Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Жириновский пешниҳод кард, ки сафири Русия аз Қирғизистон бозхонд шавад


Раиси Ҳизби либерал-демократи Русия Владимир Жириновский
Раиси Ҳизби либерал-демократи Русия Владимир Жириновский

Раиси Ҳизби либерал-демократии Русия, Владимир Жириновский, рӯзи 9-уми август пешниҳод кард, ки сафири Русия аз Қирғизистон бозхонд шавад. Сиёсатмадори рус гуфтааст, бозхонд бояд "фавран" сурат гирад ва ҳамчунин "ҳамаи робитаҳои тиҷорӣ бо Қирғизистон қатъ шавад".

Жириновский инро ба ҳамла ба фурӯшандаи русзабон дар шаҳри Бишкеки Қирғизистон рабт додааст.

Чанде пеш як муштарии маркази дилхушии MagicCity дар Қирғизистон аз ходими русзабони марказ талаб кард, ки бо забони қирғизӣ суҳбат кунад ва ашёеро сӯйи ходими русзабон ҳаво дод.

Сиёсатмадори ҷанҷолии рус пешниҳод кардааст, "пушти дари сафорати Қирғизистон дар Русия гирдиҳамоӣ ташкил шавад". "Ман шахсан ширкат мекунам. Ва бо шадидтарин лаҳн талаб мекунем, ки муҳоҷирони Қирғизистон аз Русия берун карда шаванд", - гуфт Жириновский.

Дар аввали имсол ин сиёсатмадор гуфта буд, ки Русия набояд муҳоҷирони Осиёи Марказиро роҳ диҳад.

Жириновскийро дар соли 2013 дар Қирғизистон персона нон грата эълом карда буданд. Вай он замон пешниҳод карда буд, ки қирғизистониҳо дар ивази бахшидани қарзҳояшон аз сӯи Русия Иссиқкӯлро диҳанд.

XS
SM
MD
LG