Бузургмеҳр Ёров, вакили мудофеи тоҷик, ки акнун шуҳрати ҷаҳонӣ дорад, панҷоҳумин зодрӯзи худро дар зиндон ҷашн гирифт.
Ин ҳуқуқшинос шаш соли охир бо онки ба бегуноҳии худ бовари қатъӣ дорад, дар маҳбас ба сар мебарад. Созмонҳои байнулмилалӣ ва ҳуқуқшиносони маъруф зодрӯзашро ба ӯ муборак гуфта, бори дигар талаби озодии фаврии ӯро карданд. Мақомот ҳамвора ба гунаҳкор будани ӯ таъкид доранд.
Соли 2015 Ёров ба ҳимояи ҳуқуқии 14 узви раёсати олии ҳизби ҳоло дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ шурӯъ кард ва баъд аз он ба қаллобӣ, сохтакорӣ, таҳқири намояндаи ҳокимият ва беэҳтиромӣ нисбат ба суд айбдор ва ба 28 сол зиндон маҳкум шуд.
Дертар бар асоси қонуни афв аз ҳукми Бузургмеҳр Ёров шашуним сол кам карданд.
"Ба хотири ҳимоят аз мухолифин ва содиқ мондан ба касб"
Наздиконаш мегӯянд, Ёровро мақомот ба хотири ҳимоят аз мухолифин ва содиқ мондан ба касбаш зиндонӣ карданд. Ба қавли Ҷамшед Ёров, бародари Бузургмеҳр Ёров, "чанд дафъа кӯшиш кардаанд, дар телевизион баромад кунад. Ҳатто аризаи тайёрро ба номи Эмомалӣ Раҳмон овардаанд, "имзо кунад ва афв хоҳад шуд". Бузургмеҳр Ёров розӣ нашуд. Аз аввал то охир дар як ақида аст, ки бегуноҳ ҳастам ва бояд озод шавам."
Ҳуриннисо Исҳоқова, модари Бузургмеҳр Ёров, низ мегӯяд, "бачаи ман ҷинояткор нест, як ҳомии мардум буд. Мегӯяд, дар маҳбас ҳама ба хотири ҳуқуқдон буданаш муносибати дӯстона ва эҳтиром доранд."
Барои содиқ мондан ба усулҳои касбӣ ва ҳимояи ҳуқуқи инсон созмонҳои байналмилалӣ ва кишварҳо ба Бузургмеҳр ҷоизаҳо додаанд. Аз ҷумла, ба ӯ ҷоизаи ба номи Ватслав Ҳавел, раисҷумҳури собиқи Чехия ва ҷоизаи Ҳомо Ҳоминиро тақдим карданд.
Созмонҳо чӣ хостанд, дар ҷавоб чӣ шуниданд?
Созмонҳои ҳуқуқи башар ҳабси Ёровро дорои ангезаҳои сиёсӣ хонда, борҳо аз Тоҷикистон хоста буданд, ӯро аз зиндон раҳо кунад. Cозмони Милали Муттаҳид айбномаи ӯро беасос номид. Дар 50-умин солрӯзаш созмони байнулмилалии ҳомии ҳуқуқ CIVICUS бо ҳештеги #StandAsMyWitness аз ҷазониён хост, ба дифои Бузургмеҳр бархезанд. Ин ниҳод зиёда аз 10 ҳазор созмонро дар саросари ҷаҳон муттаҳид кардааст. Ҳамнаво бо он Ҳамкории шаҳрвандӣ барои ҳуқуқи инсон IPHR ба раҳоии фаврии Ёров даъват кардаанд.
Ойниҳол Бобоназарова, ҳомии ҳуқуқи инсон, мегӯяд, "созмонҳои байналмилалӣ, вакилони порлумон дар кишварҳои гуногун, созмонҳои ҳомии ҳуқуқи инсон аз Тоҷикистон хоҳиш ва талаб доранд, ки Бузургмеҳрро озод кунанд. Рӯзе, ки Бузургмеҳр озод шавад, беҳтарин рӯзи ман хоҳад буд. Ӯ шогирди идеалии ман аст. Бовар дорам, ӯ озод мешавад, чунки дигар роҳ нест."
Пештар Юсуф Раҳмон, додситони кулли Тоҷикистон, дар як ҷаласаи Кумитаи ҳуқуқи башари Созмони Милал гуфта буд, "Бузургмеҳр Ёров, Муҳаммадалӣ Ҳаит ва Зайд Саидов… наметавонанд озод шаванд, чун ҷиноятҳои махсусан вазнин кардаанд ва дар доираи муҷозоти пешбиникардаи қонуни Тоҷикистон бояд ҷавоб гӯянд, на бар асоси қадом қонунҳои дигар".
Қурбонии беадолатӣ?
Баъзе аз ҳамандешони Ёров бовар доранд, вай шахсоне ба монанди ӯ қурбонии беадолатӣ шудаанд. Шӯҳрат Қудратов, яке аз вакилони мудофеи тоҷик, ки низ чанд сол дар зиндон буд, гуфт: "Бузургмеҳр Ёров нишон дод, дар ин системае, ки баъзе аз мақомоти давлатӣ ва мансабдорон ба зидди адолат амал мекунанд ва дар ҳимояи шаҳрвандони худ нестанд, кор кардан мумкин аст. На фақат кор, балки бар зидди ин гуна ноадолатиҳо бо роҳи қонунӣ мубориза бурдан имкон дорад."
Бузургмеҳр Ёров, вакили дифои шинохтаи тоҷик 9-уми июли соли 1971 дар шаҳри Душанбе ба дунё омдааст. Фориғуттаҳсили факултаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи Миллии Тоҷикистон аст. Дар оғоз муфаттиши Шуъбаи корҳои дохилии шаҳри Душанбе буд. Аз соли 1998 ба ин тараф ҳамчун вакили мудофеъ фаъолият дошт ва қабл аз ҳабс иттифоқи адвокатии “Сипар”-ро роҳбарӣ мекард.