Хабаргузории “Азия-Плюс” эълон кард, ки бино бар фишори мақомот аз бозтоби воқеаҳои ахир дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон худдорӣ мекунад. Он рӯзи 17-уми май дар изҳороте гуфт, нашри хабарҳо аз Бадахшон метавонанд, сабаби баста шуданаш гарданд.
"Қабл аз ин, "Азия-Плюс" огоҳиномаи расмии Прокуратураи генералӣ ва огоҳиҳои ғайрирасмӣ аз ниҳодҳои дигарро дар мавриди он дарёфт карда буд, ки идораи мо ҳаводиси ВМКБ-ро "якҷониба" инъикос мекунад ва "вазъи кишварро ноором месозад". Ба "Азия-Плюс" дастур шуда буд, ки "камбудиҳо бартараф карда шаванд", дар ғайри сурат идораи моро хатари бастан таҳдид мекунад,”-омадааст дар изҳороти "Азия-Плюс".
Назари мақомот дар ин бора маълум нест ва дақиқ нест, ки манзури онҳо аз "ислоҳи камбудиҳо" чист.
Мақомоти Тоҷикистонро борҳо ба хотири маҳдуд кардани озодии баён ва фишор ба расонаҳои мустақил танқид мекунанд. Мақомот ҳамвора ин танқидҳоро рад кардаанд.
Шоми 16-уми май шаҳри Хоруғ дигарбора шоҳиди эътирози сокинон шуд. Ба гуфтаи Вазорати корҳои дохилӣ, дар ин ҳодиса як сокини мулкӣ ба ҳалокат расида, 3 афсари пулис ҷароҳат бардоштанд.
Хабаргузории "Азия-Плюс" яке аз маъруфтарин расонаҳои маҳаллии Тоҷикистон аст, ки бо забонҳои русӣ, тоҷикӣ ва англисӣ хабару гузоришҳо пахш мекунад. Пештар хабарҳо расида буд, ки мақомоти Тоҷикистон бозтоби вазъи ВМКБ ва Украинаро барои расонаҳои маҳаллӣ манъ кардаанд.
Эътирозҳо дар шаҳри Хоруғ пас аз он сар зад, ки мақомот гуфтанд, талабҳои ду рӯз пеши норозиёнро баррасӣ намекунанд. Даҳҳо сокини Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон талаб карданд, ки раиси вилоят ва раиси шаҳри Хоруғ аз мақомашон барканор карда шаванд. Мақомот ин талабҳоро ғайриқонунӣ донистанд. Дар талоши баргузории як тазоҳурот як нафар кушта ва даҳҳо тан захмӣ шуданд.