Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Жириновский интиқоли муҳоҷирони тоҷику узбекро ба кор дар Русия тавассути роҳи оҳан пешниҳод кард


Владимир Жириновский як сиёсатмадори миллатгаро буда, борҳо бо назарҳои таҳқиромезу интиқодиаш дар робита бо муҳоҷирони корӣ изҳорот додааст
Владимир Жириновский як сиёсатмадори миллатгаро буда, борҳо бо назарҳои таҳқиромезу интиқодиаш дар робита бо муҳоҷирони корӣ изҳорот додааст

Владимир Жириновский, раиси Ҳизби либерал-демократи Русия ва як сиёсатмадори миллатгарову пархошгар, пешниҳод кардааст, ки барои интиқоли муҳоҷирони Тоҷикистону Узбекистон ба Русия, роҳҳои оҳан боз шаванд. Матбуоти русӣ аз қавли Жириновский менависад, беҳтар мебуд “агар ширкатҳои сохтмонӣ бо ташкили қатораҳои махсус муҳоҷиронро ба маҳалли корашон мерасониданд”. Ба андешаи ӯ, бо анҷоми корҳои сохтмонӣ “онҳоро боз ҳам тариқи ҳамин поездҳо ба ватан бозгардонанд”. Ин сиёстамадори рус дар идомаи сӯҳбаташ мегӯяд, ба оилаҳои тоҷикону узбек, ки аксаран кишоварзаанд, “метавон дар деҳоти Русия имкони зиндагиро фароҳам овард”. Пешниҳоди Жириновский дар ҳоле садо медиҳад, ки вазорати нақлиёти Узбекистон бо мақомоти Русия масъалаи барқарор гардидани ҳаракати қатор тавассути роҳи оҳанро баррасӣ мекунанд. Масъулони Идораи роҳи оҳани Тоҷикистон ҳам гуфтанд, мунтазири иҷозати кишварҳои ҳамсоя барои шурӯи рафтуомад ҳастанд.

XS
SM
MD
LG