Хадамоти марзбонии Қирғизистон рӯзи 3-юми август аз оғози амалиёти нерӯҳои қудратӣ ва мақомоти маҳаллӣ дар Бодканд, ҳаммарз бо Исфараи Тоҷикистон, хабар дод. Сокинони чанд деҳаи Исфара тасдиқ карданд, ки садои тирпаррониро мешунаванд, аммо мақомоти Тоҷикистон расман чизе нагуфтаанд.
Амалиёте, ки мақомоти Қирғизистон “муштараку вижа” номиданд, баъди бештар аз се моҳи задухӯрди мусаллаҳона дар сарҳад, ки аз ду ҷониб даҳҳо куштаву захмӣ бар ҷой гузошт, баргузор мешавад.
Хадамоти марзбонии Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон рӯзи сешанбе дар иттилоияи расмӣ ҳадафи амалиётро “ҷилавгирӣ аз қочоқи молу маҳсулот” номид. Ба хабари манбаъ, дар амалиёт нерӯҳои амниятӣ, мақомоти маҳаллӣ ва сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ иштирок доранд.
Мақомоти Тоҷикистон ҳанӯз ба таври расмӣ аз баргузории амалиёти густардаи Қирғизистон дар мавзеъҳои наздик ба минтақаҳои наздисарҳадӣ изҳори назар накардаанд.
Аммо чанд сокини Исфараи вилояти Суғд гуфтанд, ду рӯз боз дар мавзеи Самарқандаки Бодканд машқи низомӣ шуруъ шудааст ва садои тирпарронӣ шунида мешавад. Ба иттилои сокинон, дар ин машқҳо афроди мулкӣ ҳам ширкат доранд.
Шукрулло Насриев, раиси ҷамоати Чоркӯҳ, рӯзи 3-юми август ба Радиои Озодӣ гуфт, “маҳалли машқи низомӣ наздик ба деҳаҳои Тоҷикистон аст. Бояд онро дарунтар, дар ҷойи амнтар, баргузор мекарданд."
Нодира Авезова, зани фаъол дар деҳаи Хоҷаи Аълои Исфара, 3-юми август ба Радиои Озодӣ гуфт, “азбаски дар гузашта раиси маҳалла будам, занҳо ба ман занг мезананд, ки садои тир аз куҷо меояд? Ба сарҳадбонҳои тоҷик дар тамос шудам, онҳо гуфтанд, дар деҳаи ҳамсоя машқи тирпарронӣ мегузарад, ташвиш нашавед.”
Дар зимн, як мақоми нерӯҳои сарҳадбонӣ бо шарти зикр накардани номаш гуфт, ҷониби Тоҷикистон ҳам барои баргузории машқи ҳарбӣ омодагӣ дорад ва мумкин аст дар шаҳри Конибодом гузарад.
Ин машқи нахустини Қирғизистон дар мавзеи сарҳадӣ бо Тоҷикистон нест. Ин кишвар моҳи марти имсол бо ворид кардани даҳҳо техникаи низомӣ дар Бодканд размоиши густарда анҷом дода буд.
Дар он тамрин кормандони мақомоти маҳаллӣ, Вазорати корҳои дохилӣ, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, Вазорати ҳолатҳои фавқулода ва Вазорати тандурустии Қирғизистон иштирок доштанд. Тамрини низомӣ ҳудуди ду ҳазор нафарро фаро гирифта, дар он 100 нақлиёти низомӣ, даҳ ҳавопаймои ҷангӣ ва ҳудуди 20 тӯпхона истифода шуда буд.
Ин машқҳо дар замоне баргузор мешаванд, ки баҳсҳо миёни сокинон ва мақомоти ду кишвар бар сари таъину нишонагузории марз борҳо ба хушунату хунрезӣ печидааст.
Як коршиноси тоҷик, ки бо далели ҳассос будани мавзуъ нахост, аз ӯ ном барем, гуфт, “ҳодисаҳои чанд соли охир нишон дод, ки вазъ дар марзи ду кишвар буғранҷ мондааст. Бояд ҷонибҳо аз эҳтиёт кор бигиранд, то барои сар задани низои бузургтар “дастак” надиҳанд”.
Дарозии марзи Тоҷикистону Қирғизистон 970-980 километрро ташкил медиҳад, ки аз он то имрӯз танҳо 519 километр муайян ва нишонагузорӣ шудаасту бас. Минтақаҳои дигари баҳсӣ, ки аз обу замину чарогоҳ иборатанд, ҳар чанд вақт сабаби занозаниву тирпарронии сокинон ва нерӯҳои ду кишвар мешаванд.
Пас аз як чунин задухӯрд дар рӯзҳои 28 ва 29-уми апрели имсол муносибати ду кишвар ба сардӣ печид. Бино ба иттилои мақомоти Тоҷикистон, дар ин муноқиша 19 нафар кушта, 87 каси дигар захмӣ шуданд. Қирғизистон аз кушта шудани 36 нафар ва маҷруҳ шудани 189 нафар дар ин даргириҳо хабар дод.