Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Ба бозпурсӣ бурданд, аммо ҷасадашро доданд." Ба Абдураҳим Гулобов чӣ шуд?


Даромадгоҳи шаҳри Хоруғ
Даромадгоҳи шаҳри Хоруғ

Масъулони Раёсати корҳои дохилӣ дар шаҳри Хоруғ ҷасади як сокини ноҳияи Роштқалъаи ВМКБ-ро, ки рӯзи 6-уми июл ба бозпурсӣ даъват шуда буд, ба наздиконаш супурдаанд.

Пайвандони Абдураҳим Гулобови 68-сола гуфтанд, ӯ ба пинҳон доштани туфанги шикорӣ гумонбар буд, "ҳарчанд онро надошт". Мақомоти интизомӣ сабаби маргашро шарҳ намедиҳанд, аммо дар гузашта чунин мавридҳоро ба сактаи дилу муътодӣ ё кӯшиши гурехтани гумонбарон рабт додаанд.

Абдураҳим Гулобов рӯзи 7-уми июл дафн шудааст. Яке аз наздиконаш дар суҳбати хаттӣ ба Радиои Озодӣ рӯзи 8-уми июл гуфт, ҳангоми қабули ҷасад чанд бор аз мақомот пурсиданд, ки ба Абдураҳим Гулобов чӣ рӯй дод, вале дар посух шунидаанд, ки "ба хабарнигорон гап назанед, овоза накунед".

"Ҳамин тавр, рӯшан нашуд, ки дар вақти бозпурсӣ чӣ иттифоқ уфтодааст. Абдураҳим Гулобов сиҳату саломат буд ва ҳеч шикояте надошт," – гуфт ҳамсуҳбати мо, ки ба далоили амниятӣ нахост номаш зикр шавад.

Вай ҳамзамон афзуд, Муталиб, писари Абдураҳим Гулобов, низ ба иттиҳоми пинҳон доштани туфанги шикорӣ ба бозпурсӣ даъват шуда, барои гӯру чӯби падараш танҳо ду рӯз ба хона баргаштааст.

Вилояти Бадахшон дар моҳи майи имсол шоҳиди тазоҳуроти мардуми норозӣ ва амалиёти ба гуфтаи мақомот зиддитеррористӣ буд. Дар натиҷа, ба иттилои расмӣ, 16 кас кушта ва беш аз 200 нафар дастгир шудаанд. Сокинон омори қурбониёнро бештар аз ин мегӯянд.

Чанд сокини ноҳияи Роштқалъа ва шаҳри Хоруғи ВМКБ шикоят карданд, ки бо вуҷуди эълони расмӣ дар бораи поёни амалиёт, ҳанӯз таъқибу боздошти сокинон дар минтақа ҷараён дорад. Мақомот дар ин бора шарҳе намедиҳанд.

Мавридҳои "марг дар боздоштгоҳ"

Дар гузашта чанд гумонбар баъди боздошт аз сӯи маъмурони милиса ва Оҷонси мубориза бо қочоқи маводи мухаддир дар Тоҷикистон ҷон бохта буданд. Наздикони онҳо аз шиканҷа шикоят кардаанд, аммо мақомот аз сактаи дилу муътодӣ гуфтаанд.

Аз ҷумла, соли 2018 наздикони Абдурасул Назаров, сокини шаҳри Кӯлоб, гуфта буданд, ҷасади ӯро баъд аз як рӯзи боздошт аз тарафи маъмурони милиса бо осори латукӯб аз бемористони Қарияи Болои Душанбе гирифтанд. Мақомот далели шиканҷа шудани ӯро рад карда, гуфтанд, Назаров аз сактаи қалбӣ даргузашт.

Баҳромиддин Шодиеви 28-сола, ки соли 2011 бо гумони дуздӣ аз тарафи кормандони Шуъбаи корҳои дохилии ноҳияи Шоҳмансур боздошт шуда буд, бо ҷароҳатҳои вазнин ба беморхона интиқол ёфт ва баъди 10 рӯз ҷон дод.

Волидони Шамсиддин Зайдуллоев соли 2015 иддао карданд, ки ӯ бар асари латукӯби маъмурони Оҷонси мубориза бо маводи мухаддир фавтидааст. Мақомот гуфтанд, ӯро муътодӣ ё "ломка"-и маводи мухаддир кушт.

Умар Бобоҷонов, сокини шаҳри Ваҳдат, охири моҳи августи соли 2015 аз ҷониби мақомоти интизомӣ дастгир шуда, пас аз як ҳафта дар шифохона даргузашт. Пайвандонаш гуфтанд, кормандони пулис ӯро барои гуё риш доштан задаанд. Баъзе аз маъмурони милиса гуфта буданд, Умар Бобоҷонов дар ҳолати мастӣ буд ва ба ҷӯйбори бетонӣ афтода, аз ҳуш рафт.

Шиканҷаву бадрафторӣ нисбат ба маҳбусону гумонбарон дар боздоштгоҳҳо ва зиндонҳо мавзӯест, ки дар гузориши созмонҳои маҳалливу байнулмилалии ҳомии ҳуқуқи башар ҳамвора мояи танқидҳо аз мақомоти Тоҷикистон мешавад.

Мақомот вуҷуди бадрафториро инкор намекунанд, вале мегӯянд, сухан дар бораи мавридҳои алоҳида меравад, на дар бораи кадом як падидаи фарогир, ки ҳомиёни ҳуқуқ ба қалам медиҳанд.

XS
SM
MD
LG