Интихоби ӯ ба ин мақом дар ҷаласаи солонаи ин Шӯро, ки 24-уми декабр дар Душанбе баргузор шуд, сурат гирифт. Вай дар ин мақом ҷойгузини Бахтиёр Ҳамдам, сардабири “Минбари халқ” шуд, ки тайи ду соли ахир раҳбарии ин созмони журналистиро ба ӯҳда дошт. Ҳуринисо Ализода дар гузашта дар идораҳои мухталиф, аз ҷумла, раҳбари маҷаллаи "Бонувони Тоҷикистон", баъдан ба ҳайси муовини раиси Китобхонаи миллӣ кор кардааст.
Дар ҷаласа журналистон Илҳоми Ҷамолиён, Раҷаби Мирзо ва Носирҷон Маъмурзода аъзои нави раёсати Шӯрои ВАО интихоб шуданд. Дар умум ин Шӯро 9 узви раёсат дорад.
Қабл аз интихоби раис, дар ин нишаст вазъи расонаҳо дар давраи пандемияи COVID-19, мушкили дастрасӣ ба иттилоъ, аз ҷумла ҳангоми сар задани муноқишаҳои марзӣ миёни Тоҷикистону Қирғизистон, нақзи меъёрҳои ахлоқии журналистӣ аз сӯи расонаҳо баррасӣ шуд.
Хуршед Қурбоншоев, ҳуқуқшиноси Шӯрои ВАО гуфт, танҳо дар 6 моҳи ахири имсол расонаҳои кишвар дар бештар аз 450 ҳолат нақзи меъёрҳои ахлоқии журналистиро нақз кардаанд. Ӯ афзуд, ки моҳҳои июн-ноябри имсол бо фарогирии 80 расона маниторинге анҷом додаанд ва як рӯйхати даҳгонаи расонаҳоро низ тартиб додаанд, ки аз ҳама бештар ба нақзи меъёрҳо даст задаанд. “Бино ба ин арзёбиҳо, нашрияи "Фараж" - 55 бор ё бо 55 ҳолат дар ҷои аввал, Pressa.tj - 44 бор, "СССР" - 28, "Самак" - 27, Oila.tj - 24, "Боҷу хироҷ" - 23, "Тоҷикистон" - 22, "Минбари халқ" - 20, "Мароми пойтахт" " - 20, "Дайҷест пресс" – ва м"Оила" - 16 борӣ меъёрҳои ахлоқиро вайрон намудаанд"- афзуд ӯ.
То ҳол вокуниши раҳбарони ин расонаҳо ба чунин раддабандӣ маълум нест. Бахтиёр Ҳамдамов, раҳбари нашрияи "Минбари Халқ", ки расонааш дар ҷои 8-уми ин руйхат аст, гуфт, ки эътирозе надорад ва камбудҳоро қобили қабул меҳисобад. Саёфи Мизроб, сардабири нашрияи "СССР" дар пай нашри хабарҳо аз ин баҳогузорӣ дар шабакаи "Фейсбук" эътироз ва норогии худро аз ин баҳогузории Шӯрои ВАО баён дошт.
Баҳси риояи ахлоқи журналистӣ дар расонаҳо солҳост миёни ҷомеа журналистӣ садо медиҳад, вале ин мушкил ба назари бархе огоҳон, баръакс, дар расонаҳои ватанӣ бештар шудааст.
Набӣ Юсупов, муассиси сомонаи nuqta.tj, ки мавзӯи таъсири COVID-19 ба расонаҳоро пайгирӣ намудааст, дар нишасти Шӯрои ВАО гуфт, яке аз сабабҳои қатъи кори нашрияҳои "Чархи гардун", "Вечёрка", Дайҷест пресс" ва "Авитсена" таъсири бемории ҳамагир буд. Аз Набӣ Юсупов пурсиданд, ки оё маълум аст чанд журналист аз бемории COVID-19 даргузаштааст, посухи дақиқ надод. Нуриддин Қаршибоев, раҳбари Анҷумани миллии расонаҳои мустақили Тоҷикистон гуфт, "Радиои Озодӣ рӯйхати онҳое, ки аз коронавирус фавтидаанд, тартиб додааст, аз миёни онҳо журналистони алоҳидаро ҳисоб кардан мумкин аст, ки микдорашон аз 20 нафар зиёд аст".
Иршод Сулаймонӣ, аъзои раёсти Шӯрои ВАО дар ин нишаст дастрасӣ ба иттилоъро аз мушкили асосии расонаҳои кишвар номида, таъкид кард, ки чунин мушкил дар давраи муноқишаҳои ахири марзӣ байни Тоҷикистону Қирғизистон бештар эҳсос шуд. Ӯ гуфт: "Дар низои мусаллаҳонаи охири моҳи апрели имсол мушкилтарин масъала барои расонаҳои Тоҷикисон ин дастрасӣ ба иттилои дақиқ, фаврӣ ва беғаразона буд ва, мутаассифона, то ҳол ҳеҷ мақоми давлатии мо, ки салоҳият дошт, ҳамин ҳаводисро ба расонаҳои мо шарҳ надод".
Дар ҷаласаи Шӯрои ВАО интиқодҳое низ аз кори Шӯрои ВАО садо дода, гуфта шуд, ки ин созмони журналистӣ бояд дар ҳимоя аз ҳуқуқи журналистон ва мушкили дастрасӣ ба иттилоъ фаъол шавад.
Шӯрои ВАО як созмони мустақили журналистист, ки соли 2009 ташкил шуда, дар баробари ҳимоят аз ҳаққи хабарнигорон муҳтавои матолиби нашрияҳоро аз нигоҳи мутобиқаташон ба Кодекси ахлоқи журналистӣ пайгирӣ мекунад.
Дар гузашта созмонро Иброҳим Усмонов, Зиннатуллоҳи Исмоил, Қироншоҳ Шарифзода, Нуриддин Қаршибоев ва Хуршеди Атовулло раҳбарӣ кардаанд.
Ҷаласаи солонаи Шӯрои ВАО то замони интихоби раҳбари нав баргузор шуд ва таҳияву қабули тавсияҳо ба хотири риояи меъёрҳои ҳуқуқӣ ва ахлоқӣ аз масъалаҳои мавриди баҳс буд.
Ду сол пеш, дар ҷаласаи ин Шӯро Қироншоҳ Шарифзода, мунаққиди расонаҳо гуфта буд, ки муҳаррирон бояд маводеро, ки мақомот барои нашр мефиристанд, таҳрир ва ибораҳои айбдоркунанда ва таҳқиркунандаро ислоҳ намоянд. Риояи чунин меъёр, ки расонаҳо набояд ба таҳқиру айбдоркунанӣ дода шаванд, дар ҷаласаи рӯзи 24-уми декабри Шӯро ВАО садо дод.
Ин дар ҳолест, ки солҳои охир матбуоти мустақили тоҷик дучори мушкилоти зиёд, аз ҷумла камбуди молӣ ва фишор барои пӯшиши масоили ҳассосу сиёсӣ рӯбарӯ шуда, даҳҳо журналист тарки касб кардаанд.