Президенти Қирғизистон гуфт, беш аз 50 дарсади марзро бо Тоҷикистон мувофиқа кардаанд

Содир Ҷабборов (Содир Жапаров), раиси ҷумҳурии Қирғизистон

Президенти Қирғизистон Содир Ҷабборов (Содир Жапаров) мегӯяд, дар мавриди таъйини беш аз 50 дарсади марз бо Тоҷикистон созиш ҳосил шудааст.

Вай 30-юми август дар мулоқот бо сафирони кишварҳои хориҷӣ ва намояндагони созмонҳои байналмилалӣ, ки бахшида ба 30-юмин солгарди истиқлоли давлатии Қирғизистон дар Бишкек баргузор шуд, гуфт, "ҳукуматҳои Тоҷикистону Қирғизистон барои ҳалли масъалаҳои марзӣ бояд тасмими сиёсӣ гирифта, гуфтугӯро дар асоси меъёрҳои эҳтироми ҳамдигар идома диҳанд".

Ҷабборов ҳамчунин изҳор доштааст, ки мехоҳад Узбекистон, Тоҷикистон ва Туркманистонро дар ҳайати Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё (ЕАЭС) бинад.

Пештар вазири корҳои хориҷии Қирғизистон Руслан Қазоқбоев дар суҳбат бо РИА Новостӣ гуфта буд, бо вуҷуди кӯшишҳо барои анҷоми таъину нишонагузории сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон, суҳбат кардан дар бораи поёни баҳсҳо барвақт аст.

Ба гуфтаи ӯ, яке аз роҳи ҳалҳо метавонад, қарори муштарак дар бораи "аз қаламравҳои баҳсӣ даст кашидани ҳарду тараф ва ҷустуҷӯи муомилаҳои нав" бошад.

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ҳанӯз дар ин замина изҳори назар накардааст. Ҷониби Тоҷикистон дар гузашта гуфтааст, дар баҳси марзӣ шитоб набояд кард ва аъзои Комиссияи байнидавлатӣ корро пеш мебаранд.

Тоҷикистон бо Қирғизистон 970-980 километр марзи муштарак дорад, ки аз ин танҳо 519 километр мушаххас ва аломатгузорӣ шудааст. Ҳамасола дар минтақаҳои баҳсии марзи ду кишвар бо сабабҳои гуногун муноқиша сар мезанад.

Матолиби бештар дар бораи сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон:

Вазири корҳои хориҷии Қирғизистон як роҳи ҳалро барои баҳси марзӣ бо Тоҷикистон пешниҳод кард. ВИДЕО"Головной" дубора мавзӯи баҳс мешавад? Нигарониҳо аз хандақҳои ду тарафи об. ВИДЕОБаъди се моҳи задухӯрд. Амалиёти нерӯҳои Қирғизистон дар сарҳад бо Тоҷикистон. АКСРаиси Кумита: Тоҷикистону Қирғизистон "замин иваз накарданд". ВИДЕОСарбози боздоштшудаи Қирғизистон дар Деваштич раҳо шуд. Бишкек тасдиқ кард, вале даъвоҳо тағйир наёфт. ВИДЕО  "Зиндагӣ дар Ворух". Филми мустанади Радиои Озодӣ. ВИДЕОПрезиденти Қирғизистон дар Душанбе: "Ҳодисаҳои ахир дар марз барои мо санҷиши хеле вазнин буд"