Улфатхоним Мамадшоева ба даъват ба сарнагунии ҳокимият гумонбар шудааст. Холбаш Холбашов куҷост?

Улфатхоним Мамадшоева ва Холбаш Холбашов. Акс аз шабакаҳои иҷтимоӣ

Манобеи Радиои Озодӣ гуфтанд, ба зидди Улфатхоним Мамадшоева, фаъоли ҷомеаи шаҳрвандии Бадахшон, ба иттиҳоми "даъвати оммавӣ барои сарнагунии ҳокимият" парванда боз шудааст. Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дар бораи парвандаи Мамадшоева чизе нагуфт, вале ӯ ва шавҳари собиқаш, Холбаш Холбашовро аз раҳбарони гуруҳе номид, ки гуё дар Бадахшон ноамниро ба роҳ андохтанд.

Кормандони ҳифзи ҳуқуқ Улфатхоним Мамадшоеваро рӯзи 18-уми май дар хонааш дастгир карда, бо худ бурданд. Дар мавриди дар куҷо будани Холбаш Холбашов иттилое дар даст нест.

Як манбаи огоҳ аз қазия ба Радиои Озодӣ гуфт, алайҳи Улфатхоним Мамадшоева бар асоси қисми 2-и моддаи 307-и Кодекси ҷиноӣ парванда кушодаанд. Ин банди қонун даъват барои зӯран сарнагун кардани ҳокимиятро дарбар гирифта, аз 8 то 15 соли зиндонро пешбинӣ мекунад.

"Субҳи 18-уми май кормандони додситонӣ ва амният омада, Улфатхонимро аз хонааш бурданд. Наздиконаш то бинои Кумитаи амният ҳамроҳаш рафтанд. Баъдан маъмурон омада, хонаи духтар ва писарашро ҳам кофтанд. Улфатхоним гуфт, танҳо дар ҳузури адвокат ба суолҳои муфаттишон посух медиҳад. Шоми дирӯз барояш адвокат ёфтем," -- афзуд яке аз пайвандони Улфатхонум Мамадшоева.

Талошҳои мо барои гирифтани назари расмӣ аз мақомот бенатиҷа буд. Вакили мудофеи Улфатхоним Мамадошоева ҳам ба хотири забонхат додан, аз суҳбат дар бораи қазия худдорӣ кард.

Суҳбати Мамадшоева ва ҳамла ба хабарнигорон

Номи Улфатхоним Мамадшоева рӯзи 17-уми май дар изҳороти Вазорати корҳои дохилӣ зикр шуд. Ин ниҳод Мамадшоеваро дар қатори Маҳмадбоқир Маҳмадбоқиров ва Алим Шерзамонов яке аз созмондиҳандагони эътирози 16-уми май дар Хоруғ номид.

Рӯзи 17-уми май баъди нашри изҳороти ВКД, гурӯҳи хабарнигорони Радиои Озодӣ ва ТВ «Настоящее время» дар назди хонааш дар Душанбе бо Мамадшоева сӯҳбат карданд ва ӯ иттиҳомоти мақомотро беасос номид. Ӯ гуфт, дар ҳеч амали ғайриқонунӣ даст надорад ва сафари як ҳафта пешаш ба Хоруғ танҳо дар доираи як тарҳи ҷамъиятие сурат гирифтааст, ки ҳеч рабте ба беназмиҳои баъдӣ надошт.

Вале баъди сабти ин сӯҳбатҳо афроди ношинос ба хабарнигорону наворбардорони Радиои Озодӣ ва телевизиони "Настояшее время" дар Душанбе ҳамла карда, дастгоҳи наворгирӣ ва телефонҳояшонро кашида гирифтанд.

Изҳороти ВКД дар бораи Холбашов

Тибқи иттилои дарёфтии Радиои Озодӣ, Холбаш Холбашев, шавҳари пешини Улфатхонум Мамадшоева ҳам аз дирӯз боз бедарак аст. Маълум нест, ки ӯро ҳам боздошт кардаанд ё не. Ба гуфтаи як манбаи Озодӣ, рӯзи гузашта манзили Холбаш Холбашевро дар шаҳри Душанбе кофтукоб кардаанд.

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 19-уми май дар эъломияе Алим Шерзамонов, яке аз пешвоёни мухолифин дар хориҷ; Холбаш Холбашов, яке аз фармондеҳони собиқи нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон ва ҳамсари собиқи ӯ Улфатхоним Мамадшоеваро раҳбарони гуруҳе номидааст, ки гуё дар Бадахшон ноамниро ба роҳ андохтанд.

“Холбаш Холбашов солҳо дар бахши марзбонӣ кор мекард ва дар нафақа буд. Бо хоҳиши мақомот корашро дар бахши марзбонӣ дар вилояти Суғд идома дод. Дирӯз даъваташ карданд ва дигар ӯро надидаанд. Хонаашро ҳам кофтукоб карданд,” -- афзуд манбаъ.

Сомонаи “Pamir Daily News”, ки таҳаввулоти Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшонро пайгирӣ мекунад, рӯзи 18-уми май навишт, Холбаш Холбашев дар вилояти Суғд боздошт шудааст. Аммо ин сомона дар бораи иттиҳом нисбати Холбашев ҳеч ҷузъиёте надодааст.

Вазъи печида дар ВМКБ

Аз 16-уми май ба ин тараф вазъ дар шаҳри Хоруғ ва ноҳияи Рӯшони ВМКБ печида аст. Дар ҷараёни даргирии сокинони норозӣ ва нерӯҳои давлатӣ дар Хоруғу Рӯшон, ба иттилои расмӣ, аз ду ҷониб 10 кас кушта ва 27 нафар захмӣ шудаанд. Омори ғайрирасмиро бештар аз ин медонанд.

Мақомот мардуми норозиро ба “узвият дар гуруҳҳои ҷиноӣ” ва “муборизаи мусаллаҳона” айбдор карданд. Сокинон мегӯянд, танҳо барои ҳимоят аз ҳуқуқи худ ба кӯчаҳо баромаданд, чун моҳҳо боз зери фишору таъқиб ҳастанд.