Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Худаш баргашт". ВКД-и Тоҷикистон ҷузъиёти парвандаи Аловатшоевро шарҳ дод


Амриддин Аловатшоев.
Амриддин Аловатшоев.

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ҷузъиёти парвандаи Амриддин Аловатшоевро шарҳ дод. Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилӣ рӯзи 2-юми феврал зимни нишасти хабарӣ дар посух ба суоли Радиои Озодӣ Амриддин Аловатшоевро ба ташкили эътирозҳо дар шаҳри Хоруғ дар соли гузашта муттаҳам кард.

Раҳимзода афзуд, Амриддин Аловатшоев таҳти пайгард қарор дошт ва ба гуфтаи ӯ "Аловатшоев худаш баргашт ва ӯро боздошт карданд". Аммо наздикони Аловатшоев мегӯянд, ӯ дар Русия аз сӯи мақомоти тоҷик боздошт ва ба Тоҷикистон истирдод шуд.

Шодӣ Ҳафиззода, сардори Раёсати мубориза бо ҷиноятҳои муташаккили ВКД дар ин нишасти хабарӣ гуфт, Амриддин Аловатшоев ба гаравгонгирӣ, аз озодӣ маҳрум кардан "ва дигар амалҳои хусусиятҳои ҷиноидошта" муттаҳам мешавад. Ҳафиззода афзуд, Аловатшоев ба ҳабси пешакӣ гирифта шуда, таҳқиқи парвандааш идома дорад.

Назари худи Аловатшоев ва наздиконаш дар мавриди ин гуфтаҳои мақомот ҳанӯз маълум нест.

Амриддин Аловатшоев 44-сола ва зодаи ноҳияи Роштқалъаи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон аст. Ӯ асосан дар Русия мезист ва, ба гуфтаи манобеи Радиои Озодӣ, дар ширкатҳои хусусии муҳофизатӣ (амниятӣ) кор мекард ва ҷавононро тамрин медод.

Амриддин Аловатшоев дар эътирози садҳо бадахшонии муқими Русия дар назди Сафорати Тоҷикистон дар Маскав дар рӯзи 25-уми ноябр иштирок дошт. Ӯ аз ҷумлаи 4 нафаре буд, ки бо Сафири Тоҷикистон дар Русия Давлатшоҳ Гулмуҳаммадзода мулоқот кард ва талаби эътирозгаронро расонд. Талаб аз он он иборат буд, ки омилони қатли Гулбиддин Зиёбеков боздошт ва муҷозот шуда, ба ташаннуҷи вазъ дар ВМКБ роҳ дода нашавад.

Дар ҷараёни нооромиҳои моҳи октябри соли 2018 номи Аловатшоев ҳам дар қатори номи ба истилоҳ роҳбарони ғайрирасмӣ мисли Мамадбоқир Мамадбоқиров ва Толиб Айёмбеков, гирифта шуд.

Шахсони наздик ба ӯ 13-уми январ ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки Аловатшоев пас аз тазоҳуроти моҳи ноябри соли гузашта дар назди Сафорати Тоҷикистон дар Маскав, таъқиб мешуд.

Ахиран баъзе аз фаъолони зодаи Бадахшон дар Русия бо роҳандозии як маърака аз мақомот хостаанд, ки ба қазияи Амриддин Аловатшоев равшанӣ андозанд.

XS
SM
MD
LG