Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Толибон аз сафири Афғонистон дар Душанбе хостаанд, рӯйхат фиристад


Муҳаммад Заҳир Ағбар
Муҳаммад Заҳир Ағбар

Сафири ҳукумати пешини Афғонистон дар Тоҷикистон мегӯяд, Толибон дар мавриди пардохти маоши дипломатҳо дар Душанбе ба онҳо нома фиристодаанд.

Муҳаммад Заҳир Ағбар 8-уми феврал дар нишасте дар бинои сафорат гуфт, "панҷ рӯз пеш хостанд, листи дипломатҳоро равон бикунем." Ӯ тафсилот надод, аммо чунин бархӯрди Толибонро танқид кард.

"Бо кадом эҳсос ва бо кадом виҷдон чунин мегӯянд? Имрӯз ҳазорон ҷавони мо зери шиканҷаи Толибон қарор доранд. Масунияти мо таъмин нашудааст. Мо биоем дар созиш қарор бигирем, ба хотири ин ки маоши моро бидиҳанд? Толибон ҳанӯз назди мо гурӯҳи террористӣ ҳастанд," – афзуд ӯ.

Толибон фиристода шудани номаро ба сафорат дар Душанбе шарҳ надодаанд. Вале онҳо дар охири соли 2021 иддао карданд, ки ҳудуди 786 ҳазор доллар "саҳван" ба ҳисоби бонкии сафорати Афғонистон дар Тоҷикистон интиқол ёфтааст.

Баъди ба сари қудрат омадани Толибон дар Афғонистон дар моҳи августи соли 2021, намояндагиҳои расмии ин кишвар дар хориҷа ба мушкили молӣ гирифтор шуданд, аммо кори худро бас накарданд.

Сафири ҳукумати пешини Афғонистон дар Тоҷикистон борҳо Толибонро мавриди интиқод қарор дода, аз ҷомеаи ҷаҳонӣ хостааст, ҳукумати онҳоро ба расмият нашиносанд. Толибон талош доранд, муносибати худро бо кишварҳои дуру наздик беҳтар кунанд, то барои ба расмият шинохта шудани онҳо қадаме бардошта шавад.

XS
SM
MD
LG