Ҳукми Бузургмеҳр Ёров 4 сол кам шуд

Бузургмеҳр Ёров

Бузургмеҳр Ёров

Бар асоси қонуни нави афв, ки моҳи сентябри имсол ба иҷро даромад, муҳлати ҳабси Бузургмеҳр Ёров, вакили мудофеи зиндониро чаҳор соли дигар кам кардаанд.

Хосият Ёрова, хоҳари Бузургмеҳр Ёров, 17-уми октябр ба Радиои Озодӣ гуфт: "Дар афви соли 2019 шашуним сол аз ҷазояш кам шуда буд. Ҳоло чаҳор сол кам карда шуд. Бо ҳисоби шаш соле, ки дар маҳбас ба сар мебарад, 11 солу 6 моҳи дигари ҳукм мондааст."

Бузургмеҳр Ёров соли 2015 ба ҳимояи ҳуқуқии 14 узви раёсати олии ҳизби ҳоло дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ шуруъ кард ва баъд аз он ба қаллобӣ, сохтакорӣ, таҳқири намояндаи ҳокимият ва беэҳтиромӣ нисбат ба суд гунаҳкор ва ба 28 сол зиндон маҳкум шуд.

Ин ҳуқуқшинос шаш соли охир бо онки ба бегуноҳии худ бовари қатъӣ дорад, дар маҳбас ба сар мебарад. Наздиконаш мегӯянд, Ёровро мақомот ба хотири ҳимоят аз мухолифин ва содиқ мондан ба касбаш зиндонӣ карданд.

Созмонҳои ҳуқуқи башар ҳабси Ёровро дорои ангезаҳои сиёсӣ хонда, борҳо аз Тоҷикистон хоста буданд, ӯро аз зиндон раҳо кунад. Cозмони Милали Муттаҳид айбномаи ӯро беасос номид.

Юсуф Раҳмон, додситони кулли Тоҷикистон, қаблан дар як ҷаласаи Кумитаи ҳуқуқи башари Созмони Милал гуфта буд, ки "Бузургмеҳр Ёров, Муҳаммадалӣ Ҳаит ва Зайд Саидов… наметавонанд озод шаванд, чун ҷиноятҳои махсусан вазнин кардаанд ва дар доираи муҷозоти пешбиникардаи қонуни Тоҷикистон бояд ҷавоб гӯянд, на бар асоси қадом қонунҳои дигар".

Бузургмеҳр Ёров 50-сола ва фориғуттаҳсили факултаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи Миллии Тоҷикистон аст. Дар оғоз муфаттиши Шуъбаи корҳои дохилии шаҳри Душанбе буд. Аз соли 1998 ба ин тараф ҳамчун вакили мудофеъ фаъолият дошт ва пеш аз ҳабс иттифоқи адвокатии “Сипар”-ро роҳбарӣ мекард.

Ҳоло, ба қавли пайвандонаш, масъули китобхонаи зиндони нави шаҳри Ваҳдат аст.

ИНЧУНИН, БИХОНЕД:

"Рӯзе, ки Бузургмеҳр Ёров озод шавад, беҳтарин рӯз хоҳад буд" ВИДЕОҚонуни духела. Яке барои "худиҳо" ва дигаре барои "бегонаҳо” ва "норозиён"HRW беэътиноии Трамп ва ҳукумати Тоҷикистон ба ҳуқуқи инсонро танқид кард "Гумроҳам", "аз Пешвои миллат миннатдорам". Намунаи ариза ба паноҳҷӯёни тоҷик дар Аврупо