Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷасади раҳбари “Ал-Қоида” дар Кобул “гум” шудааст?


Айман Аз-Завоҳириро дар маркази Кобул тариқи ҳавопаймои бесарнишин куштаанд.
Айман Аз-Завоҳириро дар маркази Кобул тариқи ҳавопаймои бесарнишин куштаанд.

Мақомоти ҳукумати Толибон дар Афғонистон мегӯянд, дар макони ҳамлаи Амрико ҷасади Айман Аз-Завоҳириро пайдо накардаанд.

Мақомоти амрикоӣ рӯзи 31-уми июл эълон карданд, ки Айман Аз-Завоҳириро дар маркази Кобул тариқи ҳавопаймои бесарнишинӣ куштаанд. Дар аввал Толибон ин хабарро комилан рад карданд, вале ҳоло мегӯянд, намедонистанд, ки раҳбари “Ал-Қоида” чӣ тавр ба Кобул омадааст.

Забеҳуллоҳ Муҷоҳид, сухангӯи ҳукумати Толибон, ба Радиои Озодӣ гуфт, ки таҳқиқи ин ҳодиса то ҳол идома дорад, вале аз он хонае, ки Амрико зарба зада буд, ҳеҷ ҷасаде пайдо накардаанд.

Ӯ гуфт, ҳавопаймои бесарнишинӣ амрикоӣ бо силоҳе ҳамла кардааст, ки ҳама чизро нобуд мекунад.

Ҷомеаи ҷаҳонӣ Толибонро барои паноҳгоҳ додан ба террористон айбдор мекунанд.

Асадулло Надим, хабарнигори таҳқиқгар мегӯяд, Толибон дурӯғ мегӯянд, ки ҷасадро пайдо накардаанд. Ӯ гуфт, дар аввал онҳо мегуфтанд, ки Аз-Завоҳирӣ дар Афғонистон нест, ҳоло мегӯянд, ҷасадашро наёфтаанд. Ба гуфтаи ӯ, Толибон бо дурӯғ мехоҳанд, ҷомеаи ҷаҳониро фиреб диҳанд.

Толибон дар ҳоле чунин гуфтанд, ки Гулбуддин Ҳикматёр, раҳбари Ҳизби исломӣ, рӯзи ҷумъаи гузашта гуфт, бояд маълум кард, ки кӣ Аз-Завоҳириро ба Кобул овардааст. Ӯ гуфт, Амрико дар 20 сол натавонист ӯро бикушад, вале чӣ тавр Айман ба Кобул омад ва кӣ ӯро ба амрикоиҳо фурӯхт, бояд Толибон дақиқ кунанд.

Ҳикматёр гуфт, кишваре, ки дар дохили хоки Афғонистон ҳамла анҷом медиҳад, душман аст.

Соле пеш, Толибон ва ИМА дар Қатар созишнома имзо карда буданд ва як шарташ ин буд, ки ин гурӯҳ ба террористон бояд паноҳгоҳ надиҳад. Ҳоло аксари кишварҳо ба ин назаранд, ки Толибон ба чашми онҳо хок мепошад ва дурӯғ мегӯянд.

XS
SM
MD
LG