Телевизиони Бадахшон навори суҳбати Аловатшоевро нашр кард

Амриддин Аловатшоев дар навори ТВ Бадахшон

Телевизиони давлатии "Бадахшон" навори суҳбати Амриддин Аловатшоев, яке аз чеҳраҳои бонуфуз дар минтақаро нашр кард. Ӯ ҳоло дар боздошт аст.

Ба қавли пайвандонаш, Аловатшоевро 11-уми январи имсол дар Белгород дастгир карда, сипас ба Тоҷикистон овардаанд. Додситонии кулли Тоҷикистон рӯзи 2-юми феврал гуфт, ки "ӯ истирдод шуд". Вазорати корҳои дохилӣ иддао кард, ки "бо хоҳиши худ баргашт".

Амриддин Аловатшоев ба "гаравгонгирӣ, аз озодӣ маҳрум кардан ва амалҳои дигари ҷиноятҳои хусусияти муташаккилона дошта" муттаҳам аст. Чизе, ки наздикону тарафдоронаш беасос медонанд.

Дар наворе, ки 12-уми феврал нашр шуд, Аловатшоев, ки зоҳиран зери назари мақомот суҳбат мекунад, мегӯяд, зери шиканҷа қарор надорад ва худаш ихтиёрӣ ба ватан баргашт.

Ҷонибдоронаш бар инанд, ки назари ӯ зери фишори мақомот сабт шудааст ва ба ҳарфҳояш набояд бовар кард. Вай дар навор мегӯяд, “аз кардаам сахт пушаймонам, ҳазорон маротиба тавба кардаам ва дигар ба ҷиноят даст намезанам.”

Пахши ин навор дар шабакаҳои иҷтимоӣ мавриди танқид қарор гирифт. Мухолифин ин наворро идомаи эътирофҳои дуруғине номиданд, ки зери фишори мақомот дар боздошт сабт мешаванд ва мавриди эътимод нестанд.

Мақомот пас аз нашри хабарҳо дар бораи шиканҷа шудани Амриддин Аловатшоев навори суҳбати наздикон ва адвокаташро нашр карданд, ки иддао доштанд, “ӯ сиҳату саломат аст.” Дар навори пахшшуда Аловатшоев риш надорад, ҳол он ки дар ҳамаи аксҳои пешинааш бо риши кутоҳе намудор мешуд.

Дидбони ҳуқуқи башар ва Эътилофи созмонҳои ҷамъиятии зидди шиканҷа ва Ҳамкории байналмилалӣ барои ҳуқуқи инсон (IPHR) боздошти ӯро маҳкум карда буданд.

ИНЧУНИН, БИХОНЕД:

Тоҷикистонро барои боздошти Амриддин Аловатшоев танқид карданд

Амриддин Аловатшоев 44-сола ва зодаи ноҳияи Роштқалъаи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон аст. Ӯ асосан дар Русия мезист ва ба гуфтаи манобеи Радиои Озодӣ, дар ширкатҳои хусусии муҳофизатӣ (амниятӣ) кор мекард ва ҷавононро тамрин медод.

Исми Аловатшоев дар ҷараёни нооромиҳои моҳи октябри соли 2018 дар қатори номи ба истилоҳ “роҳбарони ғайрирасмӣ” дар Бадахшон – Мамадбоқир Мамадбоқиров, Толиб Айёмбеков, Мунаввар Шамбиев ва Хурсанд Мазоров – гирифта шуд. Баъдан маълум шуд, ки ӯ ҳамроҳ бо чанд нафари дигар санаде имзо кардаанд, ки дар оянда ба қонуншиканӣ даст намезананд ва ба кори мақомоти давлатӣ дар ВМКБ дахолат намекунанд.

Амриддин Аловатшоев соли 2019 ба Русия баргашт ва онҷо як ҳаракати ихтиёриёнро таъсис дод, ки ҳадафи он тарғиби ҳаёти солим дар миёни ҷавонон, ҳифзи иртиботи наздик ва кумак ба ҳамдигар будааст.

ИНЧУНИН, БИХОНЕД:

HRW дар бораи дастраси ба интернет дар Бадахшон ва парвандаи Амриддин Аловатшоев изҳорот дод"Амриддин Аловатшоев дар Тоҷикистон аст." Додситон: Истирдод шуд. ВКД: Бо хоҳиши худ баргашт. ВИДЕО"Худаш баргашт". ВКД-и Тоҷикистон ҷузъиёти парвандаи Аловатшоевро шарҳ додДодситони кул истирдоди Аловатшоевро тасдиқ кард, аммо нагуфт, гуноҳи ӯ чистАз мақомот хостанд, Амриддин Аловатшоевро нишон диҳанд