Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистонро дар нишасти Созмони Милал танқид карданд. ВИДЕО


Тоҷикистонро дар нишасти СММ танқид карданд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:09 0:00

Наворро дар инҷо бинед

Ҳукумати Амрико ҳангоми арзёбии гузориши Тоҷикистон ба Созмони Милал дар бораи риояи ҳуқуқи инсон аз набуди пешрафт дар ин самт изҳори нигаронии амиқ кард.

Намояндаи Амрико дар нишасти Кумитаи ҳуқуқи башари Созмони Милали Муттаҳид, ки рӯзи 4-уми ноябр онлайн баргузор шуд, гуфт, Тоҷикистон бояд вазъро ислоҳ кунад.

Ӯ афзуд: "Мо аз озори гуногунандешони табъидӣ аз тарафи ҳукумат бо ҳадафи хомӯш кардани танқидҳо аз хориҷ нигарон ҳастем. Мо аз идомаи гузоришҳо дар бораи онки нерӯҳои амниятӣ боздоштшудаҳо ва зиндониёнро шиканҷаву азият мекунанд ва шароити сахту хатарнок барои зиндагӣ дар изтироб ҳастем."

Дар нишасти мазкур мақомоти Тоҷикистон гуфтанд, иддаоҳо дар бораи азияту шиканҷа беасос аст.

Нишасти Кумитаи ҳуқуқи башари Созмони Милал 4-уми ноябр баргузор шуд ва дар он ҳамчунин намояндагони кишварҳои дигар ҳукумати Тоҷикистонро барои фишор ба матбуоти мустақил, бастани сомонаҳои хабарӣ, гуногунандешон танқид карданд ва аз ҳукумат хостанд, ин вазъро ислоҳ кунад.

Давлати Тоҷикистон солҳои охир барои таъқиби дигарандешон, бахусус аъзои Ҳизби дар кишвар мамнӯи наҳзати исломӣ, танқиди зиёд мешунавад.

XS
SM
MD
LG