Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ниме аз мардум ба кори созмонҳои ғайридавлатӣ бовар доштаанд. ВИДЕО


Акс аз бойгонии Радиои Озодӣ
Акс аз бойгонии Радиои Озодӣ

Камтар аз нисфи аҳолии Тоҷикистон ба кори муассири созмонҳои ҷамъиятӣ ва хайрия дар кишвар бовар доштаанд. Созмони Gallup дар гузорише рӯзи 20-уми июн гуфт, ниме дигар аз мардум ба кори созмонҳои ҷамъиятӣ ибрози нобоварӣ ва ё аз фаъолияти онҳо изҳори бехабарӣ кардаанд.

Муаллифони гузориш навиштаанд, ин таҳқиқоти нахустин дар заминаи омӯзиши бовари мардум ба кори созмонҳои ҷамъиятӣ дар кишварҳои гуногуни дунё будааст. Дар миёни кишварҳое, ки мизони нобоварӣ ба кори созмонҳои ҷамъиятӣ хеле бештар аст, Кореяи Ҷанубӣ, Юнон ва Мексика қарор гирифтаанд. “Дар бисёре аз кишварҳо созмонҳои хайрия ва ғайридавлатӣ ба ироаи маҳсулот, хадамот ва маълумот нақши намоён доранд. Эътимоди мардум ба созмонҳо барои муассир будани фаъолият ва нақши онҳо таъсири мусбат мебозад”, -- гуфта шудааст дар гузориш.

Сокин: Ба касе, ки дар гапаш намеистад, бовар намекунанд.
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:43 0:00

Бино ба гузориши Gallup, Малта, Руанда ва Узбекистон дар миёни кишварҳое зикр шудаанд, ки ҷомеаи онҳо ба фаъолияти созмонҳои хайрия ва ҷамъиятӣ эътимоди зиёд баён кардаанд. Дар Русия, ки аз назари бархӯрд бо созмонҳои ҷамъиятӣ як “намунаи ибрат” ба ҷумҳуриҳои дигари пасошӯравӣ мебошад ва соли 2012 қонун дар бораи “Агенти хориҷӣ”-ро қабул кард, танҳо 29 дарсад ба созмонҳои ҷамъиятӣ бовар доштаанд.

Ҷомеашиноси тоҷик Музаффар Олимов, раиси созмони назарсанҷии “Шарқ” гуфт, натиҷаҳои пурсиш дар бораи мизони эътимоди мардуми Тоҷикистон ба кори созмонҳои хайрия “воқеӣ” ба назар мерасад. Ӯ гуфт, баъд аз хатми ҷанги дохилӣ ва дар оғози солҳои 2000-ум, ки замони нумӯи кори ташкилоти ҷамъиятӣ дар кишвар мебошад, мизони эътимод ба кори ин созмонҳо боло рафта буд.

Созмонҳои ҷамъиятӣ дар Тоҷикистон аз охири солҳои 90-ум бо пайдо шудани имкони дарёфти кумакҳои ташкилоти грантдиҳандаи байналмилалӣ арзи ҳастӣ карданд. Фаъолияти ин созмонҳо ба ҳалли мушкилоти зиёди иҷтимоӣ равона шуда буд – ҳимоят аз ҳуқуқи инсон, ҳаққи ақаллиятҳову гурӯҳҳои заъфпазир, мубориза бо хушунати хонагӣ ва нақзи ҳуқуқи занону духтарон. Созмонҳои байналмилалие ба мисли СММ, САҲА ва ҳукуматҳои аврупоиву ғарбӣ тарҳҳои зиёдро маблағгузорӣ карданд.

Фаъолияти ин созмонҳо барои таъсиси ҷойҳои кории нав дар Тоҷикистони ҷангзада ва ҳалли масоили иҷтимоии гурӯҳҳои алоҳидаи мардум мусоидат кард. Музаффар Олимов гуфт: “Аз солҳои 2000 то соли 2014 эътимод ба дараҷае баланд буд. Чунки ҳамкориҳо буд, бо дастгирии созмонҳои байналмилалӣ тарҳҳои зиёд амалӣ мешуд. Дар ин давра фаъолияти онҳо муассиртар буд”.

Дар оғози солҳои 2000-ум бисёре аз мақомот дар маҳалҳо ба кори ташкилоти ҷамъиятӣ эҳсоси нобоварӣ мекарданд. Гоҳе андешаи ин ки ин созмонҳо “танҳо ба хотири грант кор мекунанд” садо медод. Бархе мегуфтанд, ин созмонҳо талоши “пиёда кардани ормонҳои ҳукуматҳои бегона дар Тоҷикистонро” доранд. Созмонҳои ҷамъиятӣ бисёр вақт талош мекарданд бифаҳмонанд, ки “ғайридавлатӣ ба маънои зиддидавлатӣ нест”.

Коршинос Абдумалик Қодиров мегӯяд, мизони баланди эътимод ба созмонҳои ҷамъиятӣ дар кишварҳое мушоҳида мешавад, ки ба мардум кӯмаки бебозгашти хайрия тақдим мекунанд ва мизони начандон баланд ва гоҳо пасти боварӣ дар ҷомеаҳоест, ки он ҷо созмонҳои ҷамъиятӣ масоили дардноки ҳуқуқи башарро матраҳ мекунанд. Ӯ гуфт, ки "ин чанд сабаб дорад: аввалан, худи идеяи таъсис додани созмонҳои ҷамъиятӣ дар ин кишварҳо аз ҷониби созмонои байналмилалии ғарбӣ оварда шудааст, яъне ин созмонхо «аз рӯи зарурат» сар назадаанд; баъдан, дар ин кишварҳо ҳукуматҳо нисбати созмонҳои мудофеи ҳуқуқи башар он қадар муносибати хайрхоҳона надоранд ва бо ҳар роҳ мекӯшанд ба имиҷи чунин созмонҳо таъсири манфӣ расонанд; ҳамчунин, созмондиҳандагони як қисми созмонҳои ҷамъиятӣ ташкилоти худро ба як василаи грантгирӣ табдил додаанд, ки ин наметавонад ба эътимоди мардум нисбати онхо таъсир нарасонад".

Марям Давлатова як фаъоли созмонҳои ҷамъиятии Тоҷикистон аст. Ӯ солҳои 2000-ум дар бахши баробарии ҷинсӣ ва кӯмак ба занон тарҳҳои зиёде амалӣ кардааст. Ин журналист ва равоншиноси тоҷик мегӯяд, "солҳои аввали фаъолияти ин созмонҳо ибораи «агенти хориҷӣ» дар мо ҳам зиёд садо медод. Тадриҷан созмонҳо бо ташаббускорӣ, фаъолияти хайриявӣ, ибрати шахсӣ, бунёди марказҳои расондани хизматҳои ҳуқуқиву равонӣ ва амсоли ин ба боварии мардум ва ҳукумат сазовор шуданд. Нақши ин созмонҳоро эьтироф ва арҷгузории ҳукумат, барои онҳо бурс ҷудо кардани ҳукумат мавқеи созмонҳоро устувортар ва ҳароси амалдоронро камтар кард. Имрӯз ҳам созмонҳои муваффақи ҷамьиятӣ дар ҳалли масоили иҷтимоӣ саҳми сазовор доранд. Онҳо аввалан ба мардум наздиктаранд ва мушкилоташонро рӯшантар мебинанд. Баьдан як қишри пешрафтаи чомеа гардидаанд ва донишу таҷрибаи зиёд андӯхтаанд".

Соли 2015 мақомоти тоҷик рӯшан ишора карданд, ки ба кори баъзе аз созмонҳои ҷамъиятӣ шубҳа доранд. Ин замоне буд, ки аллакай дар Русия қонуни баҳсбарангези “Агенти хориҷӣ” қабул шуд ва бисёре аз ташкилоти бонуфузи ҳомии ҳуқуқ тамғаи расмӣ ва қонунии маъмури хориҷиро гирифт.

Қонуни нави созмонҳои ғайритиҷоратӣ дар Тоҷикистон ташкилоти ҷамъиятиро аз сабтиноми дубора гузаронида, шумори созмонҳоро ду баробар – то 2800 адад коҳиш дод.

Як ҳадафи муҳими ин санҷишҳо – муқаррар кардани манбаи даромади созмонҳо буд. Вазорати адлия қабл аз қабули ин қонун соли 2015 гуфт, бар асоси гузориши 600 созмони ғайридавлатӣ аз соли 2013 то моҳи апрели 2014, ташкилоти ҷамъиятӣ дар кишвар 4,5 миллиард сомонӣ гранти хориҷӣ гирифтаанд.

Вале Абдумалик Қодиров ба ин омор шубҳа карда мегӯяд, ки ин маблағ бо қурби ҳамон сол бо ҳисоби тахминӣ қариб "як миллиард доллар мешавад. Ин рақам нодуруст аст ва ҳукумат онро барои воҳима андохтан ва грантҳоро таҳти назорат гирифтан гуфта буд. Дар давоми тамоми муддати мавҷудияти созмонҳои ҷамъиятӣ дар Тоҷикистон ин ташкилот ин қадар грант нагифтаанд".

Мақомот гуфтанд, тафтиши кори созмонҳои ҷамъиятӣ он замон бар асоси Қонуни нави созмонҳои ҷамъиятӣ ҷараён гирифт, вале бархе созмонҳои мудофеи ҳуқуқи башар ин қонунро ҳамчун маҳдудкунандаи фаъолияти худ интиқод карданд.

Фаъолияти имрӯзаи созмонҳои ҷамъиятӣ дар Тоҷикистон мисли солҳои 2000-ум зиёд фаъолу чашмрас нест, вале дар ҳамин шароит ҳам баъзеи онҳо талош мекунанд, рисолати асосии худро дуруст иҷро кунанд. Як қатор созмонҳои ҳомии ҳуқуқ ва мубориза зидди шиканҷа талош мекунанд бо дардҳои сангине мисли шиканҷаву бадрафторӣ дар зиндону артиш мубориза баранд. Гоҳе садои онҳо шунида мешавад ва парвандаҳои пурсарусадо то додгоҳ меравад. Вале боз ҳам ҳодисаҳое кам нест, ки худи ҳомиёни ҳуқуқ ба ҳимоят аз ҳуқуқашон ниёзманд мешаванд.

XS
SM
MD
LG