Владимир Жириновский, сиёсатмадори ҷанҷолии рус, даргузашт. ВИДЕО

Владимир Жириновский, раиси Ҳизби либерал-демократи Русия буд.

Владимир Жириновский, асосгузор ва раҳбари ҳизби Либерал-Демократи Русия, вакили Думаи давлатӣ дар ҳашт давра, дар синни 75-солагӣ даргузашт.

Дар ин бора Вячеслав Володин, раиси Думаи давлатии Русия рӯзи 6-уми апрел хабар дод. Моҳи феврал хабар дода буданд, ки ӯ бо нишонаҳои сироят ба КОВИД-19 дар бемористон бистарӣ шудааст ва вазъи саломатиаш "вазнин" аст.

Хабар инбор тасдиқ шуд

Тарафдорони ӯ дар ҳизбаш бо як баёнияи кутоҳе марги ин сиёсатмадори ҷанҷолиро, ки аз ҳаводорони барқарории империяи Русия буд, зарбае ба тамоми Русия, артиши он ва тарафдорони Жириновский номиданд. Мақомоти вазорати тандурустии Русия гуфтаанд, барои наҷоти Владимир Жириновский, ки гирифтори КОВИД 19 шуд, тамоми корро карданд, аммо ӯро наҷот дода натавонистанд

Рӯзи 25-уми март "РИА Новости", хабаргузории давлатии Русия аз номи Александр Пронюшкин, узви Шӯрои федератсияи Русия хабар дода буд, ки Жириновский фавтидааст. Баъдан, расман ин хабар рад шуд ва мақомот гуфтанд, ки сиёсатмадор дар беморхона табобатро давом медиҳад ва вазъи сиҳатиаш "мӯътадил" аст.

Дар Тоҷикистон ӯро бештар бо изҳоротҳои миллатгароёнааш мешиносанд, ки нисбат ба Тоҷикистон ва муҳоҷирони кории тоҷик дар Русия аз забони ӯ садо медод.

Сафари Жириновский ба Тоҷикистон

Владимир Жириновский моҳи ноябри соли 2018 бо як ҳайати 20-нафарии вакилони Думаи давлатии Русия ба Тоҷикистон сафар кард ва бо Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон мулоқот намуда буд. Дар ин сафар, баръакси гуфтаҳои қаблиаш, гуфт, пешниҳод мекунад, ки дар шиносномаи тоҷикон навишта шавад, ки "аз кишвари дӯсти наздиктарини Русия ҳастанд."

Ҳарчанд, ӯ пайваста муҳоҷирони кории тоҷикро танқид мекард ва пешниҳод дошт, ки бо кишварҳои Осиёи Марказӣ раводид ҷорӣ шавад ё ин кишварҳо ба сифати губернияҳо ба ҳайати Русия ворид карда шаванд. Барои чунин изҳороти тавҳиномезаш ин сиёсатмадорро Қирғизистон ва Қазоқистон ба таври расмӣ мамнуъ-ул-вуруд карда буданд.

Видеоро инҷо тамошо кунед:

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Владимир Жириновский, сиёсатмадори ҷанҷолии рус, даргузашт

Жириновский шаш бор номзад ба мақоми президенти Русия шуда буд ва дар ҳама интихоботҳо мағлуб мешуд. Назарҳои ӯро бештар миллатгароёна ва ифротӣ медонистанд.

Дар замони шӯравӣ ҳизб таъсис дод

Ӯ ҳизбашро дар солҳои охири Шӯравӣ сабти ном кард ва то дами марг раҳбарии онро бар душ дошт. Ҳарчанд, ӯ ҳизбашро ҳизби мухолиф медонист, вале мавқеаш бо Кремл наздик буд ва аз сиёсатҳои Путин пуштибонӣ мекард.

Жириновский соли 1946 дар шаҳри Алма-Атои Қазоқистон ба дунё омадааст. Модараш ҳамроҳ бо шавҳараш солҳои ҷанги Дуюми Ҷаҳон ба ин шаҳр омада буд.

Ӯ дар бахши забонҳои Донишгоҳи давлатии Маскав таҳсил карда, забон ва адабёти туркиро омӯхтааст. Ҳамкурсонаш ба нашрияи "Проект" нақл карда буданд, ки ӯро солҳои донишҷӯӣ КГБ ба ҳамкорӣ ҷалб карда буд. Соли 1969 ӯ барои таҷрибаомӯзӣ ба Туркия меравад, вале он ҷо барои фурӯхтани нишонаҳои сарисинагӣ бо акси Ленин боздошт мегардад. Ин боздошт ба ояндаи кори ӯ дар сохторҳои дипломатӣ зарба мезанад ва баъдан, ӯ ба омӯзиши ҳуқуқшиносӣ машғул шудааст.

Бар асоси тарҷумаи ҳоли расмиаш, ӯ дар Кумитаи радио ва телевизион, Кумитаи давлатӣ оид ба масъалаҳои иқтисоди берунии СССР, Кумитаи Шӯравии ҳифзи сулҳ ва Вазорати адлияи СССР кор кардааст.

Ҷанги Украинаро "пешгӯи" карда буд

Баёнияҳои баҳбсарангезе, ки ӯ медод, баъди муддате аз тарафи ҳукумати Русия амалӣ мешуд ва ё ба воқеият табдил меёфт. Ҳоло дар Интернет як суҳбати видеоӣ ӯ чарх мезанад, кӣ чӣ гуна дар бораи нақшаи ҳамла ба Украина суҳбат мекунад ва як дафъа низ гуфта буд, ки Украинаро бояд субҳ, вақте ҳама хоб ҳастанд, бомборон бояд кард.

Ӯ як замон гуфта буд, ки дар солҳои ҷанги дохилӣ русҳоро дар Тоҷикистон қатли ом карданд ва ин баёния хашми ҳукуматро барангехт, ки гуфт, ин баёнияи асосе надорад ва аз тарафи як сиёсатмадори нажодпараст садо додааст. Ӯ як дафъаи дигар гуфт, ки афви муҳоҷирони тоҷик дар Русия кори дуруст нест, зеро ба қавли ӯ онҳое, ки дар Русия авбошӣ ва таҷовуз мекарданд, дигарбора ба кишвар бармегарданд.

Ӯ то дами марг узви думаи Давлатӣ, вакили порлумони Русия буд.

Ҳоло макони дафни ӯ ва маросими ҷанозааш маълум нест.

ИНЧУНИН, БИХОНЕД:

Володин гуфт, Жириновский "зинда", вале "аҳволаш бад аст"Интиқоди Жириновский аз боз кардани роҳи 300 ҳазор муҳоҷирЖириновский пешниҳод кард, ки сафири Русия аз Қирғизистон бозхонд шавадЖириновский интиқоли муҳоҷирони тоҷику узбекро ба кор дар Русия тавассути роҳи оҳан пешниҳод кардЖириновский таронаи Манижаро дар бораи занони рус танқид кардЖириновский: "Чаро ба Осиёи Марказӣ кам таваҷҷуҳ кардем?"