Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Манобеъ: "Бародару ҷияни Хурсанд Мазоров дастгир шуданд"


Хурсанд Мазоров рӯзи 12-уми июн ва дар ҷараёни амалиёти мақомот дар Хоруғ кушта шудааст
Хурсанд Мазоров рӯзи 12-уми июн ва дар ҷараёни амалиёти мақомот дар Хоруғ кушта шудааст

Дастикам се манбаи Радиои Озодӣ рӯзи 14-уми июн хабар доданд, ки Мумтоз Мазоров – бародар ва Озод Мазоров – ҷияни Хурсанд Мазоров, яке аз раҳбарони пешини ба истилоҳ ғайрирасмӣ дар Хоруғ дастгир шудаанд.

Ба иттилои дарёфтӣ, боздошти онҳо "13-уми июн дар маҳаллаи Тирчид ё УПД-и маркази Бадахшон сурат гирифт".

Мақомот дар бораи боздошти онҳо хабар надодаанд.

Хурсанд Мазоров рӯзи 12-уми июн дар ҷараёни амалиёти мақомот кушта шуд. 50 сол дошт.

Ситоди байниидоравии таъмини амният ва тартиботи ҷамъиятӣ дар Бадахшон гуфт, Мазоров бар асоси 11 банди қонуни ҷиноӣ гумонбар буд, вале "ба бозпурсӣ ҳозир нашуду ҳангоми муқобилият" кушта шуд. Пайвандонаш ва ё афроди наздик ба ӯ дар ин бора изҳори назар накардаанд.

Сомонаи "Pamir Daily News" навишт, ки Хурсанд Мазоров ва Зоир Раҷабов "худро мунфаҷир карданд".

Дар ҳамин ҳол, манобеъ рӯзи 14-уми июн гуфтанд, ҳадди ақал се сокини дигари маҳаллаи Тирчид ё УПД-и Хоруғ, ки дар ҳамсоягии Хурсанд Мазоров мезистанд, низ дастгир шудаанд.

Аз онҳо Мамадназар Қурбонбеков, Шамшер Нурмамадов ва Некзод Нурмамадов ном бурда мешавад, аммо мақомот хабарро тасдиқ ё рад накардаанд.

Вазъият дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон аз моҳи майи имсол ба ин тараф печида аст. Дар ҷараёни амалиёти мақомот дар Хоруғу Рӯшон то ин дам даҳҳо нафар куштаву захмӣ ва даҳҳо каси дигар дастгир шудаанд.

Мақомот ин афродро ба ташкили эътирозу ноамнӣ ва ҷиноятҳои гуногун, аз ҷумла дарёфти маблағ аз хориҷа муттаҳам мекунанд, аммо наздиконашон мегӯянд, онҳо барои ҳимояти ҳуқуқи худ ва пешгирӣ аз густариши ноамнӣ талош доштанд.

XS
SM
MD
LG