Додгоҳи вилояти Мӯхтори Кӯҳистони Бадахшон се сокини шаҳри Хоруғро бо иттиҳоми даст доштан дар қатли раҳбари КДАМ дар ин вилоят, ба ҳабси абад маҳкум кардааст.
Додгоҳ Ғуломалӣ Айёмбеков, писари Толиб Айёмбеков, Хайримамад Дӯстмамадов ва Аслан Гулобов, сокинони шаҳри Хоруғро дар даст доштан дар қатли Абдулло Назаров, раиси КДАМ дар Бадахшон, дар соли 2012 муҷрим шинохтааст.
Ду манбаъ дар Хоруғ ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки додгоҳ ҳукмро рӯзи 5-уми август содир кардааст ва ҳарсеи онҳо бо чор моддаи Кодекси ҷиноӣ, “куштори одам”, ғайриқонунӣ нигоҳ доштани силоҳ”, “гаравгонгирӣ” ва “авбошӣ” айбдор дониста шудаанд. Мақомоти расмӣ дар бораи ин мурофиа хабар надодаанд.
Додгоҳ дар бораи ҷинояте ҳукм баровард, ки даҳ сол пеш, 21 июли соли 2012, рух дода, сабаби як амалиёти ҳарбӣ дар маркази Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон шуд.
Додгоҳи олии Тоҷикистон 9 сол пеш Оқил Айёмбеков, Ҳамза Муродов, ронандаи Толиб Айёмбеков, аз фармондеҳони пешини мухолифон дар Бадахшонро дар куштори генерал Абдулло Назаров, собиқ раиси Кумитаи амнияти миллии ин вилоят гунаҳкор дониста, онҳоро ба 17 ва 16 соли ҳабс дар зиндони низомаш сангин ва ҳам мусодираи амвол маҳкум кард.
Худи Толиб Аёмбеков борҳо дар матбуот даст доштанаш дар куштори Абдулло Назаровро рад карда буд. Ӯро рӯзи 11-уми июни соли равон мақомот ҳамроҳ бо Шанбиев Мунаввар ва Гулобов Ниёзшо, ки аз сарони гуруҳҳои ҷиноӣ номида шудаанд, ба ҳабс гирифтаанд. Иттиҳоми онҳо ҳанӯз эълон нашудааст.
Дар моҳи май ва июн мақомот дар пайи як амалиёти низомӣ садҳо нафар аз сокинони вилояти Бадахшонро боздошт карданд. Боздоштҳо пас аз он оғоз шуд, ки рӯзи 16-уми май сокинони Хоруғ барои адолатхоҳӣ эътироз карданд ва сокинони ноҳияи Рӯшон роҳи корвони низомиро, ки барои пахши тазоҳурот мерафт, бастанд. Мақомот эълон карданд, ки эътирозгарон ба кормандони ниҳодҳои интизомӣ ҳамла кардаанд. Сокинон инро дурӯғ медонанд. Дар амалиёти мақомот наздик ба 40 нафар кушта шуд. Мақомот онҳоро узви “гурӯҳи ҷиноятӣ” медонанд, вале сокинон мегӯянд, онҳо гуноҳе надоштанд.
ИНЧУНИН, БИХОНЕД:
Халифае, ки дар Хоруғ ҷанозаи Маҳмадбоқирро хонд, зиндонӣ шудБародари Алим Шерзамонов ба 18 сол зиндон маҳкум шудХоруғ, 24 июли соли 2012. Ёди ҷонбохтагон, занҷираи воқеаҳо ва силсилаи номҳоПарвандаи Холбаш Холбашовро ба Додгоҳи олӣ супурданд. ВИДЕО"Ба бозпурсӣ бурданд, аммо ҷасадашро доданд." Ба Абдураҳим Гулобов чӣ шуд?18-солӣ. Ҳукми ду узви "Комиссияи 44" аз Бадахшон паси дарҳои баста. ВИДЕОМотам, андӯҳ ва умед. Гузориш аз дохили Рӯшону Хоруғ баъди ҳодисаҳои хунин. ВИДЕО, АКС