Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

HRW дар бораи дастраси ба интернет дар Бадахшон ва парвандаи Амриддин Аловатшоев изҳорот дод


Охири моҳи ноябр сокинон чор рӯз дар Хоруғ эътироз карданд
Охири моҳи ноябр сокинон чор рӯз дар Хоруғ эътироз карданд

Дидбони ҳуқуқи башар рӯзи 7-уми феврал дар баёнияе аз мақомоти тоҷик хостааст, ки дастрасӣ ба интернет дар вилояти Бадахшонро фавран барқарор кунанд ва парвандаи Амриддин Аловатшоев, як фаъоли муҳоҷирон дар Русияро одилона таҳқиқ кунанд.

Дастрасӣ ба интернет дар Бадахшон пас аз оғози эътирози сокинон дар рӯзи 25-уми ноябр қатъ шуд. Амриддин Аловатшоев аввали моҳи январ дар Русия нопадид шуд ва баъдан мақомоти тоҷик тасдиқ карданд, ки боздошт шудааст.

Дидбони ҳуқуқи башар аз мақомоти тоҷик хостаанд, ки макони боздошти ӯро ифшо кунанд ва дастрасӣ ба адвокатро барояш фароҳам кунанд.

“Бастани иртиботот дар ВМКБ, на танҳо ҳуқуқи озодии баёнро поймол мекунад, балки зиндагиро барои тамоми мардум душвор ва ҳатто хатарнок мекунад.",--гуфта шудааст, дар ин изҳорот.

Амриддин Аловатшоевро пас аз он боздошт карданд, ки дар тазоҳуроти зодагони ВМКБ дар назди сафорати Тоҷикистон дар Маскав ширкат кард. Зодагони Бадахшон дар робита ба ҳодисаҳои охири моҳи ноябр дар назди сафорат эътироз карданд.

Ба қавли пайвандонаш, Аловатшоев 11-уми январи имсол дар Белгород дастгир ва сипас ба Тоҷикистон оварда шудааст. Додситонии кулли Тоҷикистон рӯзи 2-юми феврал гуфт, ки "ӯ истирдод шуд". Вазорати корҳои дохилӣ иддао кард, ки "бо хоҳиши худ баргашт".

Амриддин Аловатшоев ба "гаравгонгирӣ, аз озодӣ маҳрум кардан ва амалҳои дигари ҷиноятҳои хусусияти муташаккилона дошта" муттаҳам аст. Чизе, ки наздикону тарафдоронаш беасос медонанд.

Эътирози зодагони Бадахшон дар Хоруғ ва хориҷи кишвар замоне оғоз шуд, ки рӯзи 25-уми ноябр Гулбиддин Зиёбеков, сокини ноҳияи Роштқалъа дар натиҷаи амалиёти мақомоти интизомӣ кушта шуд. Сокинон ҷасади ӯро ба назди ҳукумати вилоят оварданд ва чор рӯз тазоҳурот карданд. Дар ин тазоҳурот ду нафари дигар кушта ва беш аз даҳ нафар захмӣ шуд.

Эътироз замоне қатъ шуд, ки мақомот ваъда доданд, марги сокини Роштқалъаро таҳқиқ мекунанд, дастрасӣ ба интернетро фароҳам месозанд ва ширакатдорони эътирозҳоро боздошт намекунанд. Сокинон мегӯянд, бо гузашти ду моҳ мақомот ваъдаи худро амалӣ накарданд ва баръакс, фишорро бештар кардаанд.

XS
SM
MD
LG