Аз "Ҳуқуқшиносони Помир" 400 ҳазор сомонӣ талаб доранд. Ҳақ бо қонун аст, Кумитаи андоз ё созмон?

Ин аксро "Анҷумани Ҳуқуқшиносони Помир" дар ихтиёри Радиои Озодӣ гузошт

Кумитаи андози Тоҷикистон аз як созмони иҷтимоӣ талаб дорад, ки шаш дарсад маблағеро, ки аз созмонҳои байнулмилалӣ ҳамчун грант (кумаки бебозгашт) гирифтааст, ба давлат бисупорад.

Мақомот "Анҷумани Ҳуқуқшиносони Помир"-ро ба он гунаҳкор мекунанд, ки гранти гирифтаи худро дар Кумитаи давлатии сармоягузорӣ сабтином накард. Масъулони ташкилот мегӯянд, чунин талаб ба ёриҳое тааллуқ дорад, ки барои лоиҳаҳои давлатӣ ҷалб мешаванд. Дар моддаи 27-и қонун дар бораи иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ гуфтаанд, ёриҳои шахсону созмонҳои хориҷӣ "дар Феҳристи кумаки башардӯстона" сабт мешавад, аммо мушаххас нагуфтаанд, ки дар Кумитаи сармоягузорӣ.

"Талаб доранд, ки 400 ҳазор сомонӣ супорем"

Манучеҳр Холиқназаров, мудири "Анҷумани Ҳуқуқшиносони Помир" ба Радиои Озодӣ гуфт, барои амалӣ кардани лоиҳаҳои худ аз соли 2018 то моҳи декабри 2020 аз сафорати Амрико, барномаҳои Созмони Милал ва ғайра беш аз 4,5 миллион сомонӣ грант ё кумаки бебозгашт гирифтанд.

Холиқназаров мегӯяд, ин маблағҳо асосан барои расондани ёрии бепули ҳуқуқӣ ба мардум, гузарондани давраҳои омӯзишӣ ва конфронсҳо харҷ шуд. Вале, ба қавли ӯ, Кумитаи андоз 4,5 миллион сомонӣ гранти онҳоро ҳамчун даромад ҳисоб карда, талаб дорад, ки қариб 400 ҳазор сомониро ба давлат супоранд.

"Грантҳои мо ба давлат вобастагӣ надоранд, илова бар ин бо мақсадҳои ғайритиҷоратӣ гирифта мешаванд. Бар асоси қонун ташкилоти иҷтимоӣ бояд давоми 10 рӯз баъди гирифтани грант ба Вазорати адлия огоҳинома фиристем. Мо ин талаботро ҳамеша риоя кардем", -- нақл кард ӯ 8-уми октябр.

Бар асоси санадҳои Кумитаи андоз, "Анҷумани Ҳуқуқшиноси Помир" бояд аз рӯйи низоми соддаркардашуда 6 дарсад маблағи гирифтаи худро ба давлат диҳад. Масъулони ташкилот гуфтанд, бар изофаи ҷарима ва фоизҳо, ҳоло ин маблағ аз 400 ҳазор сомонӣ гузаштааст.

Пулро дар кадом ниҳод сабт кунанд?

Асли баҳси "Анҷумани Ҳуқуқшиносони Помир" ва Кумитаи андоз дар бораи сабти грант дар мақомот аст. Даъвои асосии Кумитаи андоз ин аст, ташкилоти ҷамъиятӣ гранти гирифтаро бояд аз қайди Кумитаи давлатии сармоягузорӣ мегузаронд. Роҳбарияти "Анҷумани Ҳуқуқшиносони Помир" ин даъворо беасос медонад.

Посухҳои мақомот дар бораи ин масъала норӯшан ҳастанд. Кумитаи сармоягузорӣ дар нома ба Радиои Озодӣ ба қарори ҳукумат аз соли 2017 ишора карда, навиштааст, "ҳама лоиҳаҳое, ки бо ҷалби ёрии берунӣ дар ҳудуди Тоҷикистон татбиқ мешаванд, бояд аз қайди баҳисобгарии низоми иттиоотии идоракунии кумаки беруна гузаронида шаванд."

Ба суоли Радиои Озодӣ, ки “оё созмонҳои иҷтимоӣ муваззафанд, ки кумакҳои гирифтаи худро дар Кумитаи сармоягузорӣ сабт кунанд?” ин ниҳод посухи дақиқ надодааст. Вазорати адлия навиштааст, масъала бар асоси моддаи 27-и қонун дар бораи иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ танзим мешаванд.

ИНЧУНИН, БИХОНЕД: Ниме аз мардум ба кори созмонҳои ғайридавлатӣ бовар доштаанд. ВИДЕО

Ин банди қонун созмонҳои иҷтимоиро вазифадор мекунад, ки маблағҳои аз шахсони хориҷӣ ё ташкилоти байналхалқӣ гирифтаро "дар Феҳристи кумаки башардӯстона ба иттиҳодияҳои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон" сабт кунанд.

Инчунин бар асоси ин моддаи қонун, ташкилоти ҷамъиятӣ танҳо баъд аз огоҳ кардани Вазорати адлия метавонанд лоиҳаҳои худро амалӣ кунанд. Вале дар қонун мушаххасан наомадааст, ки ташкилотҳои созмонҳои иҷтимоӣ ёриҳои дарёфткардаи худро дар Кумитаи сармоягузорӣ сабти ном кунанд.

Намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ мегӯянд, дар таҷрибаашон чунин баҳс собиқа надошт. Роҳбарони ҳадди ақал даҳ созмони иҷтимоӣ ба Радиои Озодӣ гуфтанд, онҳо баъди гирифтани маблағи грант танҳо ба Вазорати адлия огоҳинома мефиристанду бас.

Шикоятҳо аз фишор ба созмонҳои иҷтимоӣ

Масъулони "Анҷумани Ҳуқуқшиносон Помир" аз рӯйи қарори Кумитаи андоз ба Додгоҳи иқтисодии шаҳри Душанбе шикоят бурдааст ва баҳс давом дорад. Маълум нест, ки додгоҳ даъвои кадом тарафро қабул мекунад.

"Анҷумани Ҳуқуқшиносони Помир" соли 2005 таъсис шуда, дар шаҳри Хоруғ, маркази Вилояти мухтори куҳистони Бадахшон фаъолият дорад. Ин ташкилоти ҷамъиятӣ дар бахши ҳифзи ҳуқуқи инсон ва расондани ёрии ҳуқуқии ройгон кор мекунад.

Ҳукумати Тоҷикистонро борҳо барои дахолат ва фишор ба созмонҳои иҷтимоӣб танқид мекунанд. Вале мақомот ҳамвора ин танқидҳоро рад карда мегӯянд, ҳадафашон таъмини шаффофият дар кори созмонҳои ҷамъиятӣ мебошад. Тибқи иттилои ахири Вазорати адлия, дар кишвар 2510 ташкилоти ҷамъиятӣ фаъолият доранд.