Намояндагони ҳукумати ноҳияи Деваштич (Ғончӣ) дар вилояти Суғд пас аз тақрибан як ҳафтаи тирпарронӣ дар сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон, ки боис ба марги як нафар шуд, ҷузъиёти ҳодисаро гуфтанд. Пештар Тоҷикистон сарбозони кишвари ҳамсояро ба ғайриқонунӣ гузаштани марз ва тиркушоӣ гунаҳкор карданд. Тарафи Қирғизистон ҳодисаро “ҳамла” ба сарбозонаш номид.
Ашӯралӣ Ҷалилзода, раиси ноҳияи Деваштич, 13-уми июл гуфт, дар ин ҳодиса як марзбони Қирғизистон дастгир шуда, пас аз муддате раҳо гардид.
"Аз ташхис гузаронда, нишон додем, ки ягон кас ӯро назадааст ва ҳеч осеб надорад. Чунки ин ба муносибати ду давлат таъсир мегузорад. Мутахассисон ба санад имзо гузоштанд ва масъулони кишвари ҳамсоя гирифта рафтанд”, -- афзуд ӯ.
Хадамоти марзбонии Қирғизистон низ озодии сарҳадбонашро тасдиқ кард. Аз ӯ прапоршик З.Умаров ном бурда, сиҳатиашро қаноатбахш донистанд. Ба навиштаи бахши қирғизии Радиои Озодӣ, ҷониби Тоҷикистон инчунин се аспи хидматиро бо муҳиммоти ҷангиаш баргардондааст.
Дар як тирпарронӣ пас аз зуҳри 8-уми июл дар сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон ду марзбони кишвари Қирғизистон захмӣ шуда буданд. Нерӯҳои марзбонии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон дар эъломияе гуфт, тирпарронӣ пас аз он оғоз шуд, ки чаҳор сарҳадбони Қирғизистон "бо либоси омехтаи мулкиву ҳарбӣ ва силоҳи оташфишони АК" сарҳади Тоҷикистонро дар минтақаи Росровути ноҳияи Деваштичи вилояти Суғд "ғайриқонунӣ гузаштанд". Вале мақомоти Қирғизистон ҳодисаро "ҳамлаи ногаҳонӣ" ба нерӯҳои “Дастаи марзбонҳои аспсавор” номиданд.
Гузориши видеоӣ дар инҷост:
Дар изҳороти тарафи Тоҷикистон гуфта мешавад "номбурдагон мақсад доштанд, ки аз ҳудуди Тоҷикистон 9 аспи сокинони ноҳияи Деваштичро ба қаламрави Ҷумҳурии Қирғизистон интиқол диҳанд", аммо тарафи Қирғизистон дар эъломияи худ мегӯяд, "ҳайати савораи марзбонӣ, ки дар наздикии ағбаи Чашмагилдони ноҳияи Лаклаки вилояти Бодканд вазифаи худро дар дидбонии хатти марз анҷом медод, аз тарафи марзбонони Тоҷикистон ҳадафи ҳамла қарор гирифт."
Ашӯралӣ Ҷалилзода, раиси ноҳияи Деваштич, дар ин маврид гуфт: “Аспҳо ба хоҷагии деҳқонии “Назар” тааллуқ доштанд. Моли ҷониби Тоҷикистон. Нӯҳ аспро гирифта истода буданд ва аллакай чаҳор сар аспро ба ҷониби Қирғизистон гузаронида буданд. Баъд аз гуфтушунид аспҳоро баргардонданд”.
Ноҳияи Деваштичи вилояти Суғд бо ноҳияи Лаклаки вилояти Бодканд 62 километр марз дорад ва ба гуфтаи масъулони мақомоти маҳаллӣ феълан вазъият дар сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон “муътадил аст”.
Дарозии марзи Қирғизистон бо Тоҷикистон 970-980 километрро ташкил медиҳад, ки аз он то имрӯз танҳо 519 километри он муайян ва нишонагузорӣ шудааст. Пас аз мулоқоти президенти Қирғизистон Содир Ҷабборов (Содир Жапаров) ва президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон маълум шуд, ки 32 километри дигар бо тартиби корӣ аниқ карда шуданд.
Нишонагузорӣ нашудани бахши дигари сарҳад солҳо боз ба яке аз мушкили ҷиддии миёни ду ҳамсоя табдил шудааст. Рӯзҳои 28 ва 29-уми апрел дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон низоъ сар зад ва дар он муноқиша дар марзи вилояти Суғд ва Бодканд аз ду тараф беш аз 50 кас кушта ва зиёда аз 200 нафар маҷруҳ шуданд.