Дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон сокинон бо ҳам боз "Оши оштӣ" хӯрданд. ВИДЕО

Бузургсолони тоҷику қирғиз бо ҳам вохӯрданд.

Охири ҳафтаи гузашта дуюмин вохӯрии намояндагони мардумии деҳоти марзии Тоҷикистону Қирғизистон доир шудааст.

Ин дуюмин мулоқоти ғайрирасмии сокинони "минтақаи баҳсӣ" баъди муноқишаи мусаллаҳонаи охири моҳи январ аст.

Ҳамсуҳбатони Радиои Озодӣ дар ин минтақагуфтанд, ки ин вохӯриҳо асосан бо миёнҷигирии кормандони пулиси ду кишвар сурат гирифта ва дар мулоқоти ахир бештар аз 100 нафар ширкат кардаанд.

Дар ин маърака намояндагони расмӣ ё кормандони ҷамоату ҳукумат ширкат накардаанд.

Шукурхон Насриев, раиси ҷамоати Чоркуҳ гуфт: "Дар вохурии ахир аз ҷониби мо намояндагони деҳаҳои Сомониёну Хоҷаи Аъло ва аз ҷониби онҳо сокинони деҳаи Оқтатиру Ортабуз ҳузур доштаанд. Мо ҳарчанд иштирок накардем, вале фаҳмидем, ки бисёр суҳбатҳои хуб шудааст ва пешниҳодҳои ҷолиб будааст. Яъне, ҷонибҳо ҳамдигариро ба тую сури хеш даъват карда, хоҳиш кардаанд, ки мусобиқаву чорабиниҳои муштарак таъсис бидиҳанд".

Ин вохӯриҳо ду дафъа дар атрофи деҳаҳои Сомониёну Навобод аз ҷониби Тоҷикистон ва деҳаҳои Куктошу Самарқандаки Қирғизистон доир шудаанд. Қарор аст ба зудиҳо сокинони ду минтақа боз чунин дидору мулоқотҳоро дар рӯҳияи дӯстона барпо намоянд.

Видео аз вохӯрии аввали сокинони ду сӯи марзро инҷо тамошо кунед:

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

"Оши оштӣ" пас аз муноқишаи мусаллаҳона дар марз

Аввалин бор пас аз як ҳафтаи муноқишаи мусаллаҳона дар сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон, ки ду кушта ва даҳҳо захмӣ ба ҷой гузошт, чанде аз намояндагони деҳаҳои наздимарзӣ бо нияти "оши дӯстона" ҷамъ шуда буданд.

Мулоқот дар наздикии "роҳи 275-метрӣ" баргузор шуда буд. Ҷое, ки Тоҷикистон қаламрави худ медонад, аммо Қирғизистон замини баҳсӣ мешуморад. Мақомоти ду тараф дар бораи вохӯрӣ изҳороте нашр накардаанд.

Дар чанд аксу навори видеоӣ, ки сокинон дар ихтиёри Радиои Озодӣ гузоштанд, дида мешавад, ки пирони деҳаи Хоҷаи Аъло бо ҷомаву тоқии хоси маҳал ва ҳамсояҳо дар сар кӯлоҳи қирғизӣ бо ҳамдигар бо рӯҳияи хуш суҳбат доранд. Яке аз пирон дар ин дидор даст ба дуо бардошта мегӯяд, “аз ҷангу ҷанҷоли беҳуда Худо ҳамаро нигаҳ дорад” ва ҳамин тавр ҳама омин мекунанд.

Хабаргузории қирғизии "Turmush" ҳам аз ин мулоқот иттилоъ дода, зикр кардааст, ки дар он пирони деҳаҳои Куктош, Оқсой, Тош-Тумшуқ, сардори Шуъбаи корҳои дохилии ноҳияи Бодканд, сардорони Шуъбаи корҳои дохилӣ 2-и Исфараву ҷамоати Ворух иштирок карданд.

Бино ба навиштаи манбаъ, “ин вохӯрӣ бо мақсади таҳкими муносибатҳои дӯстона байни аҳолӣ, таъмини амният ва нигоҳ доштани вазъи муътадил дар минтақаи марзӣ барпо шуд.”

Ҷонибҳо қавл додаанд, ки муносибатҳои ҳамсоядориро беҳтар мекунанд.

Моҳи сентябри соли гузашта, пас аз латукӯби як гурӯҳ аз хонандагони мактаби деҳаи Сомониён аз суйи сокинони Қирғизистон, гурӯҳе аз занони наздимарзӣ мулоқот карда, хоҳони сулҳу оштӣ шуда буданд. Вале дертар як муаллими мактаби Сомониён сахт латукӯб шуд.

Дар ҳамагуна ҳодиса ҷонибҳо якдигарро гунаҳкор медонанд.

Пештар ташкилоти зиёде вобаста ба таҳкими дӯстии ду кишвар бо маблағгузории созмонҳои байнулмилалӣ фаъолият доштанд. Онҳо зуд-зуд маҳфилу бозиву баҳамоии дӯстона ташкил мекарданд, вале чанде аз кормандони собиқи созмонҳо мегӯянд, бо бештар шудани муноқишаҳо, кори онҳо низ барҳам хӯрд.

Мулоқоти ахир ҳам дар ҳоле сурат мегирад, ки шаби 27 ба 28-уми январ дар марзи миёни Исфара ва Бодканд даргирии хунин сар зад ва аз ду ҷониб даҳҳо нафар захмӣ ва аз Тоҷикистон ду тан кушта шуданд.

ИНЧУНИН, БИХОНЕД:

Намояндагони Тоҷикистону Қирғизистон "оши оштӣ" хӯрданд, вале нобоварӣ мондааст. ВИДЕОСохтмони девор дар наздикии сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон баҳсбарангез шуд Ҳодисаи нав дар сарҳади Тоҷикистону ҚирғизистонРусия мехоҳад, ба ҳалли низоъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон дахолат кунадПарвандаи “хиёнат ба ватан”. Барои созиш бо Тоҷикистон ё рақобат бо Ҷабборов?Қирғизистон тасдиқ кард, ки 81 километр марз бо Тоҷикистон муайян шудааст"Даҳҳо хона вайрон шудааст." Тоҷикистон зарари молии муноқишаро дар марз ҳисоб мекунад. ВИДЕО