"Мушкили дастрасӣ ба иттилоъ, фишор, маоши кам..." Дар Иди матбуот аз мушкилоти соҳа гуфтанд. ВИДЕО

Рӯзноманигорони тоҷик дар рӯзи идашон 11-уми март аз мақомот мехоҳанд, дастрасӣ ба иттилоъро осон карда, фишорҳоро қатъ кунанд ва маошҳоро низ бознигарӣ намоянд.

Мақомот мегӯянд, заминаҳои ҳуқуқӣ барои фаъолияти озоди расонаҳо дар кишвар таъмин аст. Аммо бархе рӯзноманигорон ва ҳам созмонҳои ҳомии ҳуқуқ мегӯянд, воқеият дар амал баръакс аст ва он чӣ дар қонунҳо навишта шудааст, пурра иҷро намешавад.

“10-15 бор занг мезанем, ягон ҷавоб нест”

Мусо Бобоҳоҷиев, хабарнигори гуруҳи расонаҳои “Азия-Плюс” аст. Ду рӯзи охир ӯ саргарми пайгирии муноқишаи ахир дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон аст. Ба шаҳрдори Исфара, Қушунҳои сарҳадӣ ва дигар ниҳодҳо занг мезад, то назари расмиро пайдо кунад. Вале дар ҳамаи ин ниҳодҳо аз додани иттилоъ худдорӣ мекарданд. Чунин ҳолат барои ин хабарнигор ва дигар кормандони расонаҳои мустақил дар Тоҷикистон нав нест.

Мӯсо Бобоҳоҷиев

“Мушкили рақами яки рӯзноманигорон дар Тоҷикистон дастрасӣ ба иттилоот мебошад, - мегӯяд Мӯсо Бобоҳоҷиев. - Ба як вазорат 10-15 маротиба ва зиёдтар занг мезанед, аммо масъулин ба зангҳои шумо посух намегӯянд. Мисоли мушаххас - ҳамин тирпарронии ахир дар марз. Наздики 5 соат мешавад, ки ягон ниҳод ба мо посух намедиҳад. Вале ҷониби Қирғизистон баъди 15 дақиқаи ҳодиса аллакай хабари расмиро нашр кард”.

Хабарнигорони расонаҳои мустақил аз чандин ҳолати мушкили дастрасӣ ба иттилои расмӣ дар ҳолатҳои сар задани ҳодисаҳои мухталиф, мисли бӯҳрон дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, ёд мекунанд.

“Агар шароит намебуд, 75 дарсади нашрияҳо мустақил намебуд”

Ба ҷуз аз дастрасӣ ба иттилоъ мушкили дигар барои рӯзноманигорон ба гуфтаи Бобоҳоҷиев фишорҳо аст. Ин хабарнигор мегӯяд, гоҳо баъди пахши ягон иттилоъ аз рақамҳои ношинос занг мезананд, ё бархе ходимон ба “суҳбатҳои фаҳмондадиҳӣ” даъват мекунанд.

Солҳои пеш низ хабарнигорони расонаҳои мустақил аз фишорҳои мақомот шикоят доштанд. Вале мақомот ҳамеша ин ҳолатҳоро рад кардаанд.

Раҳмоналӣ Шералиев

Раҳмоналӣ Шералиев, сардори Раёсати табъу нашр ва матбуоти Вазорати фарҳанг ба Радиои Озодӣ гуфт, дар Тоҷикистон ҳама заминаҳои ҳуқуқӣ барои фаъолияти озоди расонаҳо фароҳам аст. Далелаш, ба гуфтаи Шералиев ин аст, ки 75 дарсади расонаҳои чопӣ дар Тоҷикистон мустақил ё ғайридавлатӣ ҳастанд. “Агар мо шароити ҳуқуқӣ ва ҳам шароити воқеии фаъолият намедоштем, рақамҳо ин қадар фарқкунанда намешуд,” - таъкид мекунад ин масъули вазорати фарҳанг.

Созмонҳои ҳомии ҳуқуқи инсон, аз ҷумла Гузоришгарони бидуни марз, солҳост, ки Тоҷикистонро барои маҳдуд кардани озодии баён танқид мекунанд. Имсол Тоҷикистон дар шохиси матбуоти озоди ин созмони байналмилалӣ як зина поин рафта, дар ҷои 162-юм қарор гирифт.

Аммо мақомоти Тоҷикистон ҳамеша интиқодҳои созмони ҳомии ҳуқуқи инсонро “якҷониба гуфтааанд.”

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

"Даҳ бор ба вазорат занг мезанӣ..."

“Маошро зиёд кунед

Агар барои расонаҳои мустақили Тоҷикистон дастрасӣ ба иттилоъ ва фишорҳо мушкилии асосӣ бошанд, пас барои хабарнигорони нашрияҳои расмӣ камии маош мушкил асосӣ аст.

Қурбон Аҳмадзода, хабарнигори рӯзномани “Минбари халқ”, нашрияи Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон гуфт, 1315 сомонӣ (101 доллар) маош мегирад. Ин маблағ барои Аҳмадзода, ки бо ҳамсар ва ду фарзандаш зиндагӣ мекунад, намерасад.

Қурбон Аҳмадзода

“Кам будани маош дасту дили моро аз бисёр чизҳо хунук мекунад ва водор месозад каме ҳам бошад аз касбияти худ дур шавем,” - таъкид кард хабарнигори “Минбари халқ.”

Ҷашни асосии иди матбуот имсол дар бинои Осорхонаи миллии Тоҷикистон баргузор шуд. То замони касби истиқлоли Тоҷикистон, рӯзноманигорони кишвар 5-уми май - рӯзи нашри нахустшумораи рӯзномаи "Правда" - нашрияи асосии Ҳизби коммунисти Шӯравии пешинро чун иди касбии худ таҷлил мекарданд.

Дар соли 1994 бо пешниҳоди муҳаққиқи шинохтаи тоҷик Пайванди Гулмуродзода Рӯзи матбуоти тоҷик, 11-уми март муқаррар шуд. Ин сана аз чопи нахустин шумораи нашрияи тоҷикии "Бухорои Шариф" гирифта шудааст. "Бухорои шариф" бори аввал 11-уми марти соли 1912 чоп шуда буд.

ИНЧУНИН, БИХОНЕД:

Нуриддин Саид гуфт, ки чаро баҳсҳои марзӣ ва ҳодисаҳои Хоруғро бозтоб намедиҳанд. САДО, ВИДЕО30 соли КДАМ. Нақш ва таъсири он ба зиндагии сокинони Тоҷикистон чист?Интихоби Ализода, рейтинги меъёрҳои ахлоқии расонаҳо ва таъсири COVID-19. Дар Шӯрои ВАО чӣ гузашт? ВИДЕО Фаъолони Бадахшон шарҳи якҷонибаи "марги Гулбиддин"-ро нодуруст медонанд "Номаҳои беҷавоб". Гузориши НАНСМИТ дар бораи мушкил шудани кори рӯзноманигорон. ВИДЕОТоҷикистонро дар нишасти Созмони Милал танқид карданд. ВИДЕО