Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вазири тоҷик латту кӯби хабарнигор аз ҷониби писарашро шарҳ надод


Музаффар Ашуриён, вазири адлияи Тоҷикистон
Музаффар Ашуриён, вазири адлияи Тоҷикистон

Музаффар Ашуриён, вазири адлияи Тоҷикистон, посухи дақиқ надод, ки оё писараш дар лату куби рӯзноманигори боздоштшуда Далери Имомалӣ даст дорад ё не.

Далери Имомалӣ, журналисти шинохтаи тоҷик, рӯзи 4-уми июн гуфта буд, ки ҳангоми бозпурсӣ дар Додситонии ноҳияи Шоҳмансур ӯро латту кӯб кардаанд. Баъдан, журналистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ навиштанд, ки ба ӯ писари вазири адлия, муфаттиши додситонӣ, мушт задааст.

Хабарнигорон дар ин бора рӯзи 15-уми июл зимни як нишасти хабарӣ дар Душанбе аз Ашуриён суол карданд. Ӯ дар посух ба ин савол, ки сару садоҳо дар мавриди он ки писаратон дар Додситонии ноҳияи Шоҳмансур кор мекунад ва ҳангоми бозпурсӣ Далер Имомалиро латтукӯб кардааст, то куҷо асос дорад, тасдиқ ё рад накард. Вазири адлия аз хабарнигорон хост, ин пурсишро дар мақомоти прокуратура ба миён гузоранд, зеро посухаш аз салоҳияти ӯ берун аст. "Ин масъалаи тафтишот аст. Тафтишоте, ки мақомоти прокуратура бурда истодааст. Ин саволро метавонед аз мақомоти прокуратура пурсед. Чизе, ки ба вазорати адлия дахл дорад, ҳамонро аз мо пурсед."--афзуд, Музаффар Ашуриён.

Далери Имомалӣ ва Абдуллоҳи Ғурбатӣ, ки дар Ютуб аз мушкилоти сокинон гузориш нашр мекарданд, рӯзи 15-уми июн боздошт шуданд. Далерро ба "расонидани хабари дурӯғ", "соҳибкории ғайриқонунӣ" ва Абдуллоҳро "ба ҳамла ба корманди милиса" айбдор кардаанд. Наздикон ва хабарнигорон ин иттиҳомро беасос медонанд.

XS
SM
MD
LG