Эмомалӣ Раҳмон дар суханрониаш рӯзи 18-уми июн дар Данғара дар маҷлисгоҳе бо ширкати мақомоти маҳалливу ҷумҳуриявӣ гуфт, амри “безарар кардани нафарони яроқдор”-ро дод, чун, ба гуфтааш, “илоҷи дигаре” набуд.
Баъди миёнаҳои моҳи май шаҳри Хоруғу ноҳияи Рӯшони ВМКБ шоҳиди беназмиҳо гардиданд ва мақомот гуфтанд, ки амалиёти махсус мегузаронанд. Мардум гуфтанд, ки ноқаноатмандӣ аз кори мақомот, поймолшавии ҳуқуқ ва бемайлии мақомот ба таҳқиқи мӯшикофонаи қатли Гулбиддин Зиёбеков, сокини ноҳияи Роштқалъа онҳоро водор кард, ки ба кӯчаҳо бароянд. Дар гузориши ахири мақомот гуфта шуд, ки дар ҷараёни амалиёт дар ВМКБ "16 кас нобуд ва 220 нафар дастгир" шудааст. Ба иттилои манобеи мустақил, танҳо дар ноҳияи Рӯшони ВМКБ беш аз сӣ кас кушта шудаанд. Ба сабаби набудани интернету мушкили иртиботи телефонӣ дарёфти иттилоъ ва аксу навори бештар аз минтақа мушкил аст.
Мақомот гуфтанд, ки баъди ҳамла ба мошини ходимони амнияти Тоҷикистон дар ноҳияи Рӯшон ва ҳам бастани қитъаи роҳи байналмилалии Тоҷикистон-Чин як амалиёти зиддитеррористиро ба роҳ монданд. Сокинони маҳаллӣ ва фаъолони ҳуқуқ аз бераҳмии мақомот ва куштори сокинони бегуноҳ изҳори нигаронӣ карданд.
ИНЧУНИН, БИХОНЕД:
Мақомот гуфтанд, дар як моҳ дар Бадахшон "16 касро нобуд карданд"Мошинҳои низомӣ ВМКБ-ро тарк мекунанд. "Амалиёт"-и мақомот анҷом шуд?Манобеъ: "Бародару ҷияни Хурсанд Мазоров дастгир шуданд"
«26 миллион сомонӣ ва ҲНИТ»?
Президент Раҳмон дар нахустин изҳориназарҳояш дар бораи ҳаводиси ВМКБ масъулияти беназмиҳоро ба дӯши “гурӯҳҳои кӯчак” вогузор ва таъкид намуд, ки мардуми оддии сокини вилоят “гуноҳе надоранд”. Ӯ гуфт: “Онҳо доим аз номи мардум сӯиистифода мекарданд... Онҳо симои мардуми Бадахшон набуданд ва нестанд... Мо бояд дар муносибатамон ҳамин хел ҷудо кунем. Ман шахсан ҳамин хел ҷудо мекунам”.
Раҳмон дар идома бо ишора ба афроде, ки мақомот онҳоро саркардаҳои беназмиҳо меноманд, гуфт: “Ман зиёда аз 15 маротиба онҳоро афв кардаам, кӯшиш кардам, ки фақат бо роҳи тарбия кардан... онҳоро ба ҳаёти осоиштаву зиндагии муқаррарӣ баргардонем. Сӣ сол. Се-чор ҳазор муҳимоти ҷангӣ гирифтагием мо, сохторҳои низомӣ дар ҳамин сӣ сол... Вақте ки корҳои охирон карданд, мо маълумотҳо доштем. Инҳоро лаҷомашонро хоҷаҳои хориҷӣ ба даст гирифтаанд. Дар як муддати кӯтоҳ 26 миллион сомонӣ (беш аз 2,3 миллион доллар) маблағгузориашон карданд.... Ва роҳбариашон мекарданд аз хориҷа. Ҳамон ҳизби террористии наҳзати исломӣ ва хоҷагонаш. Ҳадаф, мақсад – табаддулот кардан”.
Қаблан намояндагони мухолифон дар хориҷа, аз ҷумла Алим Шерзамонов, муовини раиси Паймони миллӣ, ки аъзои ҲНИТ ҳам ба узвияти он шомил мешаванд, иттиҳомҳои мақомотро як “дурӯғ” ва “тӯҳмат” барои "машрӯият бахшидан ба он ҷиноят” номида буд.
Президент нагуфт, ки иттиҳомҳои мақомот бар кадом асос бунёд шудаанд ва маблағи ёдшуда чӣ гуна ба вилоят роҳ ёфтааст. Қаблан мақомот дар иттиҳомҳои ҷудогонаашон нисбати фаъолони ҷомеаи мадании Бадахшон аз гӯё дарёфт кардани дастикам 13 ҳазор доллар аз фаъолони мухолифон дар хориҷа бо ҳадафи ташкили эътирозҳо дар Хоруғу Рӯшон сӯҳбат карда буданд, вале ин иттиҳомҳо рад шуданд.
Президент дар идома дар бораи ҳодисаҳои вилоят дар моҳи май гуфт, давоми як ҳафта ба таври ғайриқонунӣ “роҳи байналмилалӣ дар қаламрави Рӯшон баста шуд”, “220 ҳазор нафар дар изолятсия буд” ва “нархҳо дар Хоруғ якбора боло рафт”. Раҳмон гуфт, ки “талош карданд аз роҳи гуфтушунид” ин вазъ ҳал шавад, вале дар Рӯшон “раиси ноҳияро лат карданд, муовини раиси ноҳия, мебахшед, зани тоҷикро заданд мушт кади... Ва вақте колоннаи амният мегузашт, 13 нафар кормандони амниятро ярадор карданд. Як кас талаф шуд. Хайр, илоҷи дигар набуд... Онҳо яроқу аслиҳа доштанд... мостҳо (кӯпрукҳо)-ро метаркониданд дар Рӯшон. Амр додам, ки бинед, то ҳадди имкон яроқбадастҳоро безарар гардонед ё ки дастгир кунед”. Президент Раҳмон дар шарҳи ин тасмимҳояш гуфт, “вазифаи давлат аст таъмини амнияти шаҳрвандон, таъмини амнияти миллӣ, таъмини амнияти давлат. Ин фуксия ва вазифаи давлат аст ва роҳбари давлат, на каси дигар. 30 сол. Дер мешуд охир. Талаботу корҳои онҳо дигар буд”.
ИНЧУНИН, БИХОНЕД: "Гапи Озод": Чаро кор дар Бадахшон ба хунрезӣ кашид? ВИДЕО
Вокунишҳои аввалия
Ҳанӯз назари ҲНИТ ба ин изҳорот дар даст нест, вале дар як баёнияи 15-уми июни Паймони Миллии Тоҷикистон “саркуби ваҳшиёна ва систематикии ҳукумати Тоҷикистон, аз ҷумла таъқибу шиканҷа, боздошту ҳабсҳои тулонӣ ва қатлу террор алайҳи мардуми Бадахшон” ва боздоштҳои ахири чанд сокини дигари вилоят маҳкум шудааст.
Таҳлилгари тоҷик Зафар Нуров, ки суханронии президенти Тоҷикистонро дидааст, гуфт, ишораи президент Эмомалӣ Раҳмон ба шароити хоссаи ВМКБ дар солҳои баъди ҷанги шаҳрвандӣ буд. Ба андешаи ин таҳлилгар, дар ҳоле, ки “тамоми фармондеҳони саҳроӣ ва пешвоҳои ҷиноӣ дар саросари Тоҷикистон нобуд ваё зиндонӣ шуданду қаламравҳои кишвар ба итоати ҳукумати марказӣ медаромад... гурӯҳҳо ҷиноии Бадахшон давоми 30 сол, то соли 2022 бо сабабҳои номаълум поккорӣ нашуданд”.
Ҳоло, ба тахмини ин таҳлилгар, “шояд шартҳои бозиҳои геополитикиву дохилӣ иваз шуданд ва ҳукумати марказӣ ба қароре омад, ки аз шахсиятҳои таъсиргузор дар Бадахшон пок шавад. Дар ин шароит пеш аз ҳама Чин фаъолтар шуда, эҳтимолан барои сармоягузорӣ ба ВМКБ тарҳҳои наве пешниҳод кунад, ки ба роҳҳову саноати маъдан ва сохтмон рабт хоҳад дошт”. Таҳлилгари иқтисодӣ ёдовар шуд, ки ВМКБ бо Чин ҳаммарз аст ва Чин, пеш аз ҳама, дар тавсеаи минтақаҳои амн манфиатдор аст.
Қаблан таҳлилгари ғарбӣ доктор Сюзан Леви-Санчез ҳам аҳамияти Бадахшони ором ва амнро барои мақомоти марказӣ дар пешбурди савдову тиҷорат бо сармоягузори азими ин кишвар - Чини ҳамсоя таъкид карда буд. Ӯ, аз ҷумла, дар як шарҳаш ба Радиои Озодӣ поёни моҳи маи имсол навишт, “ба манфиати Чин аст, ки ВМКБ пурра таҳти назорати давлат бошад”, чун аз роҳҳои ин вилоят барои тиҷорату савдо истифода мешавад.
Ӯ гуфт, президент Раҳмон дастикам 15 соли охир талош дорад назорат бар ин минтақаи мухторро ба даст оварад, чун, ба гуфтааш, “ҳадафи асосӣ назорат бар иқтисод аст, тиҷорати байналмилалӣ ва роҳҳои қочоқ аз ҳамин минтақа мегузарад ва ҳукумат мехоҳад бо ин кораш ба Русияву Чин нишон диҳад, ки тавони назорати минтақаро дорад”. Вале ин кор, ба қавли ӯ ва бисёр дигар таҳлилгарону ҳомиёни ҳуқуқ, бо роҳи поймол шудани ҳуқуқи сокинон, куштори даҳҳо эътирозгар, ҳабсу зиндоникунии фаъолон ба роҳ монда мешавад.
ИНЧУНИН, БИХОНЕД:
"Эътироф"-и Улфатхоним Мамадшоева ва Холбаш Холбашов чӣ мушкил дорад? ВИДЕОБритониё масъалаи Хоруғу Рӯшонро ба САҲА кашондАлим Шерзамонов: Моро "сиёҳ" мекунанд, то худро "сафед" намоянд. ВИДЕО, САДО