Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Созмонҳои иҷтимоии хориҷиро дар Тоҷикистон аз "аккредитатсия" озод карданд


Бинои порлумони Тоҷикистон
Бинои порлумони Тоҷикистон

Вакилони Маҷлиси Намояндагони Тоҷикистон аз тағйирот ба лоиҳаи қонун "Дар бораи иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ" ҷонибдорӣ карданд. Бино бар он, "ҳайати шахсии созмонҳои ҷамъиятӣ, ғайритиҷоратӣ ва ғайриҳукуматии кишварҳои хориҷӣ" аз аккредитатсия ё парвонаи кор озоданд.

Ин тарҳро рӯзи 7-уми апрел Хусрав Нозирӣ, муовини аввали вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон, дар ҳузури вакилон муаррифӣ кард. Вай гуфт, "ҳайати шахсии ин гуна созмонҳо на аккредитатсия, балки сабтином карда мешаванд."

Абдумалик Қодиров, коршиноси тоҷик, ки таҷрибаи кор дар созмонҳои хориҷиро дорад, ба Радиои Озодӣ гуфт, то соли 2014 аз Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон соле як бор аккредитатсия мегирифтанд. "Дар соли 2014 гуфтанд, ки дигар аккредитатсия намегиред ва кофист, ташкилот дар Вазорати адлия сабтином шавад", -- афзуд ӯ.

Вакилони порлумон кормандони созмонҳои ҷамъиятию ғайритиҷоратӣ ва ғайриҳукуматии кишварҳои хориҷиро дар ҳоле аз гирифтани “аккредитатсия” расман озод карданд, ки мушкили дарёфти парвонаи кор борҳо боис ба нигаронии баъзе аз хабарнигорони расонаҳои хориҷӣ шудааст.

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон борҳо таъкид кардааст, ки бархурдаш дар масъалаи додани “аккредитатсия” ва ё иҷозаи кори хабарнигорони расонаҳои хориҷӣ қонунӣ аст.

Айни замон 8 хабарнигори бахши тоҷикии Радиои Озодӣ мунтазири иҷозаи кор ҳастанд ва баъзеи дигар ҳам бар хилофи қонун на барои як сол, балки муддатҳои кӯтоҳтар аккредитатсия гирифтаанд.

XS
SM
MD
LG