Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Гузоришгарони Бидуни Марз" парвандаи чор хабарнигорро "қалбакӣ" хонд


Абдусаттор Пирмуҳаммадзода, Далери Имомалӣ, Абдуллоҳ Ғурбатӣ ва Завқибек Саидаминӣ
Абдусаттор Пирмуҳаммадзода, Далери Имомалӣ, Абдуллоҳ Ғурбатӣ ва Завқибек Саидаминӣ

Созмони "Гузоришгарони Бидуни Марз" (Reporters Without Borders) боздошти хабарнигорони тоҷик бо гумони пайвандӣ бо созмонҳои ифротгароро маҳкум кардааст. Ин созмон боздошти онҳоро усуле барои "тарсондани журналистон" номидааст.

Рӯзи 27 – уми июл бо нашри баёнияе ин созмон иттиҳоми 4 хабарнигор, Абдусаттор Пирмуҳаммадзода, Завқибек Саидаминӣ, Далери Имомалӣ ва Абдуллоҳ Ғурбатиро қалбакӣ хонда, раҳоии онҳоро талаб кардааст.

Жана Кавела, раҳбари бахши Осиёи марказии Созмони "Гузоришгарони Бидуни Марз" гуфтааст, Тоҷикистон бояд ба боздошти хабарнигороне, ки камбудиҳоро ошкор мекунанд, хотима диҳад. Созмон аз афзоиши таъқибу фишор болои журналистон дар Тоҷикистон нигаронӣ карда, гуфтааст, "бо ҳадафи бастани даҳони хабарнигорон онҳоро бо иттиҳоми бардурӯғ боздошт мекунанд."

Чор хабарнигори фаъоли тоҷик давоми моҳи июн ва июл боздошт шуданд ва мақомот онҳоро ба иттиҳоми гуногун, аз ҷумла ҳамкорӣ бо созмонҳои мамнӯъ, айбдор кардааст. Наздиконашон ин иттиҳомро “сохтаву бофта” медонанд.

XS
SM
MD
LG