Ба бовари раиси Кумитаи телевизион ва радиои Тоҷикистон, пахши гузоришҳо дар бораиҷанҷолҳои марзӣ бо Қирғизистон ва ҳодисаҳои охир дар вилояти Бадахшон "хилофи арзишҳои ватандориву сулҳу суботи кишвар" мебошанд. Ин ҳарфҳоро Нуриддин Саид 8-уми феврал баён дошт. Телевизион ва радиои Тоҷикистон ниҳодҳои давлатиянд ва аз буҷаи кишвар таъмини молӣ мешаванд. Бинандагону шавандагон борҳост, онҳоро ба пахши матолиби якҷониба ва бештар барномаҳои тафреҳӣ айбдор мекунанд.
"Моро бо ченакҳои худ муқоиса накунед"
Мазҳаб Ҷумъа, хабарнигори "Азия-Плюс", дар нишасти хабарӣ аз Нуриддин Саид, раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди ҳукумати Тоҷикистон, сабаби бозтоб наёфтани ҳодисаҳои ахири марзиро бо Қирғизистон пурсид. Посухи Нуриддин Саид, ки боиси норизоиятии хабарнигорон шуд, чунин буд:
"Кумитаи телевизион ва радиои назди ҳукумати Тоҷикистон, муассисаи давлатӣ, татбиқкунандаи сиёсати давлат дар соҳаи иттилоот аст. Аз пахши ҳамагуна иттилооте, ки хилофи истиқлоли давлатии мо аст, хилофи амну суботи давлатии мо аст, хилофи ташаккулёби миллати мо аст, худшиносии миллии мо аст, ифтихори ватандории мо аст, шаъну шарафи шаҳрвандии мо аст, худдорӣ мекардем, мекунем ва дар оянда ҳам хоҳем кард. Радиои Озодӣ дигарай, моро бо ченакҳои худ муқоиса накунед."
Нуриддин Саид ҳамчунин гуфт, дар сурати вуҷуди иттилои расмӣ, ба мисли изҳороти Саймуъмин Ятимов, раиси КДАМ-и Тоҷикистон, онро тарҷума ва ба се забон пахш мекунанд.
Дархости фаъолони Бадахшон чӣ шуд?
Хабарнигорон ҳамчунин аз Нуриддин Саид пурсиданд, ба муроҷиати фаъолони вилояти Бадахшони Тоҷикистон, ки хоҳони суҳбати телевизионӣ шуданд, чӣ посух додааст? Раиси Кумитаи телевизион ва радио гуфт, чунин дархосте ба онҳо нарасидааст, вале дар ҳар сурат, "ба чунин нафарон шароити суҳбати телевизиониро нахоҳад дод".
Мазҳаб Ҷумъа, хабарнигори "Азия Плюс", аз чунин мавзеъгирии раиси Кумитаи телевизион ва радиои Тоҷикистон изҳори норозигӣ кард ва онро ғайри қобили қабул донист. Ӯ гуфт: "Ҳам ҳодисаҳои соли гузашта ва ҳам ҳодисаҳои имсол дар марз исбот намуд, ки мо ҷанги иттилоотиро ба Қирғизистон бой медиҳем. Танҳо як ё ду расонаи мустақилу хориҷӣ буданд, ки аз ин ҳодисаҳо барои мо иттилоъ медоданд. Маълум шуд, ки дар баробари расонаҳои қирғизистонӣ хеле суст ҳастем."
Манижа Қурбонова, таҳлилгари сомонаи "Новый репортер", як лоиҳаи созмони "Интернюс", ки танишҳои марзии миёни Тоҷикистону Қирғизистонро пайгирӣ мекунад, гуфт, изҳори назари Нуриддин Саид ба унвони як мақоми баландпояи ҳукуматӣ яке аз сабабҳои асосии бохти Тоҷикистон дар ҷанги иттилоотӣ мебошад.
Гузориши видеоӣ дар инҷост:
Мушкили расонаҳои давлатӣ ва мустақил дар Тоҷикистон
Телевизиони Тоҷикистон, инчунин, дар мавриди рӯйдодҳои ахири Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон низ ё хабар намедиҳад ва ё маълумоти якҷониба пахш мекунад. Кошиноси расонаҳи ахбори ом, Манижа Қурбонова, чунин сиёсати иттилоотиро чашмпӯшӣ аз ҳақиқатҳо донист.
"Расонаҳои давлатӣ ба манбаи иттилоъ дастрасӣ доранд, аммо интизор мешаванд, ки мақоме чизе бигӯяд ва менависанд. Расонаҳои ғайридавлатӣ имкони бозтоби ҳама мавзуъҳои доғро доранд, аммо манбаъ надоранд. Ҳатто, агар чизе навиштанд, мавриди фишори мақомот қарор мегиранд. Ба ҳамин далел, ҳоло дар матбуоти Тоҷикистон худсензура авҷ гирифтааст," -- шарҳ дод ӯ.
Дар зимн, задухӯрдҳои мусаллаҳона дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон аз соли гузашта шуруъ шуда, боиси ҳалокати даҳҳо нафар аз ду ҷониб шудааст. Сабаби танишҳо бештар аз 400 километр марзи таъйинношудаи Тоҷикистону Қирғизистон аст. Ду кишвар дар тӯли сӣ соли баъд аз касби истиқлол натавонистаанд ин мушкилро ҳалл кунанд.
Мушкил дар робитаи мақомоти расмии Душанбе ва сокинони вилояти Бадахшон низ моҳи дувум аст, ки рӯ ба нармӣ намеорад. Мақомот аз зарурати мубориза бо ҷинояткорӣ дар минтақа мегӯянд, вале сокинону фаъолон ба поймол шудани ҳуқуқи худ ишора мекунанд.