Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Додситони кул истирдоди Аловатшоевро тасдиқ кард, аммо нагуфт, гуноҳи ӯ чист


Мақомоти тоҷик барои бори аввал ба таври расмӣ дар бораи истирдоди Амриддин Аловатшоев, яке аз чеҳраҳои шинохташуда дар байни ҷавонони Бадахшон дар Маскав, ибрози назар карданд. Аловатшоев дар нимаҳои моҳи январ дар Русия нопадид шуд ва наздиконаш гуфтанд, ки ӯ ба Тоҷикистон истирдод шудааст. Аммо мақомот инро рад карда буданд.

Юсуф Раҳмон, Додситони кулли Тоҷикистон рӯзи 2-юми феврал дар нишасти матбуотии худ истирдоди Амриддин Аловатшоевро тасдиқ кард. Ӯ гуфт, ки нисбати Аловатшоев ҳанӯз соли 2018 парвандаи ҷиноятӣ боз гардида буд ва ӯ дар Русия дар ҷустуҷӯ қарор дошт. Додситони кулл дар ин робита маълумоти бештар надод ва низ нагуфт, ки ӯ бар асоси кадом моддаҳои Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон гунаҳкор мешавад.

Амриддин Аловатшоев 44-сола ва зодаи ноҳияи Роштқалъаи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон аст. Ӯ асосан дар Русия мезист ва, ба гуфтаи манобеи Радиои Озодӣ, дар ширкатҳои хусусии муҳофизатӣ (амниятӣ) кор мекард ва ҷавононро тамрин медод.

Амриддин Аловатшоев дар эътирози садҳо бадахшонии муқими Русия дар назди Сафорати Тоҷикистон дар Маскав дар рӯзи 25-уми ноябр иштирок дошт. Ӯ аз ҷумлаи 4 нафаре буд, ки бо Сафири Тоҷикистон дар Русия Давлатшоҳ Гулмуҳаммадзода мулоқот кард ва талаби эътирозгаронро расонд. Талаб аз он он иборат буд, ки омилони қатли Гулбиддин Зиёбеков боздошт ва муҷозот шуда, ба ташаннуҷи вазъ дар ВМКБ роҳ дода нашавад.

Дар ҷараёни нооромиҳои моҳи октябри соли 2018 номи Аловатшоев ҳам дар қатори номи ба истилоҳ роҳбарони ғайрирасмӣ мисли Мамадбоқир Мамадбоқиров ва Толиб Айёмбеков, гирифта шуд.

Шахсони наздик ба ӯ 13-уми январ ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки Аловатшоев пас аз тазоҳуроти моҳи ноябри соли гузашта дар назди Сафорати Тоҷикистон дар Маскав, таъқиб мешуд.

Ахиран баъзе аз фаъолони зодаи Бадахшон дар Русия бо роҳандозии як маърака аз мақомот хостаанд, ки ба қазияи Амриддин Аловатшоев равшанӣ андозанд.

XS
SM
MD
LG