Сафир Ағбар: "Толибон як гуруҳи парокандаанд. Пойбанди ҳеч қонуне нестанд". ВИДЕО

Рӯзи 15-уми август аз суқути давлати Афғонистон ва ғасби ҳокимият аз ҷониби Толибон як сол мегузарад. Дар ин муддат вазъи сиёсию иҷтимоӣ ва иқтисодии мардуми Афғонистон тағйир ёфт.
Пас аз ба сари қудрат омадани Толибон сафоратҳои он кишвар аз сӯи сафирони қаблӣ раҳбарӣ мешаванд. Ҳукумати Толибон то кунун аз сӯи ҳеҷ кишвари дунё ба расмият шинохта нашудааст ва ин гурӯҳ наметавонад сафирони худро ба хориҷ бифиристад. Аз ҷумла сафоратхонаи ҳукумати пешини Афғонистон дар Душанбе. Радиои Озодӣ рузи 12-уми август бо Муҳаммад Заҳир Ағбар сафири ҳукумати пешини Афғонистон дар Тоҷикистон суҳбати ихтисосӣ анҷом дод.

Радиои Озодӣ: Ҷаноби сафир, мавқеи шумо бештар рамзӣ ба назар мерасад ва Толибон сафоратро намояндаи расмии худ намешиносанд. Оё боре бо онҳо дар тамос будед ва агар бале, чӣ мавзуъҳоро баррасӣ кардед?

Муҳаммад Заҳир Ағбар: Ман як саломи амиқ ба тамоми мардумони сарзаминам - чӣ дар Афғонистон ва чӣ хориҷ аз он ҳузур доранд, мерасонам. Бахусус ба он сангардороне, ки дар баробари он гуруҳҳои ҷаҳл ва ифротият дар сангарҳои набард меҷанганд. Бахусус ба он хоҳарони қаҳрамоне, ки дар баробари низоми толибонӣ ба муборизаҳои мадании худ идома медиҳанд. Мо набояд Толибонро ба унвони як ҳукумат хитоб кунем. Имрӯз шумо медонед ва ҷаҳониён ҳам медонанд, ки Толибон як гуруҳи терорристӣ ва ифротӣ дар рӯӯхати сиёҳи СММ дар Кобул ҳастанд. Ман барои худ нанг медонам бо касоне, ки хуни ҳазорон инсонҳоро резонданд, бахусус журналистоне, ки дар тули бист сол онҳоро инфиҷор доданд, хонаводаҳое, ки имрӯз фарзандашон маълум нест куҷоянд, неруҳои муссаллаҳе, ки ба хотири мо ҷангиданд ва мо имрӯз биёему бо Толибон бигуем, ки "ҳукумати шумо ҳақ асту мо ноҳақ ҳастем". Муборизаи мо дар баробари онҳо идома пайдо мекунад, мардуми Афғонистон дар баробари Толибон ба ҳеҷ сурат сари таъзим фуруд намеоранд. Толибонро дунё ба расмият нашиносхтааст ва ҳатто эътирозҳои созмонҳои мухталифи СММ дар қиболи Толибон вуҷуд дорад.

"Танҳо Панҷшер ба Толибон таслим нашуд"

Радиои Озодӣ: Кадом давлатҳо ба шумо ҳамчун сафир муроҷиат мекунанд?

Муҳаммад Заҳир Ағбар: Ҳам бо давлати Тоҷикистон ва соири ниҳодҳои байнулмилалӣ чун гузашта муносибат дорам. Ман дар тамоми маросими милливу байнулмилалии сафоратхонаҳо меҳмон мешавам. Ҳар маросиме, ки мо дар сафорат баргузор мекунем, сафирони муҳтарам ҳузур пайдо мекунанд ва то ба ҳол, ки бо шумо суҳбат мекунам, маро ба унвони намояндаи мардуми Афғонистон мешиносанд.

Радиои Озодӣ: Мунтақидон аз амалкарди суст ва заъифи Ҷабҳаи муқовимати зидди Толибон мегӯянд. Ба назари Шумо нуқтаҳои заъфи муқовимат чист?

Муҳаммад Заҳир Ағбар: Мунтақидон набояд дар як гӯшае, ки нишастанд, бисёр ба соддагӣ интиқод кунанд. Дар тӯли ҳузури бистсолаи НАТО дар Афғонистон неруҳои амниятӣ ва муҷоҳиддини Афғонистон ба ин фикр буданд, ки ба Афғонистон сулҳ ва субот омада ва дигар ҷанге вуҷуд надорад. Мо бо ИМА ва соири кишварҳои дигар қарордодҳое доштем. Вале мутаассифам, ки ин қарордодҳо амалӣ нашуд. Толибон баякбора тавонистанд, ки аксарияти вилоятҳои Афғонистонро бидуни ҷанг тасхир кунанд. Як муомилаи пинҳоние, ки дар ақиби ҷабҳаи ҷанг вуҷуд дошт, аксарияти нерӯҳои моро ғофилгир сохт. Давоми ҳукуматдории Ҳомид Карзай ва Ашраф Ғанӣ теъдоде аз афсару генералҳои ботаҷрибаро ба рухсатӣ фиристоданд ва ба ҷои онҳо афроди дилхоҳи худро, ки таҷрибаи низомӣ надоштанд, оварда гузоштанд. Вақте ки неруҳои ИМА бисёр шитобзада аз Афғонистон берун рафтанд, Толибон тавонистанд 33 вилоятро бидуни ҷанг ва бо ҷанг бигиранд. Ягона вилояте, ки дар баробари Толибон таслим нашуд, ин Панҷшер буд. Панҷшер дар тӯли бист сол ба як дараи туристӣ табдил шуда буд. Он ҷо дигар ҷангу силоҳ вуҷуд надошт. Он ҷо мардум фақат барои хушиҳои худ мерафтанд ва мусобиқаҳои футбол сурат мегирифт. Ҳамаи муҷоҳиддин силоҳи худро гузошта буданд. Вале ҷои таассуф аст, ки Толибон бо амрикоиҳо давоми ду сол музокира карданд, вале ҳозир нашуданд, ки бо ҳамватанони худ ақаллан як ҳафта музокира кунанд. Фарзанди қаҳрамони миллии Афғонистон Аҳмад Масъуд эълон кард, ки "мо ҳозир ҳастем сулҳ кунем. Гуфтугӯи мо танҳо ба хотири дараи Панҷшер нест, он чизеро, ки имрӯз мо мекунем, дифоъ аз як қавму забон нест". Шумо медонед, ки тайёраҳои берунмарзӣ Панҷшерро бомбаборон карданд, вале натавонистанд мардуми онро таслим созанд. Чанд рӯз пеш ҳам тайёраи Толибон дар Панҷшер суқут кард ва пилотҳои он дар асорати муқовиматгарони Афғонистон ҳастанд.

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Сафир Ағбар: "Толибон як гуруҳи парокандаанд. Пойбанди ҳеч қонуне нестанд"

Радиои Озодӣ: Гуфта мешавад, ки Аҳмади Масъуд ва Амруллоҳ Солеҳ дар Тоҷикистон ҳастанд. Оё ин воқеият дорад?

Муҳаммад Заҳир Ағбар: Шумо медонед, ки пас аз фурӯпошии Афғонистон ҳар кас ба ҳар тараф овора шуданд. Ман бо теъдоде аз раҳбарони зиёде дар тамос ҳастам, аз ҷумла бо ин ду бародар, ки равобити бисёр наздику давомдор дорам. Як бор бо Аҳмад Масъуд, ки омада буд, мулоқот доштам, мо бо ҳам суҳбат кардем. Феълан дар Тоҷикистон нестанд.

Радиои Озодӣ: Ашраф Ғанӣ дирӯз гуфт, ки бар асоси Қонуни асосии Афғонистон ӯ президент аст. Ин гуфтаҳои оқои Ғанӣ то кадом андоза ба қонун ҳамхонӣ дорад?

Муҳаммад Заҳир Ағбар: Воқеияти Афғонистон ин аст, ки набояд раҳбарони сиёсӣ бо калимаҳои худ як бори дигар мардуми ин кишварро бо шуури худ тиҷорат кунанд. Агар ман ҷои Ашраф Ғанӣ мебудам, ё худкушӣ мекардам ё кушта шуданро тарҷеҳ медодам. Ва ё дар зиндони Толибон қарор медоштам. Ашраф Ғанӣ худашро ба қавми паштун нисбат надиҳад. Хиёнат ва ҷафое, ки ӯ дар ҳаққи мардуми паштун кард, дар ҳаққи каси дигар накарда буд. Ашраф Ғанӣ пеш аз ҳама раиси мунтахаби Афғонистон набуд, балки дар як тақаллуб сари қудрат омад. Дар ин шакке нест, ки ӯро пазируфтем ва ҳукуматаш идома дошт. Вале ӯ Афғонистонро тарк ва мардумро раҳо кард. Имрӯз зану мард, пиру ҷавон дар мотам нишастаанд. Баъд аз як сол бо кадом иззату ҳурмат ва қиёфа дар баробари расонаҳо зоҳир мешавад, бо кадом ифтихор? Боз мехоҳад масоили қавмиро доман занад ва чунин вонамуд кунад, ки ин як қаҳрамон аст. Ашраф Ғанӣ як хоини миллӣ аст. Ӯ қотили ҳазорҳо ҷавонест, ки кишврашро дифо мекард. Баъд аз як сол бо як расонаи беному нишон, ки худаш ташкил кардаву мусоҳиба медиҳад. Сарпарастии раёсатиҷумҳуриро мутобиқ ба қонуни асосии Афғонистон ҷаноби Амруллоҳ Солеҳро эълон кардем.

10 ҳазор паноҳҷӯи афғонистонӣ дар Тоҷикистон

Радиои Озодӣ: Робитаи сафорат бо афғонҳои муқими Тоҷикистон чӣ гуна аст ва чӣ мушкилот доранд, шумораи дақиқи паноҳандагони афғонистонӣ дар Тоҷикистонро дар даст доред?

Муҳаммад Заҳир Ағбар: Ман дар навбати аввал аз раҳбари давлати Тоҷикистон, бахусус ҷаноби олӣ Эмомалӣ Раҳмон миннатдорӣ мекунам, ки сиёсаташон дар баробари мардуми Афғонистон дар ҳарду муқовимат яксон буд. Воқеан, баъзе ҳамсояҳо бар мо инфиҷору интиҳор мефиристанд, баъзе ҳамсояҳо муҳаббату ҳамкорӣ. Дар Тоҷикистон ҳеҷ афғонистоние худро муҳоҷир фикр намекунад, равобити мо хеле самимиву дӯстона аст, заминаи таҳсилу кор ҳамон тавре, ки ба фарзандони тоҷикистониҳо мусоид аст, барои мо, афғонистониҳо, ҳам фароҳам аст. Теъдоде аз паноҳандагон дар ин ҷо ба шакли турист ҳастанд. Дар ин авохир бештар аз чаҳор ҳазор хонавода ба кишварҳои дигар парвоз карда рафтанд. Ҳоло 10 ҳазор паноҳҷӯи афғон дар Тоҷикистон ҳузур доранд. Мушкили ҷиддӣ надоранд ва сафорати мо ба унвони як Афғонистони кӯчак марбут ба тамоми атбои Афғонистон аст ва ҳеҷ гоҳ ин сафорати аз ҳеҷ гуруҳу қавме набуду нест.

Радиои Озодӣ: Мақомоти тоҷик дар як соли ахир аз бунёди урдугоҳҳо барои муҳоҷирони эҳтимолии афғон дар вилояти Хатлон хабар доданд. Оё Шумо аз ин ҷараён огоҳ ҳастед?

Муҳаммад Заҳир Ағбар: Ман қаблан ҳам бароятон гуфтам, ки дар Тоҷикистон зарурат ба сохтани урдугоҳ барои паноҳҷуёни афғон вуҷуд надорад. Мардум ба ҳадде меҳрубон ҳастанд, ки эҳсос намекунед, ки худашон дар як гӯша ва паноҳҷуёнро дар гӯшаи дигар ҷой диҳанд. Ҳатто онҳое ҳам, ки чанд рӯзе дар хаймаҳо буданд, ба хонаводаҳои пайвандонашон рафтанд.

Радиои Озодӣ: Сари чанд вақт аз тариқи расонаҳо мехонем ва мешунавем, ки Толибон Тоҷикистонро таҳдид мекунанд. Ба назари Шумо ин таҳдидҳо то кадом андоза метавонанд ҷиддӣ бошанд?

Муҳаммад Заҳир Ағбар: Баъзан гуруҳе аз инсонҳо ҳайкали бузурги худро мебинанд ва эҳсос мекунанд ки бисер қавӣ ҳастанд. Бархе аз инсонҳои дигар, вақте овози худро мешунаванд, фикр мекунанд як ҳунарманди хубанд. Толибон пеш аз ҳама як гуруҳи пароканда ҳастанд. Онҳо пойбанди ҳеҷ қонуне нестанд. Дар онҳо на қонуни илоҳӣ ҳоким асту на қонуни маданӣ. Онҳо қонунеро медонанд, ки дар он фақат шаллоқ задан, тир кушодан, занро нагузоштан, ки аз хона берун раванд, дари мактабҳоро бастан... ва ҳамаи ин бадбахтиҳоро тавҷеҳ мекунанд ба номи ислом. Ва дар ин ҳам шакке нест, ки Толибон ба минтақаву дунё хатар ҳастанд. Мо ҳамеша гуфтем ва боз мегӯям, ки ҷанги Афғонистон муқовимати мо дар баробари Толибон, танҳо барои мардуми Афғонистон нест, балки дифоъ аз башарияту инсоният ва адолат аст.

Радиои Озодӣ: Ҳафтаи гузашта Айман Аз-Завоҳирӣ, раҳбари гурӯҳи "Ал-Қоида" кушта шуд. Назари шумо ба ин чӣ аст?

Муҳаммад Заҳир Ағбар: Гурӯҳҳои террористӣ дар ҳимоят аз Толибон ҳастанд. Ҳамеша сухангӯи Толибон ва, ба истилоҳ, вазири корҳои хориҷии онҳо дар ҳоле, ки исмаш дар рӯйхати сиёҳи террористон шомил аст, ба чандин кишварҳо сафар карда, бисёр бо забони ширин суҳбат карданд, ки "мо ҳеҷ гуруҳи Ал-Қоидаву ДОИШ ва дигар гуруҳҳои терорристиро ҳимоят намекунем". Дар ҳоле, ки ҳамаи инҳо аз як мактаб фориғ шудаанд. Афкори ҳамаи онҳо як аст, фақат либосҳояшон фарқ мекунад. ИМА ин тавонро дорад, ки гуруҳҳои террористиро дар дохили Афғонистон ҳам мавриди тир ё ракета қарор медиҳад. Хуб аст, ки ҷаҳониён мутаваҷҷеҳ шуданд ва ин бояд яктарафа набошад. Агар Аз-Завоҳирӣ тероррист буд, ҳар касе, ки ба ӯ ҷой додааст, ӯ ҳам террорист аст. Касоне, ки дар рӯйхати сиёҳи СММ ҳастанд, бояд таъқиб шаванд ва ҷаҳон дар баробари гуруҳҳои террористӣ тасмими муштарак бигиранд. Ҳоло гуруҳҳои террористӣ дар Афғонистон зери ҳимояти Толибон қарор доранд ва бовар дорам, ки ба оҳистагӣ чеҳраҳои сиёҳи онҳо фош мешавад ва мардуми Афғонистон ва ҷаҳон дар баробари онҳо як бори дигар муттаҳҳид мешаванд.

ИНЧУНИН, БИХОНЕД:

Ашраф Ғанӣ: "Тибқи Қонуни асосии Афғонистон ман президентам""Бо номи ҷиҳод занонро куштанд, парчамашонро намебардорам." ВИДЕОСаҳар аз Афғонистон гурехт ва дар Тоҷикистон мактаб хонд. ВИДЕО"Худам ба Амрико гурехтам, ҳамсарам мисли маҳбус дар ватан монд." ВИДЕОҶасади раҳбари “Ал-Қоида” дар Кобул “гум” шудааст?Қатли раҳбари "Ал-Қоида" чӣ паёмад дорад? ВИДЕОТолибон аз сафири Афғонистон дар Душанбе хостаанд, рӯйхат фиристадБа 5,5 ҳазор афғонистонӣ дар Тоҷикистон мақоми гуреза намедиҳанд. Чаро?