Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раиси Кумита: Тоҷикистону Қирғизистон "замин иваз накарданд". ВИДЕО


Ориф Хоҷазода, Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Тоҷикистон
Ориф Хоҷазода, Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Тоҷикистон

Раиси Кумитаи идораи замини Тоҷикистон гуфт, Душанбеву Бишкек дар робита ба нишонагузории марз табодули замин анҷом надоданд. Ориф Хоҷазода, ки узви гуруҳи аломатгузории марз бо Қирғизистон аст, рӯзи 21-уми июл дар ҳузури хабарнигорон гуфт, "ивази замин нашудааст."

Нишонагузории марзи Тоҷикистону Қирғизистон яке аз мушкилҳои асосӣ дар равобити ду кишвар мебошад. Бар сари минтақаҳои номуайян дар марз гоҳ-гоҳ задухӯрд ба амал меояд ва то кунун боиси куштаву захмӣ шудани даҳҳо нафар аз ду тараф шудааст.

Ориф Хоҷазода, раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва оби Тоҷикистон, рӯзи 21-уми июл гуфт, баъд аз моҳи майи имсол гуруҳҳои топографии ду кишвар се вохӯрӣ гузаронда, "давоми хатти сарҳади [ҳанӯз] нонавишта"-ро баррасӣ кардаанд.

Раиси Кумитаи замин бе додани шарҳи бештар танҳо гуфт, "вохӯрӣ дар сатҳи зарурӣ баргузор шуд, якдигарфаҳмӣ ҳаст, нисбат ба корҳои иҷрогардида мо протокол ба имзо расондем."

На Тоҷикистон ва на Қирғизистон то ҳол ҷузъиёти созиши гуруҳҳои топографиро нашр накарданд. Аммо санаде, ки дар вилояти Бодканд миёни ду ҷониб имзо шуд, дар Қирғизистон баҳсҳои зиёдро ба бор оварда буд.

Гузориши видеоиро дар инҷо бинед:

Раиси Кумита: Тоҷикистону Қирғизистон "замин иваз накарданд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:42 0:00

Ориф Хоҷазода ба суолҳои батакрори хабарнигори Радиои Озодӣ дар бораи нишонагузории марз бо Қирғизистон гуфт, бар пояи созишҳо, бояд роҳбарони комиссияҳои аломатгузорӣ бо ризоияти ҳамдигар дар ин бора суҳбат кунанд. Аз ин рӯ, гуфт Ориф Хоҷазода, маълумоти бештарро танҳо аз онҳо мешавад гирифт.

Як соли ахир масъалаи аломатгузории марзи Тоҷикистону Қирғизистонро роҳбарони кумитаҳои амнияти миллии ду кишвар роҳбарӣ мекунанд.

Тоҷикистону Қирғизистон 970 километр марз доранд ва то ин дам 519 километри онро таъину аломатгузорӣ кардаанд. Ду кишвар сари минтақаҳои боқимонда ба натиҷа нарасидаанд.

Нишонагузории марз баъд аз даргириҳои охири моҳи апрел масъалаи асосии муносибатҳои Душанбе ва Бишкек шуд. Он мавзуи гуфтугӯи Содир Ҷабборов (Содир Жапаров) ва Эмомалӣ Раҳмон дар рӯзи 29-уми июн дар Душанбе буд, ҳарчанд роҳбарони ду кишвар баъд аз шаш соати гуфтугӯ аз натиҷае дар ин замина хабар надоданд.

Дар изҳороти якҷояи роҳбарони ду кишвар танҳо гуфта мешуд, ки аломатгузорӣ дар марз дар “чаҳорчӯби Комиссияи байниҳукуматӣ” ва бо “дарназардошти манфиатҳои ду кишвар... ва роҳҳои осоишта ва усулҳои сиёсию дипломатӣ ҳал карда шавад”. Дар ин изҳорот ҷонибҳо “зарур шумурдаанд”, ки кори ҳайатҳои байниҳукуматиро дар ин самт “ҷоннок” кунанд.

XS
SM
MD
LG