Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Ман бе навор қабул мекунам." Шикояти раиси Шоҳмансур ба зидди Далери Имомалӣ. ВИДЕО, САДО


Билол Иброҳим, раиси ноҳияи Шоҳмансури Душанбе
Билол Иброҳим, раиси ноҳияи Шоҳмансури Душанбе

Ҳукумати ноҳияи Шоҳмансур дар Душанбе ба зидди Далери Имомалӣ, рӯзноманигори боздоштшудаи тоҷик, ба Додситонӣ шикоят кардааст. Раиси ноҳия, Билол Иброҳим, рӯзи 20-уми июл ӯро ба бозтоби, ба гуфтааш, нодурусти тахриби хонаҳо ва монеъ шудан ба кори намояндагони ҳукумат муттаҳам донист.

Далери Имомалиро рӯзи 4-уми июн бозпурсӣ карда, ба гуфтааш, чанд шаппотиву мушт заданд ва 15-уми июн дастгиру ба ду моҳ ҳабсӣ пешакӣ гирифтанд. Ӯро бар асоси се банди қонуни ҷиноӣ гумонбар медонанд, аммо худашу наздиконаш бахши асосии иттиҳомотро рад карда, созмонҳои байнулмилалӣ озодияшро хостаанд.

Баҳси хонаҳо

Далери Имомалӣ
Далери Имомалӣ

Мушкили Далери Имомалӣ бо масъулони ҳукумати Шоҳмансур моҳи июн ва баъди гузорише дар бораи тахриби хонаҳо ва сипас талоши наворгирӣ дар рӯзи қабули раиси ноҳия сар шуд. Дар ҳоле ки мақомот мегӯянд, сокинон ғайриқонунӣ хона сохтаанд ва бояд замин ба ҳолати пешина баргардонда шавад, мардум мегӯянд, бе огоҳӣ сарпаноҳашон ба хок яксон карда шуд.

Билол Иброҳим, раиси ноҳияи Шоҳмансур, рӯзи 20-уми июл дар нишасти матбуотӣ иддао кард, ки Далери Имомалӣ “масъаларо дуруст наомӯхта, дар мавриди ғайриқонунӣ будани манзилҳо чизе нагуфт”.

"Вақте замин ғасб ва бо девор иҳота карда шудааст, онро хона ва дар дохилаш кӯдакҳою дигару дигарро нишон дод," – гуфт ӯ. Билол Иброҳим афзуд, рӯзноманигор “ба кори хидматчиёни давлатӣ монеа шудааст”, аммо дақиқ нагуфт, чӣ мушкил пеш оварда.

Далери Имомалӣ дар наворҳояш гуфта буд, бо даъвати сокинон ба пеши онҳо рафт ва ҳамзамон назари намояндагони ҳукумату ниҳодҳои интизомӣ, бахусус маъмурони додситониро пурсид, вале онҳо нахостанд, гап зананд.

Видеоро дар инҷо бинед:

"Ман бе навор қабул мекунам." Шикояти раиси Шоҳмансур ба зидди Далери Имомалӣ
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:08 0:00

Дар қабулгоҳ нагузоштанд, ки...

Баъдан Далери Имомалӣ кӯшиш кард, рӯзи шанбе, 4-уми июн, дар рӯзи қабули раиси ноҳияи Шоҳмансур ба бинои ҳукумат дарояд ва ин масъаларо бипурсад, аммо дар даромадгоҳ монеаш шуданд. Дар барномаи “Қабулгоҳ”-и ӯ дар Ютуб дида мешавад, масъулон талош кардаанд, Далери Имомалӣ ҳамроҳи коршарикаш, рӯзноманигор Абдуллоҳ Ғурбатӣ, наворбардориро бас кунад.

Билол Иброҳим, раиси ноҳияи Шоҳмансур, дар посух ба ин суол, ки чаро нагузошт, Далери Имомалӣ ҷараёни қабули корафтодаҳоро ба навор гирад, гуфт, "ман бе навор қабул мекунам".

"Ҳар кадоме аз Шумо омада навор мегиред қабули маро? Ба навор гирифтан ҳам як тартиб дорад, иҷозат гирифтан даркор. Мо омода будем, ӯро қабул кунем. Ҳамон соат, ҳамон дақиқа, қабули ман идома дошт. Шахси мутассаддӣ омада гуфт, ки ҳамин хел. Гуфтам, марҳамат, бе наворгирӣ омода ҳастам, қабул кунам," – афзуд ӯ.

Шикояти раиси Шоҳмансур зидди Далери Имомалӣ
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:00:54 0:00
Линки мустақим

Баъзе аз ҳуқуқдонҳо мегӯянд, барои ба навор гирифтани ҷараёни қабули раисони ноҳия қонунгузории кишвар маҳдудияте пешбинӣ накардааст. Нуриддин Қаршибоев, раиси Анҷумани миллии расонаҳои мустақили Тоҷикистон, рӯзи 20-уми июл гуфт, "Далери Имомалӣ дар қабулгоҳи раиси ноҳияи Шоҳмансур ҳеч қонуншиканӣ накардааст".

Нуриддин Қаршибоев
Нуриддин Қаршибоев

"Агар дар қабулгоҳи раис ба вайрон кардани тартиботи ҷамъиятӣ роҳ медод, мувофиқи қонун санад тартиб медоданд ва ба мақомоти дахлдор пешниҳод мекарданд. Ӯ ягон қонуншиканӣ накардааст," -- афзуд Қаршибоев.

Далери Имомалӣ қаблан аз қабулгоҳи чандин вазирону раисони идораҳои давлатӣ дар Тоҷикистон навор гирифта, ба ҷуз аз Хадамоти алоқа, бо мушкиле дучор нашуда буд. Раиси ноҳияи Шоҳмансур батакрор мегӯяд, Далери Имомалӣ бояд пештар бо дафтари матбуоти ҳукумати Душанбе мувофиқа мекард.

Боздошти рӯзноманигорону блогерон

Далери Имомалӣ ҳамроҳ бо Абдуллоҳ Ғурбатӣ рӯзи 15-уми июни имсол боздошт шуданд. Дастгир шудани онҳо, ки бештар дар бораи мушкилоти мардум барнома таҳия мекарданд, вокунишҳои зиёдро ба миён овард.

Мақомот дар Тоҷикистон дар се моҳи охир 7 рӯзноманигор ва блогерро дастгир кардаанд.

Боздошти Улфатхонум Мамадшоева, Хушом Гулом, Муҳаммад Султон, Абдуллоҳ Ғурбатӣ, Далери Имомалӣ, Завқибек Саидаминӣ ва Абдусаттор Пирмуҳаммадзода нигаронии созмонҳои ҳомии ҳуқуқи башарро ба миён овард. Мақомот то кунун даъватҳоро барои озодии рӯзноманигорон нодида гирифтаанд.

XS
SM
MD
LG