Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Парвандаи “хиёнат ба ватан”. Барои созиш бо Тоҷикистон ё рақобат бо Ҷабборов?


Адахон Мадумаров
Адахон Мадумаров

Адахон Мадумаров, вакили порлумон ва раҳбари ҳизби "Бутун Қирғизистон"-ро ба "хиёнат ба ватан" муттаҳам кардаанд. Порлумони Қирғизистон барои баррасии қазия кумисюн ташкил дод. Худаш рӯзи 10-уми феврал ба бахши қирғизии Радиои Озодӣ гуфт, "иттиҳом 100 дар сад сиёсӣ аст". Бо ин ҳол, тафсилоти парванда маълум нест.

Ҳизби "Бутун Қирғизистон" аз мухолифони аршади ҳукумати Содир Ҷабборов (Жапаров) аст. Баъзе аз шореҳон мегӯянд, Адахон Мадумаров метавонад, дар интихоботи оянда аз номзадҳои дар фазои сиёсии Қирғизистон матраҳи президентӣ бошад. Вай дар интихоботи соли 2021 низ аз рақибони Содир Ҷабборов буд, вале ба иттилои расмӣ ройи камтар гирифт.

Гузашта аз ин, Мадумаровро дар як моҳи охир ҳафт бор ба Додситонии кулли Қирғизистон даъват карда, дар бораи ба иҷора гирифтани 5 гектар замин дар сарҳад бо Тоҷикистон (соли 2009) бозпурсӣ кардаанд. Гап дар бораи "роҳи 275-метрӣ" меравад, ки Тоҷикистон қаламрави худ мешуморад, аммо Бишкек замини баҳсӣ медонад. Замони имзои санад Адахон Мадумаров раиси Шӯрои амнияти Қирғизистон буд.

Ин қитъаи замин, ки бо номи "Торт Кочо" низ машҳур аст, дар наздикии буриши роҳи Ворух – маркази Исфара ҷойгир буда, ноҳияи Лайлаки Қирғизистонро бо Бодканд ва деҳаҳои Хоҷаи Аъло ва Сомониёни ҷамоати Чоркӯҳро ба ҳам мепайвандад. Деҳаҳои Куктош ва Ортабози Қирғизистон ҳам дар ин ҳудуд ҳастанд.

Ориф Хоҷазода, раиси Кумитаи давлатии идораи замини Тоҷикистон, 4-уми феврал, ҳангоми нишасти хабарӣ, гуфт, “ин замин соли 2009 аз тарафи Тоҷикистон ба Қирғизистон ба иҷора дода шудааст.”

Баъзе аз мансабдорон ва созмонҳои сиёсӣ дар Қирғизистон бар ин боваранд, ки имзои санад дуруст набуд ва ҳоло “Тоҷикистон ин қитъаро аз они худ меномад”. Дар расонаҳои Қирғизистон изҳори нигаронӣ мешавад, ки аз они Тоҷикистон дониста шудани ин қитъаи роҳ амалан ноҳияи Лайлаки ин кишварро ба "анклав" ё ҷазирқаламрав табдил медиҳад.

Адахон Мадумаров мегӯяд, санад эътибори ҳуқуқӣ надорад ва “ба ҳеч ваҷҳ ба музокироти марзӣ таъсир намерасонад”. Содир Ҷабборов (Жапаров), раиси ҷумҳурии Қирғизистон, 17-уми январ дар суҳбат бо нашрияи "Вечерний Бишкек" гуфта буд, ки протоколи қаблан имзошударо дар бораи ба иҷора додани роҳ эътироф намекунад.

Аз 970 километр сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон тақрибан ниме аз он таъйину нишонагузорӣ нашудааст ва номуайянӣ ҳар чанд вақт сабаби баҳсу муноқишаи мусаллаҳона байни ду ҳамсоя мешавад.

Дар охири моҳи январи имсол дар марзи миёни Исфараи Тоҷикистон ва Бодканди Қирғизистон даргирии хунин сар зад ва аз ду ҷониб даҳҳо нафар захмӣ ва аз тарафи Тоҷикистон ду тан кушта шуданд.

Пас аз фурӯпошии Иттиҳоди Шӯравӣ дар соли 1991, сарҳади бисёре аз кишварҳои замоне "бародар" номаълум ва баҳсбарангез монданд. Аз ҷумла, дар Осиёи Марказӣ ҳам. Вазъият дар водии Фарғона, ки сарҳади Қирғизистон, Тоҷикистон ва Узбекистонро ба ҳам мепайвандад, мураккаб гуфта мешавад.

XS
SM
MD
LG