Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эътирозҳо дар Амрикову Берлин бо нигаронӣ аз вазъи ВМКБ


Рӯзи 19-уми май ҳудуди 50 зодаи Тоҷикистон, ки мегӯянд, аз сарнавишти пайвандонашон дар шаҳри Хоруғ ва ноҳияи Рӯшон дар ташвишанд, дар назди сафорати Тоҷикистон дар Вашингтон гирдиҳамоии осоишта ташкил карданд.

Яке аз иштирокдорон ба Радиои Озодӣ гуфт, талаби онҳо ин буд, ки намояндаи сафорат ба наздашон барояд ва ба суолҳояшон посух диҳад.

Ҳамингуна дар Берлини Олмон низ даҳҳо нафар бо нишони нигаронӣ аз вазъ дар вилояти Бадахшон гирдиҳамоӣ карданд. Онҳо мегӯянд, талабашонро ба намояндагии Тоҷикистон супоридаанд.

Аз 16-уми май ба ин тараф вазъ дар шаҳри Хоруғ ва ноҳияи Рӯшони ВМКБ печида аст.

Дар ҷараёни даргирии сокинони норозӣ ва нерӯҳои давлатӣ дар Хоруғу Рӯшон, ба иттилои расмӣ, аз ду ҷониб 10 кас кушта ва 27 нафар захмӣ шудаанд. Омори ғайрирасмиро бештар аз ин медонанд. Сокинони Рӯшон ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ҷасади 21 нафарро ба наздиконашон додаанд.

Мақомот мардуми норозиро ба “узвият дар гуруҳҳои ҷиноӣ” ва “муборизаи мусаллаҳона” айбдор карданд. Сокинон мегӯянд, танҳо барои ҳимоят аз ҳуқуқи худ ба кӯчаҳо баромаданд, чун моҳҳо боз зери фишору таъқиб ҳастанд.

XS
SM
MD
LG