Бародари Алим Шерзамонов боздошт шудааст

Муслим Шерзамонов ва Алим Шерзамонов

Муслим Шерзамонов, бародари Алим Шерзамонов, муовини раиси Паймони миллии Тоҷикистон, ки мақомот ӯро яке аз тарроҳони эътирозҳо дар Хоруғу Рӯшон меноманд, рӯзи 12-уми июн дар маркази Бадахшон дастгир шудааст.

Мақомоти интизомӣ Муслим Шерзамоновро аз афроди наздик ба Хурсанд Мазоров ва Зоир Раҷабов ном бурданд. Ду раҳбари ба истилоҳ ғайрирасмии минтақа, ки рӯзи якшанбе дар ҷараёни амалиёт дар Хоруғ кушта шуданд.

ИНЧУНИН, БИХОНЕД: Хурсанд Мазоров ва Зоир Раҷабов дар Хоруғ кушта шудаанд

Алим Шерзамонов, муовини раиси Паймони миллӣ, созмони мамнуъ дар Тоҷикистон, мегӯяд, бародараш 56 сол дошт, "вале ба ҳеч гуруҳ ҳамроҳ набуд".

"Гуноҳи аввалаш ин аст, ки дар замони фармондеҳии Мамадбоқир Мамадбоқиров дар қисми сарҳадбонӣ дар Мурғоб раиси ситодаш буд. Гуноҳи дигараш ин аст, ки бародари ман аст. Дигар гуноҳе надорад," – афзуд ӯ рӯзи 12-уми июн.

Ситоди байниидоравии таъмини амният ва тартиботи ҷамъиятӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон рӯзи якшанбе гуфт, аз хонаи Муслим Шерзамонов "1 автомати Калашников бо 1 тирдон, 18 тири қутраш 5,45 мм, 2 норинҷаки Ф-1 ёфта" ва мусодира карданд. Алим Шерзамонов мегӯяд, бародараш бар асоси даъватнома ба бозпурсӣ рафта буд ва иттилои мақомотро дар бораи доштани силоҳ намепазирад.

Ба иттилои пайвандонаш, Муслим Шерзамонов дар аҳди Шӯравӣ техникумро бо ихтисоси сохтмончӣ хатм карда, сипас дар Донишгоҳи давлатии Хоруғ таърихро омӯхт. Ӯ соҳиби шаш фарзанд ва як ширкати сохтмонӣ дар Хоруғ будааст.

Вазъият дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон аз моҳи майи имсол ба ин тараф печида аст. Дар ҷараёни амалиёти мақомот дар Хоруғу Рӯшон то ин дам даҳҳо нафар куштаву захмӣ ва даҳҳо каси дигар дастгир шудаанд.

Мақомот ин афродро ба ташкили эътирозу ноамнӣ ва ҷиноятҳои гуногун, аз ҷумла дарёти маблағ аз хориҷа муттаҳам мекунанд, вале наздиконашон мегӯянд, онҳо барои ҳимояти ҳуқуқи худ ва пешгирӣ аз густариши ноамнӣ талош доштанд.

ИНЧУНИН, БИХОНЕД:

Вазорат мегӯяд, дар идомаи "амалиёт" дар Рӯшон 5 каси дигарро куштанд. ВИДЕОАз Кӯлобу Рашт то Сангвору Рӯшон. Чаро Душанбе масъалаҳои дохилии сиёсиро бо зӯр ҳал мекунад?"Гапи Озод": Чаро кор дар Бадахшон ба хунрезӣ кашид? ВИДЕОРаиси Анҷумани ҳуқуқшиносони Помир боздошт шуд. ВИДЕО"Эътироф"-и Улфатхоним Мамадшоева ва Холбаш Холбашов чӣ мушкил дорад? ВИДЕОБритониё масъалаи Хоруғу Рӯшонро ба САҲА кашондHRW қатъи "озори эътирозгарон" дар ВМКБ-ро хост. Мақомот вокуниш накардаанд. ВИДЕО Аз ҳукумати Тоҷикистон хостанд, имдодгарону ҳомиёни ҳуқуқро ба Рӯшон роҳ диҳадДипломати баландпояи СММ аз Тоҷикистон хост, ба саркӯб дар Бадахшон хотима диҳадОқохон гуфт, аз такрори нооромиҳо дар Бадахшон "сахт нигарон аст"