Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳамла ба хабарнигорони Радиои Озодӣ баъди суҳбат бо Улфатхонум Мамадшоева. ВИДЕО


Муллораҷаб Юсуфӣ ва Анӯшервон Орифов
Муллораҷаб Юсуфӣ ва Анӯшервон Орифов

Шахсони ношинос ба хабарнигорону наворбардорони Радиои Озодӣ ва телевизиони "Настояшее Время" дар Душанбе ҳамла карда, дастгоҳи наворгирӣ ва телефонҳояшонро кашида гирифтаанд.

Ҳодиса рӯзи 17-уми май, пас аз он рӯй дод, ки хабарнигорон барои гирифтани шарҳи Улфатхонум Мамадшоева, яке аз фаъолони ҷомеаи мадании Бадахшон, ба хонааш дар пойтахт рафтанд.

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон 17-уми май ӯро дар қатори Маҳмадбоқир Маҳмадбоқиров ва Алим Шерзамонов ба ташкили эътирози 16-уми май дар Хоруғ, ки дар натиҷа як нафар кушта ва чандин кас захмӣ шуданд, айбдор кард.

Муллораҷаб Юсуфӣ, хабарнигори Радиои Озодӣ, ки зери зарбу лат қарор гирифт, мегӯяд, ҳамлаварон нагуфтанд, кӣ ҳастанд ва чӣ мехоҳанд, «аммо журналистонро хуб мешинохтанд ва ҳадафмандона дурбину телефонҳоро мехостанд».

«Имрӯз, соати 14, ба манзили Улфатхонум Мамадшоева рафта, сад метр дуртар аз хонааш суҳбат кардем. Вақте ӯ баргашт ва мо ба назди мошин расидем, ду нафар омада, ману наворбардорро заданд ва фақат мегуфтанд, телефону камераро диҳед. Якеаш гуфт, “Муллораҷаб, ба Худо, мепарронамат.” Ду-се мушт заданд. Телефону ҷузвдонро гирифтанд. Пулҳоро гардонда, чизҳои дигарро бо худ бурданд,” – нақл кард хабарнигори мо.

Навори суҳбатро дар инҷо бинед:

Ҳамла ба хабарнигорони Радиои Озодӣ дар Душанбе
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:56 0:00

Анӯшервон Орифов, хабарнигори телевизиони «Настояшее Время» мегӯяд, айни ҳодиса ба ӯ ва наворбардораш рӯй дод. Дақиқан дар замоне ки барои сабти суҳбати Улфатхонум Мамадшоева ба хонааш рафта буданд.

Дар умум, ба иттилои хабарнигорони Радиои Озодӣ ва «Настояшее Время» аз онҳо ҳафт телефон ва як дастгоҳи наворгириро кашида гирифтаанд. Ба қавли Анушервон Орифов, ҳамлаварон гуфтаанд, хабарнигорон дастгоҳҳоро дертар хоҳанд гирифт, аммо нагуфтаанд, ки кай ва аз куҷо.

Улфатхонум Мамадшоева, яке аз фаъолони ҷомеаи шаҳрвандии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, ки мақомот ӯро ба ташкили эътирозҳо дар Хоруғ айбдор донистанд, рӯзи 17-уми май иттиҳомотро бепоя донист.

Ӯ дар изҳороти кӯтоҳе дар Фейсбук навишт, "ҳомии ҳуқуқ ва рӯзноманигори мустақил аст" ва афзуд, "ба ҷуз виҷдони пок ва дилсӯзӣ нисбат ба мардуми кӯчаки худ – помириҳо – гуфтании дигар надорам."

Дар ҳодисаи 16-уми май дар Хоруғ, ба иттилои расмӣ, як сокини маҳаллӣ кушта ва се афсари пулис захмӣ шудаанд. Сокинон мегӯянд, аз ҳисоби мардуми одӣ низ чандин нафар маҷруҳ шудаанд, вале мақомот аз онҳо ном набурданд.

Нооромӣ пас аз он сар зад, ки як гуруҳ аз эътирозгарон баъди иҷро нашудани талабҳояшон (аз мансаб рондани раиси вилояти Бадахшону раиси шаҳри Хоруғ, таҳқиқи одилонаи марги Гулбиддин Зиёбеков ва раҳоии боздоштшудаҳо) аз сӯи мақомот аз маҳаллаи Бархоруғ ба маркази шаҳри Хоруғ раҳсипор буданд. Онҳо дар роҳ, дар маҳаллаи Чинак, бо сафи нерӯҳои интизомӣ рӯбарӯ гаштанд. Дар ин ҳодиса аз гази ашковар ва тирҳои резинӣ истифода шудааст.

XS
SM
MD
LG