Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

ODIHR аз Тоҷикистон хоста буд, имкониятҳои президентро "ислоҳ" кунад, Душанбе чӣ посух дод?


Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳурии Тоҷикистон, дар қитъаи овоздиҳӣ. Моҳи октябри 2020
Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳурии Тоҷикистон, дар қитъаи овоздиҳӣ. Моҳи октябри 2020

Дафтари Ниҳодҳои Демократӣ ва Ҳуқуқи Инсон (ODIHR), як ниҳоди вобаста ба Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо, чаҳор моҳ пеш аз Тоҷикистон хоста буд, ки имкониятҳои вижаи раиси ҷумҳури ҳозира, аз ҷумла иштироки бемаҳдудашро дар интихоботҳо бознигарӣ кунад. Имконияте, ки Эмомалӣ Раҳмон дар пайи қабули қонун дар бораи "Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат" соҳиб шудааст. Дигарон ҳақ надоранд, бештар аз ду давраи ҳафтсолӣ раиси ҷумҳурии Тоҷикистон бошанд.

Қонун

Дар бораи "Пешвои миллат" соли 2016 қабл шуда, ба президенти ҳозираи Тоҷикистон иҷозат медиҳад, ки пас аз канор рафтан аз қудрат низ шахси аввали ҷумҳурӣ бимонад. Ин қонун дар умум вазъи сиёсиву ҳуқуқӣ, салоҳият, дахлнопазирӣ, бунёди осорхона, бойгонӣ, китобхона, амният ва кафолатҳои иҷтимоиву иқтисодии Эмомалӣ Раҳмонро муқаррар мекунад. Мақомот қабули ин қонунро хосту эҳтироми мардум ва мунтақидон "хилоф бо меъёрҳои як кишвари демократӣ" донистанд.

ODIHR ин тавсияи худро 29-уми январи имсол дар хулосааш дар бораи интихоботи президентии Тоҷикистон эълон карда буд.

Мақомот дар ин муддат ба тавсияву арзёбиҳои созмон ба таври расмӣ ва ошкор вокуниш накарданд. Наврӯз Самадзода, котиби Кумисюни марказии интихобот ва раъйпурсӣ, рӯзи 1-уми июн гуфт, хулосаи худро дар ин бора ба ҳукумат равон карда буданд, аммо ҳозир нашуд шарҳи бештар диҳад. Маълум нест, ки ҳукумат посухи ниҳоиро ба Дафтари Ниҳодҳои Демократӣ ва Ҳуқуқи Инсон фиристодааст ё не.

Интихобот дар чӣ фазое гузашт?

Интихоботи президентии Тоҷикистон рӯзи 11-уми октябри соли 2020 ва тақрибан як моҳ пештар аз замони маъмулӣ баргузор шуд. Ҳукумат ва нозирони кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил интихоботро шаффофу одилона ва демократӣ хонданд.

Аммо Дафтари Ниҳодҳои Демократӣ ва Ҳуқуқи Инсон дар хулосааш аз 29-уми январ гуфтааст, "интихоботи президентии Тоҷикистон зери назорати қатъии сохторҳои давлатӣ баргузор гардида, дар он нишонаҳои маҳдудияти озодии ҷамъомад, баёну расонаҳо ва таъқибу тарс додани мухолифон дида мешуд."

Ҳафт намояндаи созмон ҷараёни интихоботи президентиро дар Душанбеву Файзобод, Ҳисору Норак, Рӯдакӣ ва Ваҳдат назорат карда, "ношаффоф" номидаанд: "Дар мавриди нозирони мустақилу бетараф ҳеч гуна муқаррарот вуҷуд надорад. Ҷомеаи шаҳрвандӣ ба таври васеъ аз муҳокимаи масоили вобаста ба интихобот худдорӣ меварзад. Нозирони байналмилалӣ ва намояндагони ҳизбҳо метавонанд, раванди интихоботро назорат кунанд, аммо вақташон маҳдуд аст ва ин ба мушоҳидаи тамоми раванд имконият намедиҳад."

Бахтиёр Худоёрзода, раиси Кумисюни марказии интихобот, моҳи октябри соли гузашта ҷараёни маъракаи сиёсиро "шаффоф" номида, гуфта буд, ки "доир ба қонуншиканиҳои ҷиддӣ дар интихобот гузорише нагирифтанд".

Дар ин интихобот Эмомалӣ Раҳмон ҳузури худро дар қудрат барои 7 соли дигар қонунӣ кард. Тибқи иттилои Кумисюни марказии интихобот, ҷаноби Раҳмон 90,92 дарсади ройи мардумро ба даст овардааст. Чаҳор рақибаш, ки асосан аз ҳизбҳои зери нуфузи ҳукумат буданд, аз 1 то 3 дарсад овоз гирифтанд.

Дафтари Ниҳодҳои Демократӣ ва Ҳуқуқи Инсон (ODIHR), як ниҳоди вобаста ба Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо, мегӯяд, қонун президенти амалкунандаро дар муқоиса бо номзадҳои дигар "ба таври ғайриоддӣ дар мавқеи бартар" қарор додааст.

"Номзади алтернативӣ набуд"

"Ба интихобкунандагон номзади алтернативии воқеӣ пешниҳод нашуд, танҳо байни номзадҳои расмӣ баҳсҳои сохтакорона баргузор карда шуда, ташвиқоти пешазинтихоботӣ аз ҷониби воситаҳои ахбори оммаи мустақил фаро гирифта нашуд", -- навиштааст созмон.

Ҳизби демократи Тоҷикистон натавонист, раисаш Саидҷаъфар Усмонзодаро ҳамчун номзад сабтином кунад. Мақомоти Кумисюни марказии интихобот гуфтанд, вай имзои заруриро ҷамъ оварда натавонист. Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон интихоботи президентиро бойкот ё таҳрим карда, натиҷаҳояшро напазируфт.

Фаромуз Иргашев
Фаромуз Иргашев

Ҳуқуқшиноси 30-сола Фаромуз Иргашев, ки дар як иқдоми ғайримунтазира хост, номзади президентӣ шавад, ба интихобот роҳ наёфт. Мақомот дар Тоҷикистон мегӯянд, бояд номзад аз тарафи ҳизбҳои сиёсӣ, Иттифоқи ҷавонону касаба ва Шӯрои ҷамъиятӣ пешниҳод шаванд.

Дафтари Ниҳодҳои Демократӣ ва Ҳуқуқи Инсон дар тавсияҳои худ хостааст, "ба қонун "Дар бораи интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон" бояд тағйиру иловаҳо ворид карда шуда, ба номзадҳои худпешбар барои иштирок дар интихобот иҷозат дода шавад... Шумораи зарурии имзоҳо барои тарафдорӣ бояд кам карда шавад."

Ин созмон дар умум ба ҳукумати Тоҷикистон барои ислоҳи тарзи баргузории интихобот 12 тавсия додааст, ки ташкили Феҳристи интихобкунандагон ва дахлу харҷи маъракаи интихоботӣ ва кафолати озодии баёнро низ дарбар мегирад.

"Тавсия аст, вале пазируфтанаш ба зарар нест"

Шокирҷон Ҳакимов, доктори илми ҳуқуқ, мегӯяд, ин пешниҳодҳо хусусияти тавсиявӣ дошта, иҷрояшон бештар ба иродаи сиёсии мақомот вобаста аст: "Дар ҳар сурат, мувофиқи мақсад мебуд, ҳукумат ва ё вакилон ҷиҳати такмили қонунгузорӣ пешниҳодҳоро дар шакли қонун мавриди амал қарор медоданд. Ин, албатта, боис ба соҳибэҳтиром гардидани раҳбарияти сиёсӣ ва давлати Тоҷикистон миёни кишварҳои хориҷӣ шуда, ҳамзамон ба беҳтар шудани заминаҳои ҳуқуқии рақобати солим ва демократӣ сабаб мегардид."

Аммо бори авал нест, ки Дафтари Ниҳодҳои Демократӣ ва Ҳуқуқи Инсон барои беҳбуди шароити баргузории интихобот ба мақомоти Тоҷикистон машварат медиҳад.

Шокирҷон Ҳакимов
Шокирҷон Ҳакимов

"Аз лаҳзаи истиқлол узви САҲА ҳастем ва қаблан низ пешниҳодҳо барои такмили қонунгузорӣ гуфта мешуд, вале қисми маҳдуди онҳо пазируфта, боқимонда инкор мешуд. Ин ба манфиати кор набуд. Тоҷикистон агар хоҳад, ки сармояи хориҷӣ бештар ҷалб гардад, ки яке аз шартҳояш шаффофияти давлат ва иваз шудани қудрат мебошад, ба ин гуна пешниҳодҳо бояд ҷиддитар вокуниш нишон диҳад", -- афзуд Шокирҷон Ҳакимов.

Созмонҳои нозири хориҷӣ, аз ҷумла Дафтари Ниҳодҳои Демократӣ ва Ҳуқуқи Инсон (ODIHR), то кунун ҳеч яке аз интихоботҳои Тоҷикистонро бидуни тақаллуб, шаффоф ва мутобиқ ба меъёрҳои демократӣ эътироф накардаанд. Аммо бархилофи он Тоҷикистон ва шарикони пасошӯравияш ҳамеша интихоботҳоро шаффофу бидуни қонушиканӣ номидаанд.

Эмомалӣ Раҳмон аз соли 1992 боз дар қудрат аст. Ду соли аввал раиси Шӯрои олӣ буд ва аз соли 1994 то ҳоло раиси ҷумҳури Тоҷикистон аст. Мухолифон ӯро барои саркӯби дигарандешону иқтисоди заиф ва маҳдудиятҳои озодии баёну виҷдон танқид мекунанд, аммо ҷонибдоронаш пайваста барои хатми ҷанги дохилӣ ва сохтмони роҳҳову нирӯгоҳҳои бузург ситоиш мекунанд.

XS
SM
MD
LG