Наздикони Далери Имомалӣ, блогери боздоштшуда, мегӯянд, дар боздоштгоҳ саломатиаш хуб нест ва аз нафастангӣ шикоят дорад.
Шодигул Бобиева, модари Далери Имомалӣ гуфт, охирон бор рӯзи 28-уми июл, дар рӯзи зодрӯзаш, бо писараш дар Боздоштгоҳ дидор дошт ва эҳсос мешуд, ки ӯ саломатии хуб надорад. “Далер сахт дилтанг буд. Гуфт, ки нафастанг шудааст. Аз ман пурсид, ки чаро муфаттиш ба наздаш намеояд,”—гуфт, модари Далер.
Ин зан барои писараш рӯзи гузашта ба Боздоштгоҳ дору бурдааст. Ӯ гуфт, хабар надоранд, ки тафтиши парвандаи ӯ кай ба охир мерасад.
Зайтуна Иноятова, ҳамсари Далер, гуфт, рӯзи 14-уми август барои мулоқот бо шавҳараш ба назди вакили мудофеъ рафтааст, вале азбаски санадҳо омода набуданд, натавонист, вориди боздоштгоҳ шавад. Ӯ гуфт, ки барои Далер адвокати дуюм гирифтаанд, вале ду ҳафта шуд, аз вазъи саломатиаш ҳеч хабаре надоранд.
Далери Имомалӣ, аз ҷумлаи се журналисти тоҷик аст, ки моҳи июн бо иттиҳоми расонидани хабари дурӯғ ва насупурдани андоз боздошт шуд. Ҳамкори ӯ, Абдуллоҳи Ғурбатиро мақомот дар ибтидо барои итоат накардан ба корманди пулис боздошт карданд, вале баъдан эълон карданд, ки ӯ узви Ҳизби мамнуи наҳзати исломӣ аст. Наздикони Абдуллоҳ гуфтанд, ки рӯзи 15-уми август бо ӯ бояд мулоқот кунанд, вале дигар шарҳ надоданд, ки мулоқот анҷом шуд ё на. Онҳо ба бегуноҳии ӯ ва ҳамроҳонаш бовар доранд.
Созмонҳои хабарнигорӣ боздошти чор журналистро “таъқиби ҳукумат барои танқид” номиданд ва айбҳои эълоншуда нисбати онҳоро беасос донистанд.
Пайвандони Абудусаттор Пирмуҳаммадзода, журналисти дигари боздоштшуда гуфтанд, ки ҳар рӯз барояш ғизо мебаранд, вале хеле шуд, мулоқот накардаанд.
Абдукарим Пирмуҳаммадзода, бародари Абдусаттор, аз Русия ба Радиои Озодӣ гуфт, аз ҷараёни тафтишоти парвандаи ӯ ҳеҷ хабаре надоранд.
“Барояш ғизо мебаранд, вале беш аз як моҳ мешавад, бо ӯ пайвандонамон мулоқот накардаанд ва аз ҳолаш хабар надоранд. Вакили мудофеъ аз ҷараёни тафтишот ҳарфе намезанад,”—гуфт ӯ.
Кушишҳои мо барои суҳбат бо пайвандони Завқибек Саидаминӣ, рузноманигор ва блогери дигари боздоштшуда натиҷае надод.
Мақомоти тафтишотӣ низ ҳозир нашуданд, ба суолҳо посух диҳанд ва вакилони мудофеъи онҳо низ аз суҳбат худдорӣ карданд.
Абдуллоҳ Ғурбатӣ ва Далери Имомалӣ, ки моҳҳои охир барои Ютуб гузориш омода мекарданд, рӯзи 15-уми июн аз тарафи маъмурони Додситонии ноҳияи Шоҳмансури Душанбе боздошт шуданд.
Саидаминӣ ва Пирмуҳаммадзода солҳои охир дар пайванд ба масъалаҳои иҷтимоӣ ва “ҳассос” назарашонро мегуфтанд.
Боздошти онҳо танқидҳои зиёди созмонҳои ҳомии ҳуқуқро ба миён овард, вале мақомот ба ҳақ будани худ пофишорӣ доранд.
Дар Тоҷикистон дар се моҳи охир ҳафт блогеру рӯзноманигор дастгир шудаанд. Чандин хабарнигори дигар мегӯянд, зери фишор ҳастанд, аз ҷумла телефону компютери онҳо мусодира гаштааст ва худашон ҳушдор гирифтаанд.
Созмонҳои байнулмилалии ҳомии ҳуқуқ ва кишварҳои ғарбӣ борҳо аз ҳукумати Тоҷикистон хостаанд, таъқиб ва таҳдиду фишор ба хабарнигоронро бас кунад. Мақомот посухе надодаанд.
ИНЧУНИН, БИХОНЕД:
"Идибек Латипов". Номи нав дар парвандаи Далери Имомалӣ ва Абдуллоҳ Ғурбатӣ. ВИДЕО"Гузоришгарони Бидуни Марз" парвандаи чор хабарнигорро "қалбакӣ" хондАз ҳукумат хостанд, "Далеру Абдуллоҳ ва Завқибеку Абдусатторро озод кунед" ВИДЕО, САДО"Ман бе навор қабул мекунам." Шикояти раиси Шоҳмансур ба зидди Далери Имомалӣ. ВИДЕО, САДОЭълони иттиҳоми нав ба зидди Абдуллоҳ Ғурбатӣ. ҲНИТ рад кардДодситон гуфт, "Далери Имомалӣ 96 ҳазор сомонӣ қарздор аст"Вазири тоҷик латту кӯби хабарнигор аз ҷониби писарашро шарҳ надодCPJ аз ҳукумат хост, Саидаминӣ ва Пирмуҳаммадзодаро раҳо кунад