Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Володин гуфт, Жириновский "зинда", вале "аҳволаш бад аст"


Владимир Жириновский. Акс аз моҳи сентябри 2021
Владимир Жириновский. Акс аз моҳи сентябри 2021

Раиси Думаи Давлатӣ бархилофи гузориши расонаҳо гуфт, ки Владимир Жириновский, раиси Ҳизби либерал-демократи Русия, "зинда аст", аммо аҳволи сиёсатмадори ҷанҷолии 75-сола дар "вазнин" аст.

Хабаргузории давлатии ТАСС рӯзи 25-уми март аз қавли Вячеслав Володин навишт, Жириновский дар шифохонае дар Маскав хобидааст.

Изҳороти Вячеслав Володин чанд дақиқа пас аз он садо дод, ки хабаргузории давлатии РИА Новости аз қавли сенатор Александр Пронюшкин гуфт, Жириновский дар бемористон даргузашт. Пронюшкин дар ин бора дар Телеграм навишта буд ва дертар онро пок кард.

Ҳизби либерал-демократи Русия хабарҳоро дар бораи мурдани Владимир Жириновский рад намуд. Вазорати тандурустии Русия дар эъломияе вазъи Жириновскийро “муътадил” арзёбӣ кард. Вазорат гуфт, “табибон ба расондани кумаки тиббӣ идома медиҳанд."

Владимир Жириновскийро дар аввали моҳи феврали имсол дар бемористон бистарӣ карданд. Ӯ ба коронавирус мубтало шуда буд.

Раиси Ҳизби либерал-демократи Русия, ки иддае ӯро "забони Кремл" меноманд, бо изҳороти баҳсбарангезаш дар бораи Тоҷикистону муҳоҷирони корӣ низ шинохта аст.

XS
SM
MD
LG