Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

HRW беэътиноии Трамп ва ҳукумати Тоҷикистон ба ҳуқуқи инсонро танқид кард


Кеннет Рос аз Ҷо Байден хост, корҳоеро, ки Трамп кард, ислоҳ кунад.
Кеннет Рос аз Ҷо Байден хост, корҳоеро, ки Трамп кард, ислоҳ кунад.

Рӯзи 13-уми январ созмони бонуфузи ҳомии ҳуқуқи инсон Human Rights Watch гузориши солона оид ба вазъи озодиҳо дар 100 кишвари ҷаҳонро муаррифӣ кард. Бахши муҳими он доир ба вазъи Амрико дар давраи пеш ва баъди раёсатҷумҳурии Доналд Трамп ихтисос ёфтааст. Дар бахши Тоҷикистон аз “як соли дигари бад” дар кишвар ёдоварӣ шудааст. Вале бархе мақомоти Тоҷикистон ин танқидҳоро “беасос” номиданд.

Дидбони Ҳуқуқи Башар, ки дар Ню Йорк қароргоҳ дорад, аз президенти мунтахаб Ҷо Байден даъват кардааст, ки баъди чаҳор соли ҳукуматдории Доналд Трамп, ӯҳдадориҳои ИМА-ро барои ҳимоят аз ҳуқуқи башар тақвият диҳад. Ин созмон инчунин хостааст, ки маъмурияти Байден ба эътилофи бузургтаре барои муқовимат ба “бозигарони пурқудрат”-и мисли Русия ва Чин, ки ҳуқуқи башарро дар сатҳи ҷаҳонӣ поймол мекунанд, бипайвандад.

Кеннет Росс, раҳбари иҷроияи HRW, ки аз Ню-Йорк гузориши солонаро дар конфронси видеоӣ муаррифӣ мекард, Трампро “як офат барои ҳуқуқи башар” номид. Ӯ гуфт, президент “ӯҳдадориҳои ҳуқуқии мардуми ҳаросон аз амнияташон ва ҷӯёи сарпаноҳро нодида мегирифт, кӯдакони муҳоҷиронро аз волидон ҷудо мекард, тарафдорони бартарии сафедпӯстонро тақвият медод, ҷараёнҳои демократиро баҳам зада, адовати нажодиву динӣ эҷод мекард”.

Ба қавли раҳбари HRW, Трамп “бо қимати озори аҳолӣ, фурӯши силоҳ ва хориҷ шудан аз созишномаҳои байналмилалӣ дар заминаҳои ҳуқуқи башар, сиҳатии омма ва тағйироти иқлим бо раҳбарони худкома яке пайи дигаре дӯстӣ барпо мекард”. Ӯ гуфт, дар ҳоле, ки маъмурияти Трамп аз ҳимояти ҳуқуқи башар дар хориҷ “асосан дур шуд”, “бозигарони пурқудрате мисли Чин, Русия ва Миср дар талоши баҳам задани низоми ҳуқуқи башари ҷаҳонӣ буданд”.

Муроҷиат ба Байден барои ҳалли мушкилот

Дидбони ҳуқуқи башар мегӯяд, низоми худкомаи Чин соли 2020 “пурра аён гашт”, чун ин кишвар, қонуни “ваҳшатноки” амнияти миллӣ дар Ҳонгконгро қабул кард. Дар вилояти Шинҷон мусулмононро худсарона боздошт карда, дигаронро “мавриди кори маҷбуриву таъқиб ва мағзшӯии сиёсӣ” қарор дод.

Дар Русия, ба қавли HRW, мақомот бо баҳонаи пандемияи коронавирус “озодиҳои шаҳрвандонро дар бисёр арсаҳо маҳдуд ва бахусус қоидаи дахлнопазирии ҳаёти хусусӣ”-ро нақз карданд. Дар гузориш омадааст, ки “Дар пайи раъйпурсии баҳсбарангез барои ислоҳи Қонуни асосӣ, маъракаи саркӯби мухолифон бо шеваи наву ангезаҳои сиёсӣ ва рейдҳои хонагӣ алайҳи фаъолони сиёсиву маданӣ роҳандозӣ шуд”.

Роҷеъ ба Беларус Дидбони Ҳуқуқи Башар мегӯяд, ки дар кишвар дар фазои эътирозҳои сартосарӣ аз Александр Лукашенко, ки бо норизоияти бесобиқаи мардум рӯбарӯ шудааст, ҳазорҳо нафарро худсарона боздошт ва садҳо нафарро шиканҷа карданд. Дар ин гузориш омадааст: “Бисёр вақт онҳо журналистонеро, ки ба инъикоси эътирозҳо машғул буданд, боздошт, ҷарима ва ё ихроҷ карданд”.

Осиёи Марказӣ ва мушкилоти пешина

Дар гузориши HRW омадааст, дар Осиёи Марказӣ мунтақидони ҳукумати Қазоқистон бо “азияту озор ва таъқиб рӯбарӯ шуданд ва озодии баён маҳдуд шуд”. Мақомот дар Қирғизистон дар иҷрои фаъолиятҳои касбии журналистону ҳуқуқшиносон мушкил эҷод карданд.

Дидбони Ҳуқуқи Башар гуфтааст, низоми сиёсии Узбекистон “асосан худкома” буда, ҳамоно ҳазорҳо диндор пушти панҷара мондаанд. Дар ин кишвар созмонҳои ҳомии ҳуқуқ сабти ном намешаванд ва кори маҷбурӣ решакан нашудааст. Туркманистон, як кишвари Осиёи Марказӣ, ки то ҳол вуҷуди COVID-19-ро рад мекунад, бо ин кораш, ба қавли HRW, “як бӯҳрони иҷтимоиву иқтисодие эҷод кардааст, ки торафт амиқтар мешавад”.

“Соли 2020 барои Тоҷикистон як соли бади дигаре буд”

Тоҷикистон ба қавли муҳаққиқони созмон, “бо зиндонӣ кардани мунаққидони ҳукумат, аз ҷумла фаъолони мухолифон ва журналистон идома дода, онҳоро бо ангезаҳои сиёсӣ ба зиндон андохтааст”. Дар гузориши Дидбони Ҳуқуқи Башар омадааст, ҳукумати Тоҷикистон озодии баён, ҷамъомад ва озодии динро аз роҳи ҷорӣ кардани сензураи қавӣ дар Интернет маҳдуд кардааст.

Ҳю Вилямсон, масъули бахши Осиёи Марказӣ дар HRW, ки дар конфронси видеоӣ аз Берлин иштирок мекард, дар посух ба саволи Радиои Озодӣ дар бораи арзёбиҳои вазъи Тоҷикистон дар соли 2020 гуфт:

“Соли 2020 барои Тоҷикистон як соли бади дигар буд. Моҳи март интихоботи порлумонӣ гузашт, ки ба қавли нозирони Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо “озоду одилона набуд”. Тоҷикистон дар эътироф кардани пандемия хеле дер кард ва бо ин кораш зиндагии одамони зиёдро таҳти хатар гузошт. COVID дар зиндонҳо ҳам паҳн шуд. Вазъ бисёр ташвишовар буд. Инчунин хушунати хонаводагӣ ҳам афзоиш ёфт. Посухи саволи шумо ин аст, ки соли гузашта вазъи ҳуқуқи инсон бадтар шуд”.

Ҳю Вилямсон, айни замон, бархе кору тамоюлҳоеро ёдовар шуд, ки дар бахши ҳуқуқи башар дар Тоҷикистон дида шуд. Аз ҷумла, ба гуфтаи ӯ, “Иттиҳоди Аврупо дар чаҳорчӯби муколамаи солонааш бо ҳукумати Тоҷикистон чандин масоили марбут ба ҳуқуқи башарро матраҳ кард. Як гурӯҳи кории муҳими СММ бо мақомоти тоҷик идомаи ба зиндон андохтани сиёсатмадорони мухолифро дар Тоҷикистон дар миён гузошт. Аз ин рӯ, мо аз шарикони байналмилалӣ тақозо мекунем, ки барои матраҳ шудани масоили ҳуқуқи инсон кори бештар кунанд ва ин мавзӯъро ба як ҷузъи муҳими ҳамкориҳои худ бо Тоҷикистон қарор диҳанд. Инчунин, тақозо мекунем, дар равобити худ нигарониҳо аз ҳуқуқи башарро бо масоили иқтисодӣ ва амниятӣ пайванд бидиҳанд”.

Кумитаи оила: хушунати оилавӣ “хеле камтар шудааст”

Дар Тоҷикистон рӯзи 13-уми январ ҳеч як мақом ва вакили парлумон, ки хабарнигори Радиои Озодӣ барои шарҳи гузориши нави HRW муроҷиат кард, омода нашуд, сӯҳбат кунад. Айни замон, дар вокуниш ба афзоиши ҳодисаҳои хушунати оилавӣ як масъули Кумитаи кор бо занон ва оила гуфт, баръакс, соли 2020, аз назари онҳо беҳтар назар ба гузаштаҳо буд. Сабоҳат Маҳмадалиева, масъули дафтари матбуоти кумита гуфт:

“Дар давраи пандемия хушунати хонаводагӣ нисбати солҳои пеш хеле кам шудааст. Ин чиз аз таҳлили оморҳои бекоршавии ақди никоҳ ҳам бармеояд. Бекоршавии ақди никоҳҳои давлатӣ дар давраи пандемия нисбат ба солҳои пеш хеле коҳиш ёфтааст. Барои пешгирии хушунати хонаводагӣ аз ҷониби кумитаи занон корҳои зиёде анҷом шудааст. Аз ҷумла додани машваратҳои ройгонӣ ҳуқуқӣ ва равонӣ ба онҳое, ки ба кумита ё зерсохторҳои он дар маҳалҳо муроҷиат мекунанд”.

Ин масъули Кумитаи кор бо занон ва оила омори мушаххасе наовард ва танҳо гуфт, муроҷиати занон аз хушунати хонаводагӣ ба онҳо дар соли гузашта камтар шудааст. Ин дар ҳолест, ки дар бораи афзоиши озори занон дар оила дар давраи пандемия чандин созмони ҷамъиятии маҳаллӣ изҳори нигаронӣ карданд. Аз ҷумла, дар бораи чунин вазъ дар минтақаи Суғд ва Кӯлоб созмонҳои “Гулрухсор” ва “Наҷоти кӯдакон” хабар додаанд.

Сафаров: “Вазъ бадтар не, беҳтар шудааст”

Муовини собиқи раиси Маркази таҳқиқоти стратегии назди президенти Тоҷикистон Сайфулло Сафаров арзёбиҳои HRW-ро “беасос” номид. Ӯ дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ аз шаҳри Душанбе гуфт:

“Агар аз нуқтаи назари мавқеи давлат ва фаъолиятҳои давлат гӯем, вазъи ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон хеле беҳтар шудааст, ки бадтар не. Барои онки агар аз нуқтаи назари он гирем, ки дар Амрико, Белорус ва Қирғизистон чӣ мегузарад, дар Тоҷикистон вазъият аз ин нуқтаи назар, ки шаҳрвандон ҳеч хавфу хатаре надоштанд, дар амният зиндагӣ карданд, рушди иқтисодиёт ҳам пешрав буд. Аз нуқтаи назари динӣ ҳам фақат барои COVID-19 масҷидҳо баста шуданд, на ба ягон чизи дигар. Пас далелҳое ки созмонҳои ҳифзи ҳуқуқи инсон мегӯяд, беасос мешаванд”.

HRW: Журналистон ва мунтақидон зиндонӣ шуданд

Дар гузориши солонаи HRW омадааст, ки интихоботи порлумонии Тоҷикистон “дар фазои зери назорати сахт гузашт” ва “мухолифони воқеӣ берун карда шуданд”. Ба маҷлиси қонунгузор ҳеҷ як аз аъзои Ҳизби сотсиал-демократӣ роҳ наёфтанд, дар ҳоле, ки фаъолияти ҳизби умдаи мухолиф – Ҳизби наҳзати исломӣ аз соли 2015 манъ шудааст.

Дар гузориш сарнавишти зиндониҳо дар давраи пандемияро ҳам зикр карда ва гуфтаанд, ки “мақомот барои пешгирӣ аз паҳншавии COVID-19 дар зиндонҳо ҳеч коре накарданд”. Ин дар ҳолест, ки мақомот гуфтанд, аз баҳор то тирамоҳ дарҳои зиндонҳоро баста, мулоқоти хешутабор бо зиндониҳоро барои роҳ наёфтани COVID манъ карданд.

Мақомот гуфтанд, барои зиндониҳои бемор додани дору иҷоза буд. Ба иттилои вазири адлия Музаффар Ашӯриён, 98 зиндонӣ ба илтиҳоби шуш гирифтор шуда, 11 нафар бар асари ҳамин беморӣ ҷон дод. Мақомот ҳеҷ гоҳ эътироф накарданд, ки дар зиндон COVID-19 роҳ ёфта буд.

HRW мегӯяд, мақомоти зиндонҳо ба дигар маҳбусон муошират бо ҳуқуқшиноси зиндонӣ Бузургмеҳр Ёровро манъ карданд. Ёров, ба қавли созмон, бо вуҷуди тақозои озодии Гурӯҳи кории СММ оид ба ҳабсҳои худсарона пушти панҷара мемонад.

Дар гузориш инчунин аз мавридҳои таъқибу азияти мунаққидон дар хориҷи кишвар, аз ҷумла, фаъоли "Гурӯҳи 24" дар Русия Хурсанд Наҷмиддинов ва ҷонибдори ҳамин гуруҳ Ҷамшед Шарипов ёдовар шудааст. Ҳизбулло Шовализода, ки аз ҷониби мақомоти Австрия ба Тоҷикистон истирдод шуд, бо иттиҳоми узвият дар ҲНИТ ба ҳабс гирифта шуд, вале ин ҳизб мегӯяд, ки Шовализода ҳеҷ гоҳ узви ҲНИТ набуд. Дар Литва як фаъоли дигари мухолифон Илҳомҷон Ёқубов аз ҷониби ду ҳамлагар латукӯб шуд.

Дар гузориш аз азиятҳои наздикони собиқ аъзои раёсати ҲНИТ – духтари Ҳикматулло Сайфуллозода – Фарзона ва писари Зубайдуллоҳи Розиқ – Асрориддин ёдовар шудаанд. Ба қавли HRW, Фарзона Сайфуллозодаро маҷбур карданд, ки зери навори видеоӣ зидди ҲНИТ сӯҳбат кунад. Асрориддин Розиқов бо иттиҳоми ифротгарӣ ба зиндон рафт, 13 узви хонаводаи Ҷаннатуллоҳи Комил, узви дигари ҲНИТ, ки дар Олмон зиндагӣ мекунад, боздошту азият шуданд.

Дар бахши озодии баён бо такя ба Анҷумани расонаҳои мустақили Тоҷикистон аз 80 мавриди озору азияти журналистон дар солҳои 2017-2019 хабар додааст. Гузориш аз як соли зиндони Далер Шарипов, журналисти мустақил, иттиҳом ба вебсайти Akhbor.com ба “хидмат ба созмонҳои террористӣ”, латукӯби журналисти “Азия-Плюс” Абдулло Ғурбатӣ, манъи сабтиноми журналисти ТВ “Настоящее время” Анушервон Орипов ва сабти ном накардани 8 журналисти Радиои Озодӣ барои кор ҳамчун мавридҳои дигари поймолшавии ҳуқуқи инсон ёдовар шудааст.

XS
SM
MD
LG