Свердлов: "Маҳдудсозиҳо набояд, давомдор бошанд". Вокуниши ҳомиёни ҳуқуқ ба ҳодисаҳои Бадахшон. ВИДЕО

Чанд Созмони байналмилалӣ ва кишварҳои ғарбӣ аз воқеаҳои ахири Бадахшон изҳори нигаронӣ ва ҳукуматро барои, ба гуфтаи онҳо, истифодаи барзиёди нерӯ танқид кардаанд.

Бо нашри як баёнияе рӯзи 20-уми май Фернанд де Вареннес, гузоришгари махсуси Созмони Милал дар умури ақаллиятҳои миллӣ аз ҳукумати Тоҷикистон хост, ба қавли ӯ, ба саркӯби ақаллияти помирӣ дар Вилояти мухтори кӯҳистони Бадахшон хотима диҳад. Ӯ гуфт, фурӯ нишондани тазоҳурот бо амалиёти, ба гуфтаи мақомот, “зиддитеррористӣ” метавонад, сабаби нооромиҳои бештар шавад.

Де Вареннес аз бетаваҷҷӯҳии ҳукумати Тоҷикистон ба тавсияҳои коршиносони Созмони Милал барои пешгирии нооромиҳо изҳори нороҳатӣ кардааст. Ӯ, аз ҷумла, гуфтааст:

“Мутаассифона, ҳукумати Тоҷикистон ба номаҳои мо посух надод ва танишҳое, ки моҳи ноябри соли 2021 дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон авҷ гирифтанд, ба миқёси васеътару хатарноктаре расиданд". Бо айни мӯҳтаво Созмони байналмилалии “Алерт Интернешнл” дар изҳороте аз шиддат ёфтани вазъ дар Бадахшон изҳори ташвиш кард. Ин созмон ба хушунат печидани ҳодисаҳои ахирро барои Тоҷикистон ва ҳам суботи минтақа шадидан нигаронкунанда хондааст. Дар изҳорот омадааст:

«Дар шароити идомаи хушунатҳо ва қатъи воситаҳои иттилоърасонӣ, хеле муҳим аст, ки амнияту бехатарӣ ва ҳуқуқи шаҳрвандони оддӣ ҳифзу таъмин карда шавад.” Созмон мегӯяд: “Ҳодисаҳои хушунатбори ҳафтаи равон бояд барои ҷомеаи ҷаҳонӣ чун ҳушдоре аз хатарҳои афзоянда ба суботи минтақа ва Осиёи Марказӣ бошад”.

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Ҳукумати Тоҷикистонро барои ҳодисаҳои Бадахшон танқид карданд

Созмони “Алерт Интернешнл” дар изҳороти худ аз ҳукумати Тоҷикистон ва масъулину сокинони Бадахшон хостаанд барои пешгирӣ аз ин хатарҳо муколама кунанд ва роҳи ҳалли осоиштаи рафъи буҳронро пайдо кунанд.

Ҳамчунин Гурӯҳи ҳомии ҳуқуқи ақаллиятҳои миллӣ ҳам дар як изҳорот аз бадтар шудани вазъи ҳуқуқи инсон дар Бадахшон нигаронӣ кардааст. Ин гурӯҳ гуфтааст, метавонад исбот кунад, ки сокинони Помир аз моҳи ноябри соли 2021 дар шаклҳои гуногун таҳти назорат ва фишор қарор доранд. Ҳомиёни ҳуқуқ поймол шудани ҳуқуқи инсонҳоро дар ин минтақа сабаби аслии ҳодисаҳои ахир номидаанд.

Ҳомии дигари ҳуқуқи башар Стив Свердлов мегӯяд, ҳукумати Тоҷикистон талош дорад, бо “амалиёт” ном гузоштани иқдомҳояш, қонуншиканиҳои худ дар самти нақзи ҳуқуқи башарро рӯйпуш кунад.

“Чунин бардошт мешавад, ки Душанбе ибораи “амалиёти махсусро” ба хотире истифода мекунад, то худро аз ҳамагуна ухдадориҳо, аз ҷумла қатъи интернет, риояи баъзе ҳуқуқҳо барои гузаронидани амалиёт озод кунад. Воқеан бояд ҳуқуқ ба зиндагӣ эҳтиром гузошта шавад. Албатта мумкин аст, ки ҳангоми гузаронидани амалиёт ҳуқуқҳо маҳдуд карда шаванд, вале ин кор бояд танҳо аз рӯи зарурати давлат анҷом шавад, вале ин маҳдудсозиҳо набояд, давомдор бошанд. Аммо тавре мо медонем, дар Помир дастрасӣ ба интернет хеле боз маҳдуд аст.”

Стив Свердлов аз боздошти фаъоли ҷомеаи шаҳрвандӣ Улфатхоним Маҳмадшоева нигаронӣ кард ва гуфт, таҷрибаи чанд соли ахир нишон медиҳад, ки бо муҷозоти афроде мисли Маҳмадшоева, ҳукумат мехоҳад даҳони фаъолони дигарро бубанданд.

Ҳукумати Тоҷикистон дар баробари ин баёниву интиқодҳои созмонҳои байналмилалӣ ҳанӯз посухе надодааст. Вале пештар гуфтааст, ба хотири ҳифзи амният ва субот даст ба амалиёти зидди гуруҳои, ба гуфтаи он, созмонёфтаи ҷиноӣ задааст, ки аз хориҷ силоҳ ва дастур гирифтаанд.

ИНЧУНИН, БИХОНЕД:

Эътирозҳо дар Амрикову Берлин бо нигаронӣ аз вазъи ВМКБCPJ аз Радиои Озодӣ, "Настояшее Время" ва "Азия-Плюс" ҳимоят кардЯк созмони мухолифин боздошти Мамадшоеваро маҳкум кардДипломати баландпояи СММ аз Тоҷикистон хост, ба саркӯб дар Бадахшон хотима диҳадДар Амрико ба ҳодисаҳои Бадахшон вокуниш кардандТашвиши Созмони Милал аз хушунат ва талафоти ҷонӣ дар БадахшонВокунишҳои байналмилалӣ ба нооромиҳои ахир дар БадахшонОқохон гуфт, аз такрори нооромиҳо дар Бадахшон "сахт нигарон аст"Нома аз Фаронса: "Магар талаби адолат дар Помир гуноҳ аст?"