Ашраф Ғанӣ, президенти фирории Афғонистон иддао дорад, ки ӯ ҳанӯз раиси ҷумҳури ин кишвар аст. Ӯ тарафҳои мухталифро дар суқути ҳукумати худ гунаҳкор донист. Кобул 15-уми августи соли гузашта пас аз гурехтани Ашраф Ғанӣ ба дасти Толибон афтод.
Ашраф Ғанӣ шаби гузашта дар мусоҳибаи тақрибан 90-дақиқаӣ бо шабакаи ABN иддао кардааст, ки пеш аз он, ки дар моҳи августи соли гузашта Афғонистонро тарк кунад, бар сари низоми "ҷумҳурият" муомила шуда буд. Ӯ дар ин мусоҳиба гуфтааст, "вақте аз тахлия шудани вазорати дифоъ, Сафорати ИМА ва бахшҳое аз Идораи амнияти миллӣ огоҳ шуд", маҷбур шуд Афғонистонро тарк кунад.
Бар асоси гузориши маркази хабарии Радиои Озодӣ, ба навиштаи расонаҳои амрикоӣ ба нақл аз санадҳои нашршуда ва мақомоти амрикоӣ омадааст, ки оқои Ғанӣ пеш аз вуруди Толибон ба шаҳри Кобул, аз Афғонистон фирор карда буд. Толибон гуфтаанд, ки пас аз шунидани хабари берун шудани Ашраф Ғанӣ аз Афғонистон ва дар машварат бо Вашингтон вориди Кобул шудаанд.
Ашраф Ғанӣ дар нахустин мусоҳибаи видеоияш пас аз тарки Афғонистон гуфт, ки пеш аз суқути Кобул ба дасти Толибон, шуморе аз генералҳои бознишастаи амрикоӣ ва гузоришҳои расонаҳо, руҳияи артиши Афғонистонро заъиф карда буданд.
Ӯ ҳамчунин иддао кардааст, ки бар асоси Қонуни Асосии Афғонистон ҳанӯз президенти он кишвар аст. "Ман бар асоси Қонуни Асосӣ раиси ҷумҳур будам ва то вақте, ки мардуми Афғонистон ба таври қонунӣ қудратро ба каси дигар интиқол диҳанд, раиси ҷумҳур ҳастам".
Амруллоҳ Солеҳ, муовини аввали Ашраф Ғанӣ дар ҳафдаҳуми августи соли гузашта дар "Твиттер" худашро сарпарасти раёсати ҷумҳури Афғонистон хонда буд, зеро ба навиштаи ӯ, бар асоси ҳукми Қонуни Асосии Афғонистон, дар сурати ғоиб будан, фирор кардан ва ё марги президент, муовини аввал сарпарасти раёсати ҷумҳурӣ мешавад.
Созмони Милали Муттаҳид 21-уми феврали соли ҷорӣ Ашраф Ғаниро аз феҳристи президентҳо берун кард.
Оқои Ғанӣ, ки пас аз тарки Афғонистон дар Имороти Муттаҳидаи Арабӣ зиндагӣ мекунад, аз Абдуллоҳ Абдуллоҳ, шарикаш дар қудрат ва раиси пешини Шӯрои олии мусолиҳаи миллӣ ва Ҳомид Карзай, раиси ҷумҳури пешин, ки ҳанӯз дар Кобул қарор доранд, шадидан интиқод кард.
Ӯ Абдуллоҳ Абдуллоҳро масъули заъфи низоми ҷумҳурият ва Залмай Халилзод, намояндаи вижаи пешини Амрико барои сулҳи Афғонистонро шахси "бекифоят" хондааст. То ҳанӯз ин чеҳраҳо ба ин суханони Ғанӣ вокуниш нишон надодаанд. Пеш аз ин, Карзай ва Абдуллоҳ аз шеваи берун шудани Ашраф Ғанӣ аз Афғонистон интиқод ва ӯро ба барҳам задани тарҳи интиқоли қудрат муттаҳам карда буданд.
Залмай Халилзод пеш аз пахши нахустин мусоҳибаи видеоии Ашраф Ғанӣ, дар гуфтугӯи вижа бо бахши афғонистонии Радиои Озодӣ гуфт, ки оқои Ғанӣ созиши интиқоли қудратро амалӣ накард.
Дар бахше аз мусоҳибаи худ оқои Ғанӣ дар бораи шеваи ҳукуматдории Толибон суҳбат кардааст. Ӯ гуфтааст, ки Мулло Ҳайбатуллоҳ Охундзода, раҳбари феълии Толибон қудрат ва салоҳияти Мулло Муҳаммад Умар, бунёдгузори гурӯҳи Толибонро надорад. Забеҳуллоҳ Муҷоҳид, сухангӯи ҳукумати Толибон ва Билол Каримӣ, муовинаш то замони таҳияи ин гузориш ба суолҳои Радиои Озодӣ дар мавриди гуфтаҳои Ашраф Ғанӣ посух надоданд.
Пеш аз ин Мулло Абдулғанӣ Бародар, муовини раиси вазирони ҳукумати Толибон гуфта буд, ки Толибон қасди куштани Ашраф Ғаниро надоштанд. Ин дар ҳоле аст, ки Ғанӣ гуфтааст, агар Афғонистонро тарк намекард, бо сарнавишти доктор Наҷибуллоҳ, раиси ҷумҳури пешини Афғонистон рӯбарӯ мешуд. Доктар Наҷибуллоҳ дар замони ҳокимияти нахустини Толибон дар Кобул ба дор овехта шуд.
Ашраф Ғанӣ дар бахше аз ин мусоҳиба гуфт, ки аз муқовимати мусаллаҳона бар зидди Толибон ҳимоят намекунад, аммо ӯ афзуд, ки Толибон дар масири дуруст дар ҳаракат нестанд ва аз Покистон ҷудо нашудаанд.
Пеш аз ин шуморе аз сиёсатмадорон ва мардуми оддӣ гуфтаанд, ки Ашраф Ғанӣ бар хилофи ваъдаҳояш, аз низом дифоъ накард ва пеши роҳи фасод ва худсариҳоро нагирифт.
Рӯзномаи "Wall Street" ахиран гузориш дод, ки мақомҳои ҳукумати пешини Афғонистон ба шумули ёварони Ашраф Ғанӣ дар солҳои ахир, миллионҳо долларро барои хариди хонаҳо дар Дубай ва Амрико харҷ кардаанд. Ин дар ҳоле аст, ки дар ҳоли ҳозир миллионҳо нафар дар дохили Афғонистон бо фақр ва гуруснагӣ рӯбарӯ ҳастанд.
Гуфтугӯ