фарқияте, ки ҳоло дар омор аст (500 миллион доллар дар ним сол) натиҷаи ришвахӯрӣ ва чашмпӯшии нозирони гумрук аст. Ӯ чанд омили дигарро номбар кард:
- "Тоҷикистон чандин ширкатро аз супурдани андозу боҷи гумрукӣ ҳангоми овардани мол озод кардааст. Қисми зиёде аз ин молҳо аз Чин меоянд. Чин дар омораш онро сабт мекунад ва як сабаби ба вуҷуд омадани фарқият мешавад;
- Қисме аз ин молҳо тавассути Тоҷикистон ба кишварҳои дигар мераванд. Ин ҳам дар омори Чин мемонад."
Дар умум, Тоҷикистон ба Чин ҳудуди даҳ номгӯй молу маҳсулот содирот кардааст, ки беш аз 99 дарсадаш тилою маъдани дорои консентрати металҳои гаронбаҳо мебошад, содирот кардааст. Рӯйхати молҳои воридотӣ аз Чин зиёда аз се ҳазор номгӯйи маҳсулотро дар бар мегирад.
Чин солҳои охир ба яке аз сармоягузорони бузурги иқтисоди Тоҷикистон табдил шудааст. Соли гузашта сатҳи гардиши тиҷорати хориҷии ду кишвар аз марзи 1,5 миллиард доллар гузашта буд. Бахши асосии қарзии хориҷии Тоҷикистон низ аз Чин аст.
Намояндагони созмонҳои мухолифон пайваста ҳукумати Тоҷикистонро барои вобастагии шадид аз Чин танқид мекунанд, вале мақомот мегӯянд, дар муносибат бо кишварҳо "ҳадди" худро медонанд.